Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ПАРЧАМИ ВАТАН

Эй ҷилвагар чу субҳ,

Эй нури офтоб,

Пар каш дар осмон,

Чун пурғурур уқоб.

Ту нури ховарӣ,

Сар бар фазо барӣ.

Аз ранги сурхи ту

Гулранг ин чаман,

Бодо чу лолазор

Ин дашту ин даман.

Эй парчами Ватан,

Шодона ҷилва зан.

Ранги сафеди ту,

Субҳи сафои мо,

Пар зан дар осмон,

Эй бобақои мо.

Ту рамзи кишварӣ,

Чун тоҷ бар сарӣ.

Он ранги сабзи ту,

Сарсабзии макон,

Шаъну шукуҳи мулк

Ин мулки тоҷикон.

Эй парчами Ватан,

Ҷавлон ба даҳр зан.

Низом ҚОСИМ

ШАҲПОЯИ ГАРДУН

Раҳаш то манзилу дил зинароҳ аст,

Раҳе то хонаи хуршеду моҳ аст,

Парад чашмаш, давояш барги коҳ аст,

Гиёҳаш раҳбараҳ дармонгиёҳ аст.

Баландие набошад чун Бадахшон,

Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!

Ба нангу ному ори Тоҷикистон

Ниҳода ҳайкале мавзун Бадахшон!

Ба ҳар сў бингарӣ, кўҳ асту кўҳе,

Гурўҳе нанг ё нанги гурўҳе,

Шукўҳу кўҳу ҳам кўҳу шукўҳе,

Шукўҳаш ҳифз дар киштии Нўҳе.

Баландие набошад чун Бадахшон,

Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!

Намояд бо шукўҳу кўҳаш осон

Ҳама пурдидаро мафтун Бадахшон!

Бувад ҳарчанд кони лаъли дилҷў,

Писандад бештар лаъли сухангў,

Сухан ин ҷост волотар зи лўълў,

Наво онро барад то авҷи минў.

Баландие набошад чун Бадахшон,

Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!

Ба созу роз бар тори дилу ҷон

Басо форам занад нохун Бадахшон!

Варо хунё ба хуну хун ба хунёст,

Навояш куҳнатар аз куҳнадунёст,

Агарчӣ заҳматаш аз қулла болост,

Тарабхоҳу тарабзебу тарабзост.

Баландие набошад чун Бадахшон,

Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!

Зи нангу ном зери чархи гардон

Бувад бо чеҳраи гулгун Бадахшон!

Вафову меҳри арзонист ин ҷо,

Сафову сидқи раҳмонист ин ҷо,

Шукўҳи кўҳи Сомонист ин ҷо,

Бухорои бадахшонист ин ҷо!

Баландие набошад чун Бадахшон,

Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!

Ба кохи нанги миллат монда аз ҷон

Зи ҳар шаҳқулла шаҳустун Бадахшон!

Бувад ҳар қулла як ҳамтои тоҷик,

Қавӣ як пайкари барҷои тоҷик,

Нигаҳ кун бар сари болои тоҷик:

Баланд аст аз фалак дунёи тоҷик!

Баландие набошад чун Бадахшон,

Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!

Ба кўҳи нангу ному шавкату шон

Бубахшад қуллаҳо афзун Бадахшон!

НАВРЎЗИ ДАНҒАРА

Наврўз мерасад зи гулафшони Данғара,

Гулзори ваҳдат аст гулистони Данғара.

Гулҳои чеҳраҳо гули Наврўзи миллат аст,

Наврўзтинатон–ҳама меҳмони Данғара.

Аз шодӣ ашк мечакад аз чашми чашмаҳо,

Рахшад ба гўшҳо дури борони Данғара.

Сарсабзу сарбаланд бувад кўҳу дашти ў,

Бошад сари баланд Бадахшони Данғара.

Эй дашти дилвасеъ, бубин бо дили васеъ

Нангу ғурури Восеъи Хатлони Данғара!

Темурмалик ба паҳлўи Восеъ расида шод

Аз Суғд, аз гузаштаи пуршони Данғара.

Бо чашми дил бубин, ки бувад як ҳисори нанг,

Бодо бапо Ҳисори ҳисорони Данғара!

Дилро ба ҳар канори Ватан васл медиҳад

Сад риштаи тилоии Раштони Данғара.

Зар мефишонад аз лабу дил бар сари Ватан,

Заррин шавад Ватан зи Зарафшони Данғара.

Аз баҳри рўшанист ҳама роғ равзане,

Рўшандил аст мулк зи Роғони Данғара.

Саҳрои Вахши мост агар махзани сахо,

Инак, расида навбати Вахшони Данғара.

Ёрони бонамак, ҳама аз дер будаем

Мадюни обу нону каҳу дони Данғара.

Осуда бод ҷону дилат, эй куҳандиёр,

Ҷону дили ту гашта дилу ҷони Данғара.

Чун нури чашми дил ту ба ҳар чашми дил бубин

Дар минбари ҷаҳон рухи хандони Данғара.

«Шаҳнома» оваред, ки гўяд ҳакимвор

Аз нангу ори Рустами Дастони Данғара.

Наврўз бод доиму Наврўзгоҳ бод

Дар чор фасл давраву даврони Данғара!

пешина
аз 63
навбатӣ