Зеҳн
Драмаи «Говгум»

Алексей Дударев яке аз драмнависони машҳури шўравӣ ва имрўз аст, ки тавассути дарку баёни дилраси мавзўъҳои мубрами замон маҳбуби хонандагони китобу бинандагони театр шудааст. Асарҳои ўро бисёр театрҳои ҷаҳон рўи саҳна овардаанд. Аз ҷумла, ду пйесааш дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобин шудааст.

Китобдор · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Ба сари миз мешинанд.

Пур кун… Ана, ҳамин хел. Барои ид нўшидем, барои рўзгори нав дар Қабристонҷо… Нома бину… Бидав, Леонов, назди раиси ҷамоату номгардонаш кун, бигзор, Леоновободаш ном монанд! Чӣ хел фароғатгоҳ будааст, ки аз шунидани номаш дар бадани одам мурғак медамад? Чӣ гуфтанӣ будам ман… Ҳа, агар қисмат одамро аз чизе маҳрум кунад, дар ивазаш ҳатман ба ў… чизи дигаре медиҳад. Агар биноият заиф бошад, шунавоиат бақувват аст, шунавоиат бад бошад, биноият хуб аст. Безеб бошӣ, зўрӣ… Зўр набошӣ, баақлӣ… Агар на ҳусн дошта бошиву на ақлу на қувват, қисмат… зане медиҳадат беҳамто. Барои ту, Мария…

Леонов. Чӣ ҳарза гуфта истодаӣ ту?

Старсев. Нафорад, нашунав… Мардаки хубӣ, Коля…

Ҳурматат мекунам, лекин… Барои чӣ, дар ивази кадом хидматҳоят

Машаро соҳиб шудаӣ ту? Ва - барои чӣ?... барои чӣ ўро дўст медорӣ ту, Маша?

Мария. Дўст медорам.

Старсев. Ана, дидӣ? Бино бар ин, таклиф дорам, ки барои ҳамон зани зебову меҳрубону дилсоф якқадаҳӣ бинўшем… Барои ту, Маша… Ман, даҳ сол шуд… ҳа, маро ислоҳ карда истодаанд – дувоздаҳ сол шуд, ки туро назора дорам… Чӣ илоҷ, ки ҳамин хел аст… Дил додаам ба ту… Зебоӣ ту, бисёр зебо… Ва, ҳар қадар, ки пиртар шавӣ, ҳуснат бештар мешавад… Ту намебудӣ… ман кайҳо мурда мерафтам ин зиндагӣ қатӣ… Ин… шўи ту… бошад, аз ким-куҷо чақ-чақ дорад! Ман ҳозир пешат ба зону мезанам, ана, ҳамин қадаҳро то охир менўшам ва атри фарангӣ тўҳфаат мекунам…

Аз паси миз мебарояд, ба зону мезанад ва қадаҳашро менўшад.

Мария, наздаш омада, аз пешониаш мебўсад.

Мария. Ташаккур.

Старсев. Ман хабаргириатон меоям. Агар Микола иҷозат фармояд…

Мария. Биё…

Старсев. Ту, Леонов, рашк намекунӣ, агар ман биёям?

Леонов. Не, якбора мекушамату ҷон халос!

София. Салат мехоҳӣ, дада?

Леонов. Ташаккур…

София. Пагоҳ соати чанд мошин фиристам?

Леонов. Автобўс қатӣ меравем.

София. Ана, ин рафторат тамоман пионерона, дада. Соати чанд мошин фиристам, оча? Баъзе чизҳоро бурдан лозим, охир…

Мария. Саҳартар. Мо барвақт мехезем…

София. Соати нўҳ мешавад?

Мария. Мешавад.

Старсев. Ҳама кори дунё - дар дасти зан… Осиро шайхи пок мекунаду шайхи покро - осӣ…

Садои телефон. София телефонашро мебардорад.

София. Лаббай… Ҳелло, мистер Дан! Хав а ю? Айм вери вел… Ес… Ноу… Окей… Айм ливин ноу… Бай-бай… (Телефонро баҷо мекунад). Очаҷон, дадаҷон, узр. Ман таъҷилан дусоата бояд як ҷо рафта биёям. Кори хеле зарур аст.

Мария. Ба пагоҳ мон ҳамон коратро…

София. Корҳое ҳаст, очаҷон, ки ба пагоҳ монда намешавад…

Боз ҳам узр…

Леонов. Данкаро мон, ҳамроҳи мо бошад.

София. Албатта… Пагоҳ омада мебарамаш.

Старсев. Ман ҳам равам, мешавад. Шумо тарафи марказ меравед?

София. Бале.

Старсев. Ҷавонмарди собиқро то манзилаш намебаред?

София. Гап нест… Фақат зудтар бошед, ки сахт шитоб дорам.

Старсев (назди Леонов омада). Алвидоъ, Леонов…

Леонов. Алвидоъ…

Старсев. Дилро бақувват гир… Худро бой нате… Ягон гап шуд, таклифи маро фаромўш накун - ансамбли рақсу суруд ташкил мекунем… Занатро бибўсам, майлаш?

Леонов. Аз худаш пурс.

Старсев (назди Мария омада). Алвидоъ, Мария… Як умр ҷароҳатҳои дигаронро баставу даво кардӣ… Шукронаат…

(Дастонашро бўсида бошитоб меравад.)

София. То дидан, дада…

Леонов. То дидан.

София. Пагоҳ омада, гуселатон мекунам.

Леонов. Хуб…

София. Шояд ҳамин рўз баргардам.

Леонов. Лозим не…

София. Барои сӣ ин қадар зиқӣ, дада?

Леонов. Монда шудаам.

Мария. Дароз каш… дам гир. Сонияро ман гусел мекунам.

Мария ва София берун мешаванд. Леонов, чанде беҳаракат истода, чашм аз як нуқта намеканад. Баъд, назди патефон рафта, куртаашро иваз мекунад. Марш садо медиҳад. Аз ҷевон гимнастёркаи афсариашро гирифта мепўшад. Ба нишони гвардиячӣ ва нишонаҳои захмдорӣ, ки дар он ҳувайдост, менигараду дилашро дошта, рўи кат мешинад.

Леонов. Данка-а-а… Данка-а-а…

Данка (аз ошхона мебарояд). Бобоҷон, ман хоб дорам…

Леонов. Пешам биё…

Данка меояд. Леонов, ўро оғўш кардаву ба сари синааш фишурда, як меларзаду чашмонашро мепўшад. Марш садо медиҳад. Бобо ва набераи сари зонуи ў гўё хобидаанд. Мария медарояд.

Мария. Рафтанд… Хона якбора дилгиру тира шуд… Як чароғи хонаи мо фурўзон асту халос… чун чароғи ҷарроҳихонаи бемористон… Чӣ қарта мондӣ ту? Аз ҳамин маршҳо безор нашудаӣ ҳоло ҳам? Ҳозир танго мемонам ва ту маро ба рақс даъват мекунӣ… То мурғфарёд мерақсем… Ёд дорӣ? Бачаҳо табрик карданду миз оростанд, комбат тамоми шаб заминкану патефонашро, ки ҳамагӣ як қарта дошт, дар ихтиёри мо монд. Ёд дорӣ? Ману ту то саҳар рақсидем. Ту боадабона аз миёнам доштаву дар бехи гўшам нафас мекашидӣ. Нафас мекашидиву нафас мекашидӣ… ҳозир мебўсад, мегуфтам, ҳозир мебўсад… лекин ту… набўсидӣ… Духтарҳои санбата гуфтам, ки ҳамон шаб ба ман даст нарасондӣ, бовар накарданд… Тамоми шаб рақсидем… Худоё, чӣ хел дур аст он замон… Ва чӣ хел наздик… Ман тамоми умр мадҳуши ту будам… Коляҷон… Коляҷон… Коляҷон…

Саҳна торик мешавад.

пешина
аз 9