Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

21. РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ НИЗОЪҲО ДАР ОИЛА

Дар зиндагӣ инсон бо сабру мулоҳиза ва тамкину таҳаммул метавонад тамоми мушкилотро паси сар намояд. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд хашму ғазаби худро фурў бурда, дар ҳалли мушкилоти мавҷуда аз ақли солим истифода намояд. Барои муҳайё намудани фазои солими хонавода муносибати некбинона, ахлоқи ҳамида, рафтору гуфтори нек, якдигарфаҳмӣ ва меҳрубонии байни зану шавҳар хеле муҳим аст. Муҳити орому осуда, якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром на танҳо дар пойдории оила, балки барои тарбияи фарзандони хубу хушрафтор ва боодобу бофарҳанг мусоидат менамояд.

Носири Хусрави Қубодиёнӣ мефармояд:

Вазифаи зану мард, эй ҳаким, донӣ чист? Якест киштиву он дигарест киштибон. Ҳамеша духтари имрўз модари фардост,

Зи модар аст муяссар бузургии писарон. Тавону тўши раҳи мард чист? Ёрии зан, Ҳутому1, сарвати зан чист? Меҳри фарзандон.

Дар бунёди оилаи намунавию хушбахт ва пешгирӣ аз вайроншавии он ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байни зану шавҳар нақши асосӣ мебозад. Агар ин мафҳум дуруст дарк шавад, натиҷаи дилхоҳ медиҳад, дар акси ҳол боиси муноқиша ва ҷудошавии оила мегардад.

Таҳлилу мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки бештари ҷангу ҷанҷол ва низоъҳои оилавӣ, ки дар ниҳояти кор боиси вайроншавии оилаҳо мегарданд, аз набудани ҳусни тафоҳум ва эҳтироми якдигар сар мезананд.

Пойдории оила ва хушбахтии он бештар ба шавҳар ва хешу ақрабои ўро ҳурмату эҳтиром намудани зан вобастагӣ дорад.

Албатта, эҳтиром ва муносибати самимонае, ки зан ба шавҳару хешовандони ў мекунад, аз ҷониби шавҳар низ бояд ба оилаи волидони зан ҳатман риоя гардад. Вале, мутаассифона, дар баъзе хонаводаҳо байни занону мардон муҳаббати самимӣ, якдигарфаҳмӣ, фазои осоишта вуҷуд надорад. Дар чунин оилаҳо таъназании зан ё шавҳар ва аъзои оила, такаббуру манманӣ, боло гузоштани ҳаққу ҳуқуқи худ аз каси дигар, муносибати нодурусти арўс бо шавҳар ё хушдоман мушоҳида карда мешавад.

Беҳтарин роҳи раҳоӣ аз муноқишаву нишонаҳои зўроварӣ дар оила хомўшона дурӣ ҷустан аз ҳолати ногувор ва пеш гирифтани сабру таҳаммул аст.

Барои паст кардани моҷарои оилавӣ, таскин додани дилҳои башўромада пеш аз ҳама дахолату маслиҳати падару модар, калонсолон ва хешу табор хеле зарур буда, яке аз вазифаҳои асосии онҳо тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намудани оилаҳои ҷавон мебошад. Аз нигоҳи равоншиносӣ сабаби ба ҳам мувофиқ наомадани феълу атвори зану шавҳари ҷавон номукаммал гузаштани давраи мутобиқати онҳо мебошад. Муаммоҳое, ки дар чунин оилаҳо пайдо мешавад, на танҳо мушкилоти зан, балки мушкилоти ҳамаи аъзои оила ба ҳисоб рафта, бояд бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда шаванд.

Бештаримуноқишаҳоиоилавӣдарзаминаи камхирадӣ, бекорӣ, шуғл ва ҳадафи муайян надоштани аъзои оила дар зиндагӣ сар мезананд. Дар оилаи маърифатнок муноқишаҳо хеле кам сурат гирифта, боақлона, мусолиҳатомез ва оромона паси сар мегарданд. Дар оилае, ки якдилию ҳамфикрӣ ҳукмрон аст, дар он оила фарзандон ҷисман ва рўҳан солим тарбия ёфта, ба камол мерасанд ва чунин оиларо метавон аз оилаҳои хушбахт номид.

Ҳамдигарфаҳмӣ оиларо аз муноқишаҳои беҳуда ва вайроншавӣ эмин дошта, дари хушбахтиро ба рўйи навхонадорон боз мекунад.

Зиндагие, ки инсон ба сар мебарад, аз ғаму ғусса холӣ нест. Нафароне ҳастанд, ки дар овони кўдакӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ падар ё модари худро гум карда, аз дидор ва насиҳатҳои онҳо маҳрум мондаанд. Аз мусибат, муноқишаи оилавӣ, қарздорӣ, беманзилӣ, бефарзандӣ, беморӣ, гуруснагӣ, бедонишӣ, маъюбӣ ва амсоли инҳо ранҷу азият кашидаанд. Бо вуҷуди ин онҳо аз мушкилоти зиндагӣ ҳаргиз наҳаросида, бо азми қавӣ сўйи мақсуд мекўшанд; шукри давру замон ва неъмати ҳастӣ намуда, мушкилоти зиндагиро бо таҳаммул ва сабру тамкин пушти сар менамоянд.

Зеро сабр агарчи талх аст, меваи ширин ба бор меоварад.

Хулоса, дар ҳама давру замон роҳи дуруст барои оилаҳои ҷавон шукргузорӣ, дурандешӣ ва пеш гирифтани сабру таҳаммул мебошад.

Ҳофизи Шерозӣ дар ин маврид фармудааст:

Гўянд, санг лаъл шавад дар мақоми сабр, Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.

Бале, на ҳар фарде метавонад сабру таҳаммулро пешаи худ намояд, зеро, воқеан ҳам зери бори таънаву маломат, беэҳтиромию озурдагӣ на ҳар инсоне метавонад тоб биёрад, аз ин рў мегўянд: «Сабр талх аст, вале меваи ширин ба бор меорад».

Дар ҳаёти ҳар инсон ҳолатҳои шиддати рўҳӣ, хашму ғазаб мушоҳида мегардад. Аммо идора кардани хашму ғазаб низ роҳу усулҳои худро дорад. Барои ин мо бояд чанд вақт кўшиш намоем, то рафтори худро зери назорат гирем. Сабабҳо ва сарчашмаи ғазабнок шуданро муайян кардан зарур аст. Баъди ин оҳиста-оҳиста он сабабҳоро санҷида, роҳи дурусти ҳаллашонро бояд ҷустуҷў кард.

Fазаб ба асабоният вобаста буда, дар вақти зарурӣ иҷро нашудани ин ё он кору амал дар коргоҳ ва оила, муносибати дағалонаи атрофиён, ноҳурматӣ байни волидон ва зану шавҳар, тарбияи нодурусти фарзандон, бетартибӣ ва идора карда натавонистани фарзанд, умуман хасташавӣ ва писанд наомадани хислатҳои атрофиён сабаби хуруҷи он мешавад.

Хашму ғазабро ҳатто аз намуди зоҳирии инсон ва рафтору муносибати дағалона, кўтоҳбаёнӣ, танҳо нишастан, бисёр фикр кардан ва дигар хислатҳои ў эҳсос намудан мумкин аст. Дар чунин ҳолати рўҳию равонӣ сабаби пайдо шудани хашму ғазабро пурсон шудан нодуруст аст ва шояд ба оқибати нохуш оварад.

Аз ин лиҳоз зан ё мард то пастшавии хашму ғазаб бояд ба якдигар имкон диҳанд, сипас бо роҳи маслиҳат масъаларо ҳаллу фасл намоянд.

Дар бештари мавридҳо бахшидани гуноҳҳои якдигар, изҳори пушаймонӣ аз кирдори нодуруст, иқрор шудан ба рафтору гуфтори номатлуб, бахшиш пурсидан аз волидон ва ё зану шавҳар барои ба зудӣ аз байн бурдани хашму ғазаб таъсири хуб мерасонад.

Дар ҳар ҳолат зану шавҳар бояд дар навбати аввал хуб дарк намоянд, ки дар кадом лаҳза хашму ғазаб бедор мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ғазаб ба фурў бурдани он кўшиш намудан ба манфиати ҳар ду ҷониб аст. Дар муносибат бо якдигар ба назар гирифтани хусусиятҳои фардии ҳамдигар, ба монанди хислат, миҷоз ва дигар хусусиятҳои равонӣ хеле муҳим аст:

Макун коре, ки пўяд роҳи қаҳрат, Зи нокомӣ кунад дар ҷом заҳрат.

Хашму ғазаб ақлро тира намуда, ҳаяҷону эҳсосро боло мебарад. Агарчи хашму ғазаб зиёд тўл намекашад, вале дар ҳамин муддати кўтоҳ метавонад сабаби коре шавад, ки инсон аз он тамоми умр афсўс бихўрад. Аз ин рў инсони комил ҳаргиз дар лаҳзаи хашму ғазаб барои анҷоми коре даст намезанад.

Аҳмади Дониш дар ин маврид мефармояд: «Билҷумла то ғазаб ва шаҳват мусаххари ақл набошад (яъне то ғазаб ва шаҳват ба ақл мутеъ набошанд), адл сурат набандад ва адл аз камоли ақл хезад». Хашму ғазаби зану шавҳар аз беҳурматӣ, нописандӣ, такаббуру ҳавобаландӣ ва амсоли инҳо ба миён меояд, ки инсонро ба ҳолати ҳаяҷони рўҳӣ меорад. Табиист, ки дар чунин ҳолат инсон худро идора карда наметавонад ва имкон дорад, ки ба корҳои ношоям даст занад.

Аз ин рў шунидани панди бузургон, баҳра бурдан аз таҷрибаи рўзгори онҳо, гўш додан ба ҳарфи падару модар ва ботамкину бомулоҳиза будан дар қабули қарор ва муносибати гарму хушбинона дар оила асоси хушбахтӣ ва хурсандии оила хоҳад буд. Саволҳо

1.Кадом сабабҳо боиси ба вуҷуд омадани низоъ дар оила мегардад?

2.Чаро инсон асабӣ мешавад?

3.Оё инсон метавонад дар ҳолати хашму ғазаб қарори дуруст қабул намояд?

4.Шумо ҳолатҳоеро медонед, ки одамон дар ҳолати хашму ғазаб ба корҳои ношоям даст зада, сипас пушаймон шудаанд?

5.Чаро сабрро талху меваи онро ширин мегўянд?

пешина
аз 24
навбатӣ