«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
Сафармуҳаммад АЙЮБӢ
ИСТИҚЛОЛ
Шуд мубарро савти ною чанги истиқлол,
Лаззати ишқ аст дар оҳанги истиқлол.
Реги истиқлол тобад беҳтар аз марҷон ,
Баркаши кўҳ аст дар посанги истиқлол.
Маъдани ин мулк бошад ҷавҳари дониш,
Фарри яздонист дар фарҳанги истиқлол.
Рангбасти зиндагиро рангрезӣ нест,
Пурҷило бошад ҳамеша ранги истиқлол.
Мўр гардиданд морони замони ҷанг,
Роҳи ҷонбозист ҳар фарсанги истиқлол.
Рў ба сўи офтоби фазл бинмуданд
Сафкашу сарлашкару сарҳанги истиқлол.
Ку касе к-аз бениёзӣ кард истиғно,
Нест дар олам касе дилтанги истиқлол.
Дар таҷаллоянд рўи саҳнаи айём
Лоларухсорони шўху шанги истиқлол.
Лаззати нуқли ҷалоли сулҳро доранд,
Хўшаҳои пухтаи ованги истиқлол
Эй мусаввир, ин саодатро ба лавҳ овар,
Манзари ҳусн аст дар аржанги истиқлол.
Мўсафедеро бидидам, шукри ҳақ мегуфт,
Дар руху пешонааш ожанги истиқлол:
К-эй Худо, шукронаи ин боргоҳи сабз,
Мазҳари ангуштару авранги истиқлол.
Бар ҳисори сабзи дилҳо роҳ пайдо шуд,
Гашт паҳно кўчароҳи танги истиқлол.
СУРУДИ ТОҶИКИСТОН
Бонишон Давлати дар ҷаҳон мустақил,
Ҷовидон миллати дар асолат ҷалил.
Лафзи ширини ту дар узубат шакар,
Сирати ту ҷалӣ, сурати ту ҷамил.
Тоҷикистон, туӣ номвар,
Узви комилҳуқуқи башар.
Дар масири ҷаҳон, роҳи ту дунявӣ,
Поятахтат қавӣ, гоҳи ту дунявӣ.
Парчамат дар ҷаҳон рамзи фарҳанги сулҳ,
Тоҷи зар рўи хиргоҳи ту дунявӣ.
Тоҷикистон, туӣ номвар,
Узви комилҳуқуқи башар.
Қуллаи кўҳи ту, қутби сулҳи ҷаҳон,
Остони дарат минбари воизон.
Кашфи Девони ту мактаби осафон,
Дафтари фазли ту раҳнамои замон.
Тоҷикистон, туӣ номвар,
Узви комилҳуқуқи башар.
ТОҶИ МАН
Тоҷикистони азизам, Ватанам, модари ҳусн,
Сари сабзи ту бувад сояи сабзи сари ҳусн.
Навдаи сабзи ту дар боғ расоӣ дорад,
Шохаи хушки ту даъвии асоӣ дорад.
Меҳр аз қалби самовот сафо мерезад,
Қатраи шабнамат аз чашми Худо мерезад.
Хуни оташ зи раги санги ту дар ҷўш бувад,
Ҳар гули боғи ту як қиссаи хомўш бувад.
Ҳафт ахтар чу сар аз ҷайби гиребон дорӣ,
Сари тавҳид бурун то дари яздон дорӣ.
Хиради туст давида ба раги пайкари мо,
Бувад андешаи хоки раҳи ту дар сари мо.
Осмон тахти бузургии бузургони ту ҳаст,
Фазли сомони ҷаҳон мактаби сомони ту ҳаст.
Тоҷро бар сари тоҷик зи тинат додӣ,
Даҳрро турфа зи тоҷик ту зиннат додӣ.
Саҷда бар хок задан мазҳари меъроҷи ман аст,
Эй Ватан, гарди раҳат дар сари ман тоҷи ман аст.
ИШҚРО ПЕШИ МАН ОРЕД
Булбули зори гулам, ғунчаи лаб боз кунед,
Нои минқори маро килки сухансоз кунед.
Ишқро пеши ман оред, ки пар бикшоям,
Варақи шеъри маро шаҳпари парвоз кунед.
Набзро дар баданам шавкати Сайҳун бахшед,
Шеърро аз дили Ҷайҳуни ман оғоз кунед.
Синаи танги маро водии Кўлоб кунед,
Хонаи ишқи маро даргаҳи Дарвоз кунед.
Ба Зарафшони сарам ахтари Раштон пошед,
Вахшро дар нигаҳам оинапардоз кунед.
Сари сангини маро Қуллаи Помир кунед,
Гунаи сарди маро лолаи Шероз кунед.
Аз Ҳисори дили ман равзани ҳақ бикшоед,
Аз дили Каъбаи ишқам ба Худо роз кунед.
Ҳақназар ҒОИБ
ЭЙ САОДАТИ ВАТАН
Эй саодати Ватан
Дар ибодати Ватан,
Каъбаи вафои туст
Меҳру тоати Ватан.
Савганди ту муқаддасу бо шири модар аст,
Савганди ту муқаддасу бо номи кишвар аст.
Савганди ту ба номи бузургии миллат аст,
Савганди ту ба номи Худованди акбар аст.
Эй саодати Ватан
Дар ибодати Ватан,
Каъбаи вафои туст
Меҳру тоати Ватан.
Ҳар кас равад ба роҳи ту, бологузар шавад,
Бар модари бузургу Ватан мўътабар шавад.
Шайтонпараст мешавад, он кас ки бо ту нест,
Ҳар кас, ки ёри ту шавад, он бозафар шавад.
Эй саодати Ватан
Дар ибодати Ватан,
Каъбаи вафои туст
Меҳру тоати Ватан.
Бо туст ҳар ки меҳру вафоро шиносад ў,
Пайғамбари замину саморо шиносад ў.
Дар ҷони хеш ҷони Ватанро бубинад ў,
Халқи азизу ҳаққи Худоро шиносад ў.
Эй саодати Ватан
Дар ибодати Ватан,
Каъбаи вафои туст
Меҳру тоати Ватан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё