Зеҳн
Драмаи «Говгум»

Алексей Дударев яке аз драмнависони машҳури шўравӣ ва имрўз аст, ки тавассути дарку баёни дилраси мавзўъҳои мубрами замон маҳбуби хонандагони китобу бинандагони театр шудааст. Асарҳои ўро бисёр театрҳои ҷаҳон рўи саҳна овардаанд. Аз ҷумла, ду пйесааш дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобин шудааст.

Китобдор · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

СОФИЯ. Оча… Ин хел… ранги рўят кандааст…

МАРИЯ. Данкаҷон… Ҷонакам… Калонакак шудаӣ-а. Биё, бибўсамат, ҷонам.

СОФИЯ. Мо аз литсей меоем. Дар роҳ, момаашро ёд кард, як даромада хабар гирем гуфт…

МАРИЯ. Нағз кардед, ки омадед… Бисёр нағз кардед… фақат… чизе нест, ки меҳмондориат кунам, ҷонакам…

СОФИЯ. Ҳамааш ҳаст, очаҷон. Падарам куҷост?

МАРИЯ. Аз пайи корҳояш рафт, ҳамин замон меояд.

СТАРСЕВ. Иҷозат диҳед, худро муаррифӣ кунам: Старсев - полковники мустаъфӣ ва қаринтарин ҳамсояи волидайнатон дар

Хонаи Қаҳрамонон. Воқеан, бандаро низ, чун азизони шумо, барои хизматҳои хоса ба Ватан аз ин ҷо маскан додаанд.

СОФИЯ. Хеле хуб. Ман - Сония. Ин - писари ман. Ку, номатро ба бобот бигў.

ДАНКА. Данка.

СТАРСЕВ. Ифтихормандам, ки бо шумо ошно шудам. Ба саломи арбоби ҷавони санъат расидан боиси ифтихори банда аст.

(Ба Сония.) Назди модаратон даромадам, ки каме пул қарз бигирам.

Камина касалам, касалам аз боду ҳаво вобаста аст ва имрўз, ки ҳавои атмосфера нокофист, организмам ба табобати махсус ниёз дорад.

СОФИЯ. Магар дар ин ҷо ҷои табобат нест?

СТАРСЕВ. Ҷои табобат ҳаст, дору нест.

МАРИЯ. Ноомади кора бин, ки пулҳои ману падарат ҳам тамом шудааст.

СОФИЯ. Эҳ, худое… (ҳамён мебарорад.) Ман фақат доллар дорам.

СТАРСЕВ. Бо қимати Бонки миллӣ бармегардонам.

СОФИЯ. (Пулеро дароз мекунад.) Марҳамат.

СТАРСЕВ. Аз ҳад зиёд ин…

СОФИЯ. Майда надорам.

СТАРСЕВ. Ман ҳатман бармегардонам. Бо ҳамин, иҷоза диҳед, шуморо эҳтиромона тарк гўям, яъне, ба мулоқоти самимонаатон бо модар халал нарасонам. (Пошнаҳояшро ба замин мезанад.) Хуш бошед!

Меравад.

СОФИЯ. Ин қадар хушрафтору адабгуфтор!

МАРИЯ. Одами хуб аст Старсев.

СОФИЯ. Ту дар бораи ягон кас ақаллан ягон бор гапи дигар гуфтаӣ, оча? Барои ту ҳама хубанд.

МАРИЯ. Не, ҳама не…

СОФИЯ. Э, ҳа, имперялизми байналхалқӣ бад аст…

МАРИЯ. Бас кун!

СОФИЯ. Бас кардам…

МАРИЯ. Беҳтараш, бигў, ки худат чӣ ҳол дорӣ, дар зиндагиат чӣ навигарист? Шў-ку накардаӣ?

СОФИЯ. Не, шў накардаам. Данка, бирав, дар боғ бозӣ кун.

Шофирро бигў, ки баъди як соат биёяд.

ДАНКА. Хуб. (Меравад.)

МАРИЯ. Аллакай шофир ҳам дорӣ?

СОФИЯ. Дорам.

МАРИЯ. Падарат боз хафа мешавад.

СОФИЯ. Оча! Туву падарам ба ман ростқавлӣ ёд додед.

Мегуфтед, ки талх ҳам бошад, росташро бигўям… Шў накардаам, оча. Вале хонаи панҷҳуҷрагӣ дорам, мошину шофири шахсӣ дорам,

Данка дар литсейи хусусии мусиқӣ мехонад, ҳар ҳафта чор соат худи

Праташик дарсаш медиҳад.

МАРИЯ. Праташик? Ҳамон оҳангсози машҳур?!

СОФИЯ. Худи худаш.

МАРИЯ. Тамоми умр орзу доштам, ки бо ў шинос шавам. Чӣ хел сурудҳо менавишт! (Кўшиши сурудан мекунад.) «Парчами алвон, ҳастӣ парафшон…» Данка, аз афти кор, хуб баистеъдод аст, артисти халқӣ ки устодаш бошад…

СОФИЯ. Халқиро пули хуб бидиҳӣ, сабақ додан мегирад…

Фаромўш кардам, оча - дар Бонки Швейсария ҳисоби шахсӣ кушодам…

МАРИЯ. Бас кун…

СОФИЯ. Ва ҳамаи ин на дуздӣ асту на мерос. Ҳамааш заҳмати худам аст, оча… Заҳмати ақлам, рўҳам, танам…

МАРИЯ. Чӣ ин қадар асабӣ мешавӣ?

СОФИЯ. Илтимос, як пиёла қаҳва деҳ, оча…

МАРИЯ. Чӣ? Қаҳва? Мо худ ин ҷо чизе тайёр намекунем…

Ҳамин замон вақти хўроки чошт мешавад, пешхидматро мегўям, барои туву Данка ҳам хўрок меорад. Хўроки ин ҷо - хоксорона, лекин барои ману падарат мешавад…

София, телефони ҷайбиашро бароварда, рақам мечинад.

СОФИЯ. (Бо телефон). Толик, дар куҷоӣ ту? Назди гузаргоҳ?

Баргард… Аз бар қаҳва, шоколад… ба фикрам, ликёр ҳам буд… бигир… Икра ҳам гирӣ, майлат. Ба Данка бидеҳ, меорад. Худат бирав. Хўрок хўру баъди як соат биё. Ягон чизи таъҷилӣ шуд, занг мезанам. (Телефонро баҷо мекунад). Ҳозир, очаҷон, қаҳваю шоколад мехўрем… Ба ёдат ҳаст, як вақтҳо, ид ки мешуд, ҳарсеямон - ману туву падарам сари мизи ороста менишастем. Одатан, саҳари барвақт. Радио мусиқии шўх мешунавонд, кўча - пури суруду садоҳои хушҳолона, оркестр менавохт, телевизор парад нишон медод… ва мо… қаҳваю шоколад мехўрдем. Ту махсус барои қаҳваю шоколади идона пул ҷамъ мекардӣ. Ман, ба ту менигаристаму худоро зорӣ мекардам, ки калон шавам, чун ту хушрў бошам…

МАРИЯ. Куҷо телефон кардӣ?

СОФИЯ. Чӣ?

МАРИЯ. Ба кӣ занг задӣ?

СОФИЯ. Ба мошинам… Ҳозир Данка қаҳваю хўрданӣ меорад.

Ликёр менўшем. Пагоҳ ба дасти шофирам ҳар гуна шарбату конфету печениҳо мефиристам.

МАРИЯ. Падарат фаҳмад, ҷанҷол мекунад. Гуфт, ки аз ту чизе нагирам.

СОФИЯ. Оча, ту ягон зарра ҷуръат дорӣ?

МАРИЯ. Ман шў дорам, Сония…

СОФИЯ. Обҷўшонак куҷост?

Мария обҷўшонакро медиҳад. Данка, лифофаи бузургу зебои пуранво меорад. Мизро меороянд. момаат ягон чиз бинавоз.

МАРИЯ (ба Данка). Очаат гуфт, ки мутриб шудаӣ. Ку, барои

ДАНКА. Маэстро берун аз аудитория навохтанро манъ кардааст.

СОФИЯ. Ҳеҷ гап не, як бор мумкин. Бинавоз ягон чиз барои момаат. Оча, ман - дар ошхона. (Меравад.)

Данка боэҳтиёт ғиҷакро бароварда ҷўр мекунад ва паст-паст менавозад. Мария гўш медиҳад. Леонов меояд. Пеши борониаш кушода, дар дасташ - байрақи печонида.

ЛЕОНОВ. Саломҳо ва эҳтиромҳо!

МАРИЯ. Хайр, чӣ шуд?

ЛЕОНОВ. Пичӣ шуд!

МАРИЯ. Боз нўшидӣ-чӣ?

ЛЕОНОВ. Як истаконак. Ҳамту рехтаму халос.

МАРИЯ. Дилат чӣ мешавад, дилат?

ЛЕОНОВ. Баъди идҳо мекўчонанд.

МАРИЯ. Ба куҷо?

ЛЕОНОВ. Ҳар киро ба ҳар ҷо… Ману туро, ҳамчун хизматнишондодатарҳо, ба пансионат… ба худи Қабристонҷо… нома бин-а, Қабристонҷо… ҳуҷраяке медиҳанд, телевизор дорад, японӣ… Старсевро ба хонаи ветеранҳои саҳна. Боқӣ - ҳар киву ҳар куҷо… Ба хонаҳои барҷомондаҳо…

МАРИЯ. Хонаи Қаҳрамонон чӣ мешавад?

ЛЕОНОВ. Ҷавлонгоҳи онҳо мешавад…

МАРИЯ. Киҳоянд онҳо?

ЛЕОНОВ. Онҳо! Ҳамонҳое, ки волидайну хоҳарони туро, барои гуноҳи кабираи яҳудӣ ба дунё омаданашон, тўъмаи оташ карда буданд. Ҳамонҳое, ки қариб ними мардуми моро овехтанду парронданд. Акнун ин хона хонаи онҳост, ин боғ боғи онҳост, ин хок хоки онҳост… Консулхона мешавад ин ҷо. Солҳои ҷанг полисхона буд, акнун консулхона мешавад. Худоё! Муқаддас ҷоест, охир, ин ҷо… Худи доҳӣ ду ҳафта ин ҷо зистааст… Рў-рўи ана, ҳамин фарш, ана, ҳамин зинаҳо, қадам мондааст… Ана, аз ҳамин тиреза ба боғ нигаристааст. Дар бораи оянда фикр кардааст… Ва, ана он оянда…

Ҳамаро вайрон карданд, нобуд карданд, таҳқир карданд… Ақаллан қасди ҳамин дару девори муқаддас намекарданд… Чӣ шуҳратманд одамонеро ба манзили охират гуселонидааст ин макон… Чӣ диловаронеро, ки ҳама буду набудашонро ба халқу давлат додаву худ чизе набурдаанд… (Даст рўи ордену медалҳояш мемонад). Ана… ҳамаи зиндагӣ ва кулли дороии мо…

МАРИЯ Ором шав, нахўр ин қадар худатро… Бин, Данкаву

Сонияҷон омадаанд. Мешунавӣ, Данка менавозад…

ЛЕОНОВ. Дар пеши қаср, зери ин байрақ, ба зону зада будам, ки ду бўзбала давида омаданд: «Хез! Мукофотҳоятро беобрў накун!»

Ман-а?.. Ман… мукофотҳоро беобрў мекардаам… Нишонҳои сари синаам намебуд, аҷаб не, чанд калтак ҳам мезаданд…

МАРИЯ. Сазоят…

ЛЕОНОВ. Назди Раис бурданд. Худи Раис!

МАРИЯ. Чӣ гуфт?

ЛЕОНОВ. Ҳеҷ чиз… Бюҷет… Камомад… Ҳамгироии иқтисодӣ… Арз даркор ба кишвар… Ана, ҳамин арзро кӣ медиҳад?

Ҳамонҳо! Чунон медиҳанд, ки… Фурўхтанд! Хонаро ҳам фурўхтанд, боғро ҳам, заминро ҳам. Ҳанўз тобистон фурўхта будаанд.

Интизоранд. Ҳамин ки моро ба ҳар гўр кўчониданд, ҳамон замон байрақашонро рўи ин макони муқаддас баланд мекунанд… Ҷои мо бошад, Қабристонҷо… Нома бинед-а, Қабристонҷо…

МАРИЯ. Гуфта будам, ки ин ҷо наоем. Гиря кардам, зорӣ кардам… Ту бошӣ, мегуфтӣ, ки рафиқони ҳамсилоҳ бояд дар як ҷо, дар як хона зиндагӣ кунанд… Рота-рота, баталйон-баталйон…

пешина
аз 9
навбатӣ