АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Таносуб
Ҳамагӣ: шумораи донишҷӯён 141 61 34 236
Ҳангоми пурсиш донишҷӯён сабабҳоеро номбар карданд, ки раванди азхудкунии эҷодии математикаро душвор мегардонанд:
-
дониши нокофӣ аз математикаи мактабӣ;
-
надоштани малакаи корҳои мустақилона;
-
надоштани маҳорати кор бо китоб ва дастурҳои ёрирасон;
-
надоштани малакаи ҷустуҷӯӣ ва аз пурсидан нанг доштан;
-
нобоварӣ ба дониши худ, эҳсоси ноқобилии худ;
-
набудани назорати ҷиддӣ аз ҷониби омӯзгор, ки ба низоми таҳсилоти мактабӣ хос аст;
-
бедор нагардидани маҳорати дуруст ташкил намудани фаъолияти таълимии хеш, ки ҳамаи ин боиси бедор нагардидани маърифати математикии хонандагон мегардад.
Мувофиқи барномаи тадқиқотӣ, дар ин марҳила андешаи донишҷӯён дар мавриди дарки дараҷаи корҳои мустақилона ва моҳияти онҳо омӯхта шуд. Дар
79 натиҷаи пурсиши 102 нафар донишҷӯёни курси якум ва дуюм (гурӯҳҳои МИ-1, ФИ-1, МИ-1, МИ-2) маълумоти зерин ба даст омад. 32% пурсидашудагон посух доданд, ки онҳо бо корҳои мустақилона хеле кам машғул мешуданд. Онҳо ба корҳои мустақилона дар донишкада шинос гардида, корҳои амалро дар марказҳои компютерӣ иҷро мекардагӣ шуданд. 46% пурсидашудагон ҳаҷми кори мустақилонаро миёна арзёбӣ намуда, навиштани рефератро низ ба он шомил намуданд. Танҳо 22 % донишҷӯён ба доираи кори мустақилона омӯзиши асарҳои илмӣ, адабиёти иловагӣ, таҳқиқоти мустақили масъалаи илмиро дохил намуданд. Ба расми маскур нигаред.
Мустақилона
22%
Бо корҳои мустақилона хеле кам машғуланд
32%
Ҳаҷми иҷрои корҳои мустақилона ба ҳисоби миёна
46%
Натиҷаи пурсиши донишҷӯён дар мавриди дарки моҳияти кори мустақилона ва истифода аз он дар равнди таълим Ҳамин тариқ, аксари донишҷӯён дар баёни таърифи умумии мафҳуми аз ҷониби мо баррасишаванда душворӣ кашиданд. Онҳо мафҳуми мазкурро тавассути он намуди фаъолиятҳое мушаххас мекунанд, ки аксаран дар раванди таълим онҳоро иҷро мекунанд. Танҳо як қисми ками донишҷӯён мустақилиятро ҳамчун фаъолияти шахсии аз ҷониби омӯзгор танзимнашаванда ҷиҳати аз худ намудани дониш, маҳорат ва малака дарк мекунанд. Ва ҳарчанд аксарияти донишҷӯёни курси аввал маънои аслии мафҳуми корҳои мустақилиятро дарк накунанд ҳам, ба донишкадаву донишгоҳ дохил шуда, аксарияти онҳо зарурияти онро дар таълиму омӯзиш эътироф мекунанд.
Ба сифати яке аз меъёрҳои ташаккули омодагии донишҷӯён ба истифодаи ТФ дар таълими математикӣ меъёри қобилияти худомӯзӣ муайян карда шуд.
Маҳз бо ҳамин сабаб вазифаи навбатии марҳилаи озмоиши муқарраркунанда муайян кардани хусусият ва дараҷаи ташаккули маҳорат ва малакаҳое мебошад, ки барои мустақилона омӯхтани маводи таълимӣ аз фанни математика имкониятро фароҳам меорад.
Бо ин мақсад дар кафедраи математика ва информатикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо донишҷуёни курси якум таълим аз рӯи технологияи нав ба роҳ монда шудааст: бе хондани лексия, бе гузаштани дарсҳои амалӣ, яъне бе истифода аз методҳои анъанавии таълим.
Барои донишҷӯён дастгирии таълимию методии курси математикаи олӣ (таҳлили математикӣ, нимсолаи дуввум) таҳия карда шуд, ки он таъминоти тавсиявии методӣ (адабиёти асосӣ ва иловагӣ), саволҳо барои имтиҳон, нақшаи тақвимӣ-мавзӯӣ, намунаҳои тестҳои мобайнӣ (ташхисӣ)-ро дар бар мегирифт.
Курси методикаи таълими математика 96-соат ва математикаи олӣ 144 соатро дар бар мегирад. Се гурӯҳи академӣ МИ-01, МИ-02, ФИ-01 тавассути технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсонӣ зери роҳбарии омӯзгор бо истифода аз воситаҳои мултимедиявӣ ва маҳсулоти нармафзори MATHCAD ва LATEX мустақилона фанни математикаро омӯхтанд.
Шакли назорати сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон дар шакли тестӣ амалӣ мегардад. Имтиҳон тавассути компютер барои ҳар як гурӯҳи таълимӣ дар шуъбаи махсус баргузор карда мешавад. Мушоҳида оид ба асосҳои педагогии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҷиҳатҳои манфиро ошкор намуд:
-
рафти мушоҳида собит намуд, ки аксари донишҷӯён ба мустақилона омӯхтани маводи таълимӣ дар ҳаҷми пешниҳодшуда омода набуданд (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ онҳоро ба муфтхӯрӣ одат кунонида буданд);
-
таъминоти нокифояи донишҷӯён бо компютер ин равандро халалдор мегардонад. (2-3 донишҷӯ бояд дар назди як компютер кор мекарданд);
-
нишондод ва дастурҳои методӣ оид ба татбиқи амалии назарияи дахлдор барои ҳалли масъалаҳо нокифоя мебошад (бисёр донишҷӯён маълумотро аз адабиёти пешниҳоднамудаи омӯзгор коркард карда натавонистанд);
-
дониши оддии аз барномаи таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба даст оварда барои азхуд кардани маводи нав кофӣ нест;
-
дар китоби дарсии мултимедиявӣ пешниҳодшуда усули сохтани траекторияи инфиродии таълим татбиқ карда нашудааст. Илова бар ин, маълум аст, ки донишҷӯёни курси аввал дар марҳилаи ибтидоӣ (дар нимсолаи аввал) ба диққати доимӣ ва назорати доимӣ аз ҷониби омӯзгор ниёз доранд, зеро онҳо ҳанӯз ба донишкадаву донишгоҳ ба қадри кофӣ мутобиқ нагаштаанд.
Дар натиҷа, барои ҳалли вазъи бавуҷудомада ва кӯмак ба донишҷӯён, дар баробари дарсҳои ба нақша гирифташуда, омӯзгоронро зарур меояд ба шаклҳои анъанавии таълим муроҷиат намоянд: дарсҳои иловагӣ гузаронанд (дар намуди ҳамон дарсҳои амалӣ ва лексионӣ), ки дар онҳо ба донишҷӯён дар шакли мухтасар нуқтаҳои назариявӣ ва амалӣ шарҳ дода мешудад.
Аз ин рӯ, ин мисол бори дигар ақидаеро тасдиқ мекунад, ки барномаи нодуруст таҳиягаштаи таълимӣ метавонад боварӣ ба худ ва майлу хоҳиш ба фанни таълимиро коста гардонад. Яке аз талаботҳои асосии таҳсилоти фосилавӣ– ба эътибор гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ ва фардии донишҷӯён мебошад.
Ба таври анъанавӣ чунин мешуморанд, ки математика дорои зарфиёт (потенсиал)-и бузурги рушд мебошад ва донишҷӯи онро омӯзанда ҳамаҷониба рушдёфта мебошад. Дар нисбати донишҷӯёне, ки математикаро хуб хонда аз бар намудаанд, воқеан ин нуқта қобили қабул аст. Ҳатто агар онҳо намефаҳмиданд, ки қоидаи амалиёти иҷрошудаи математикӣ аз куҷо сарчашма гирифтааст, агар тасвири дониши нав дар маҷмӯъ барои онҳо комилан равшан набошад ҳам, дар раванди кор бо амсилаҳо онҳо бо такя ба фаросати инкишофёфта, мушоҳида, қобилияти ҷамъбастнамоӣ метавонанд “тасвири донишро” ба анҷом расонанд.
Ба чунин донишҷӯён баъзан танҳо нишон додани тарзи рафтор кофӣ аст, то онҳо дар маҷмӯъ моҳияти амалиро дуруст дарк кунанд ва онро дар раванди тамрин мустаҳкам намоянд. Ҳангоми кор бо донишҷӯёни суст, ин амал кофӣ нест. Онҳо мустақилона дониши нокофиашонро пурра карда наметавонанд, барои онҳо намуна (алгоритм)-и иҷрои амалҳо муҳим мебошад.
Аз ин нуқтаи назар қонунияти зерин бармеояд: донишҷӯ ҳар қадар бештар ба фаъолияти таълимии худ фаъолтар ҷалб гардад, ҳамон андоза худтатбиқгардии фардии эҷодии ӯ мукаммалтар ва сифати таълими ӯ беҳтар мегардад. Тибқи технологияи ташкили ҳудуд (траектория)-и инфиродии таълим, на танҳо донишҷӯ, балки барномаи таълимии ӯ низ рушд меёбад.
Донишҷӯ бояд субъект, тарроҳи раванди таълими худ, сарчашмаи комил ва ташкилкунандаи донишҳои худ бошад.
Дар асоси раҳёфтҳои назариявии зикргардида мо фарзияи мушаххасеро таҳия кардем, ки мувофиқи он кори фаъоли донишҷӯён бо ёрии вазифаҳои математикии дар барномаи махсуси компютерӣ пешниҳодшуда самаранокии омӯзишро баланд мебардорад, ҳолатҳои рӯҳии донишҷӯро дар раванди таълим беҳтар мегардонад.
Пас аз таҳлили камбудиҳо дар таълими математика бо истифодаи технологияи дар боло пешниҳодшуда, барои омӯзиши мо истифодаи технологияи анъанавӣ (маърӯзаҳо, дарси амалӣ, лабораторӣ, дарсҳои иловагӣ) дар мисоли омӯзиши яке аз мавзӯъҳои таҳлили математикии "Пайдарпайиҳои ададӣ ва лимити функсия" барои марҳилаи навбатии таҷрибаи муайянкунӣ арзишманд ва муҳим мебошад.
Ду гурӯҳи МИ-1 ва ФИ-1 дар соли таҳсили 2020-2021 мушоҳида карда шуданд. Дар расми 2 диаграммаҳои натиҷаҳои санҷиши мавзӯи нишондодашуда дар гурӯҳҳои МИ-1 ва ФИ-1, ки мавзуъро бо технологияи анъанавӣ омӯхтаанд, нишон дода шудааст.
Диаграмма имконият медиҳад хулоса барорем, ки мавзӯъро донишҷӯёни ҳарду гурӯҳ ба қадри кофӣ азхуд накардаанд. Натиҷаи сифатӣ (нишондиҳандаҳои шумораи "4" ва "5") дар гурӯҳи МИ-1 32% ва дар гурӯҳи ФИ-1 29% - ро ташкил дод. Нишондиҳандаҳои пасти таълимӣ бо он шарҳ дода шуданд, ки сеяки донишҷӯён ба реҷаи донишкадавии фаъолияти таълимӣ зуд мутобиқ шуда наметавонанд. Ин донишҷӯён ба душвориҳо дучор омада, ҳатто кӯшиш накарданд, то як қисми хурди машқҳоро дар хона мустақилона иҷро намоянд ва вазифаи хонагиро ба таври муназзам нусхабардорӣ намуданд.
Дар ин радиф раҳёфти дигар дурнамои хубтар мавҷуд аст, донишҷӯён дар яке аз дарсҳои аввал якбора аз рӯи тамоми мавзуъ супоришҳо мегиранд. Он аз се қисм иборат аст, ки мутаносибан сатҳи ҳадди ақали зарурӣ, умумӣ ва пешрафтаи азхудкунии мавзӯъро тавсиф мекунад. Вазифа дар маҷмӯъ ҳаҷман калон аст, аммо худи донишҷӯ фаъолияташро дар чунин шакл ба нақша мегирад: чӣ бояд ҳал карда шавад, дар кадом сатҳ, кай ва ба кадом миқдор (ҳал накардани ягон супориш ё теъдоди супоришҳоро аз манбаъҳои дигар зиёд кардан низ ҳуқуқи донишҷӯ аст).
Бо гузаштани мавзуъ маҷмӯи намунаҳо, усулҳо, алгоритмҳое, ки донишҷӯ ҳангоми ҳалли вазифаи хонагӣ истифода мебарад, меафзоянд. Дар ин маврид И.Т. Песталотси чунин менависад: “Шогирдони ман чизҳои навро аз ман намеомӯзанд; онҳо ин навигариро худашон кашф мекунанд. Вазифаи асосии ман ба онҳо барои кушода шуданашон, пешниҳод намудани ғоя (идея)-ҳои худашон кумак менамояд”.
Мушоҳидаҳои мо бори дигар нишон доданд, ки методикаи анъанавии таълими математика хусусиятҳои инфиродии эҷодии хонандаро ба қадри кофӣ ба назар гирифтан мебошад. Ғайр аз ин, мактаббачагони собиқ, ки мактабҳои миёнаро бо омӯзиши амиқи математика хатм кардаанд, завқи омӯхтани ин фанро аз даст медиҳанд. Машғулиятҳое, ки барои донишҷӯи “миёна” дар низоми фосилавӣ пешбинӣ шудаанд, бояд бо сарбории зарурӣ таъмин карда шаванд. Чунин раҳёфт барои кор бо донишҷӯёни сустхон имкониятҳои кофӣ надорад.
Мушоҳидаҳои муқарраркунанда имкон дод, ки мушкилот ва норасоии ташаккул додани маҳорат ва малакаҳо дар аксари донишҷӯён ҳангоми ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ ошкор карда шаванд. Ин то андозае аз он марбут аст, ки донишҷӯён аз хусусиятҳои инфиродии худ огоҳӣ надоранд, наметавонанд фардияти худро бо ёрии воситаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ қабулшуда пешниҳод кунанд.
Таҳлили саволномаҳо ва иҷрои супоришҳои амалӣ аз сатҳи пасти ташаккули кори мустақилона ва чун натиҷа, сатҳи пасти иҷрои супоришҳои мустақилона аз фанни математика шаҳодат медиҳад.
Таҳлили технологияи таълими математика нишон медиҳад, ки камбудиҳои асосӣ инҳоянд: мавқеи омӯзгор ҳамчун интиқолдиҳандаи дониш ва мавқеи донишҷӯ ҳамчун объекти раванди таълим, ки моҳияти он дар таҷдиди донишҳои математикии тайёр ифода меёбад; тафаккури нокифояи интиқодӣ; маҷуд набудани маҳорати худтаҳлилнамоӣ (рефлексия)-и иттилооти омӯхташуда, рушд накардани худтанзимнамоии таҷрибаи шахсӣ, мавҷуд набудани маҳорати худбаҳодиҳии мувофиқ мебошад.
Мо баъзе натиҷаҳои марҳилаи озмоиши муқарраркунандаро ҷамъбаст менамоем. Ташаккули нишондиҳандаҳои асосии фардияти эҷодии донишҷӯён дар раҳёфтҳои зикргардида ба таълим дар дараҷаи на он қадар баланд зоҳир мегарданд. Усулҳои анъанавӣ асосан барои ба даст овардани донишҳои расмӣ мувофиқанд. Онҳо пеш аз ҳама ба фаҳмиш ва хотира такя карда, ба дигар захираҳои шахсият, ки ба ошкор сохтани нерӯи эҷодӣ мусоидат мекунанд, таъсир мерасонанд. Усули нави таълими математика бошад, ба қадри кофӣ коркард нашудааст, китоби мултимедия ба талаботи таълимӣ ҷавобгӯ нест.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои таъмини раванди таълим бо маводи таълимӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Бо мақсади ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ бояд барои ҳар як ихтисос маводи таълимии электронии зерин омода карда шавад:
- нақшаи таълимӣ;
- барномаҳои таълимии фанҳо;
- барномаҳои кории фанҳои таълимӣ (силлабусҳо);
- мавод барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён зери роҳбарии омӯзгор;
- нусхаи электронии дарсҳои лексионии фосилавӣ, супоришҳои тестӣ, саволҳои хаттӣ барои қабули имтиҳонҳои фосилавӣ ва талаботи муайян намудани рейтинги академии донишҷӯён, мавзуи корҳои назоратӣ, кор (лоиҳа)- ҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва ғайра;
- мавод барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён (маҷмӯи таълимию методии электронии фанҳои таълимӣ, мавзӯи рефератҳо, эссе, ки ҳоло дар ҳолати дастрас қарор дорад;
- китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ методӣ;
- рӯйхати адабиёт аз фанҳои таълимӣ;
- мавод барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ (нақша ва барномаи таҷрибаомӯзӣ, намунаи шаклҳои ҳисоботдиҳӣ ва ғайра);
Барои таъмини раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ дар баробари захираҳои (манбаъҳои) анъанавии иттилоотӣ, воситаҳои таълими фосилавӣ, аз қабили китобҳои махсуси мувофиқ ба низоми мултимедӣ, маҷмӯҳои таълимию методии электронӣ, китобҳои таълимии дарсӣ, барномаи компютерию тренингӣ, машғулиятҳои амалии электронӣ, маҷмӯи супоришҳои тестии санҷишӣ, филмҳои таълимӣ, сабтҳои аудио ва видеоии маълумот ва ғайра, ки барои таъминоти барномавӣ заруранд омода ва мавриди истифода қарор дорад.
Дар таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба сифати захираҳои асосии иттилоотӣ дар раванди таълим заминаҳои иттилоотии методии коркардшудаи таҳсилоти фосилавӣ баромад мекунанд, ки вобаста ба ҳаҷм ва мазмуни худ ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунанда барои азхуд намудани курси муқаддимавӣ оид ба истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ ва захираи асосии иттилоотӣ то як ҳафта вақт муқаррар намуда, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани он барои бенуқсон роҳандозии низоми таълим шароит фароҳам меоранд.
Низоми баҳодиҳӣ дар таҳсилоти олии касбӣ назорати ҷорӣ, қабули имтиҳонҳои фосилавӣ, муайян намудани рейтинги академӣ ва қабули имтиҳонҳои ниҳоии донишҷӯён, ҳамчунин аттестатсияи хатмкунандагон аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти низоми кредитии таҳсилот ва истифода аз воситаҳои электронӣ мебошад.
Ҳайати омӯзгорон машварат, назорати ҷории пешрафти донишҷӯёнро новобаста аз маҳалли ҷойгиршавии онҳо бо истифода аз технологияи иттилоотию иртиботӣ ва дигар воситаҳо амалӣ менамоянд. Дар ин низом қабули имтиҳонҳо қабули имтиҳонҳои ниҳоии донишҷӯён аз ҷониби комиссияҳои фаннӣ ва аттестатсияи хатми хатмкунандагон аз ҷониби комиссияҳои аттестатсионӣ ба таври ҳатмӣ дар давраи сессияҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Талаботи асосии ташкили раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мавҷудияти барномаи электронии идоракунии раванди таълим мебошад. Дар таҳсилоти фосилавӣ раванди таълимро барномаи электронии тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи низомҳои таҳсилоти кредитӣ ва фосилавӣ, ҳамчунин нишондиҳандаҳои дигари танзимкунандаи раванди таълим ва назорати сатҳи сифати таҳсилот амалӣ менамояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд низоми назорат ва баҳодиҳӣ ба натиҷаи корҳои мустақилонаи донишҷӯён бо роҳбароии омӯзгор (дарсҳои лексионӣ ва корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ва корҳои мустақилонаи донишҷӯён (корҳои ғайриаудитории фосилавӣ)-ро тибқи истифода аз барномаи электронии идоракунии раванди таълим амалӣ бояд гардонанд. Таҳсилоти фосилавиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи талаботи зерин ба роҳ монда мешавад:
- дастрас гардонидани маҷмӯи таълимию методии электронии фанҳои таълимӣ ва ё кейсҳои махсус (барнома, маводи дарсӣ, маҷмӯи инфиродӣ) бо истифода аз воситаҳои мултимедӣ;
- дастрасии низоми иттилоотии корпоративии гардиши ҳуҷҷатҳо (аз ҷумла низоми электронӣ), ки раванди таълимро ба пуррагӣ идора мекунад;
- таъмини раванди таълим бо омӯзгороне, ки бевосита барои фаъолият дар муҳити иттилоотию таълимии муосир омодаанд;
- фаъол намудани сомонаи муассисаи таълимӣ;
- дастрасии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба шабакаи интернет;
- мавҷудияти почтаи электронӣ барои ҳар як омӯзгор ва ҷалби донишҷӯён ҷиҳати истифодаи самараноки он дар раванди таълим;
- татбиқи низоми баҳогузории сатҳи дониши донишҷӯён тибқи низоми кредитии таҳсилот, ки тамоми ин тадбирҳо дар андозаи дастрас мавҷуданд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ раванди таълим дар мувофиқа бо тарзи коргузорӣ ва натиҷаи корҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Нақшаҳои таълимӣ, ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки дар машғулиятҳои лабораторию амалӣ иштирок намуда, аз талаботи истифодаи кори лаборатории виртуалӣ бархӯрдор гарданд. Ба донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ шароит мутобиқи талаботи стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо ба нақша гирифта шудааст.
Омӯзгорон дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ бояд бо донишҷӯён бевосита ё бо истифода аз интернет (фароҳам сохтани муҳити таълимию иттилоотии электронӣ ва ё дигар воситаҳои иртиботӣ) пайваста алоқа намоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё