АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.
зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Роҳнамоии калидии омӯзгор. Агар омӯзгор кӯмакро дуруст ба роҳ монад ва лаҳзаҳои калидии мавзӯи омӯхташавандаро моҳирона шарҳу эъзоҳ диҳад, вай метавонад кори донишҷӯёнро барои дарки дониши нав осон гардонад.
Маълумот дар бораи гузаштани дарс. Беҳтар аст, ки донишҷӯён пешакӣ дар бораи чӣ гуна ва дар кадом шакл баргузор шудани дарс огоҳ карда шуда бошанд. Ин ба донишҷӯён ва омӯзгорон имкон медиҳад, ки диққати худро ба чизи аз ҳама муҳим равона кунанд. Дар мавриди таълими фосилавӣ мустақиман ба омӯзгор савол додан ғайриимкон аст. Агар донишҷӯ қабл аз дарс бо мавод ошно шуда бошад, вай эътимоди ботиниро эҳсос мекунад, ки чизе аз мадди назараш дур намондааст ва ӯ дар ҳамон сатҳе қарор мегирад, ки дигарон ҷойгиранд. Хуб мебуд, агар супоришҳо ва саволҳо ба шакли хаттӣ пешниҳод гашта, онҳоро тасвирҳои графикӣ ва агар имконпазир бошанд, тасвирҳои видеоӣ ҳамроҳӣ кунанд.
Санҷиши иҷрои супоришҳо. Донишҷӯ бояд дониши навро нишон диҳад ва ба ин васила иштирокчии фаъоли раванди таълим гардад.
Алоқаи баръакс. Алоқаи баръаксро бо омӯзгор имкониятҳои технологияҳои телекоммуникатсионӣ ва почтаи электронӣ таъмин месозанд.
Омӯзгор ҷавобҳои донишҷӯёнро пурра ё қисман ислоҳ мекунад. Вай бояд тамоми нозукиҳои муоширати фосилавиро азхуд кунад, зеро донишҷӯён дар ҷойҳо ӯро дар ин ё он лаҳзаи вақт дида наметавонанд. Вай метавонад бо рамзҳои сарҷунбонӣ ё табассум ба донишҷӯён посух диҳад. Барои дақиқ муайян намудани дараҷаи воридшавии ҳар як донишҷӯ ба раванди таълим бо онҳо ҷавобҳои махсусан бобарорро муҳокима кардан мумкин аст. Арзёбии иҷроиш. Тестҳо, кредитҳо ё имтиҳонҳо бояд бо ҳадафҳои қаблан муайяншуда алоқаманд бошанд.
Баланд бардоштани сифати азхудкунӣ. Бояд вазъиятҳои гуногуни проблемавиро таҳия намуд, то донишҷӯён тавонанд донишҳояшонро дар вазъиятҳои нав истифода баранд. Имрӯз, дар миёни омӯзгороне, ки технологияҳои таҳсилоти фосилавиро таҳия мекунанд, масъалаи таҳияи курсҳои фосилавӣ баҳсбарангез боқӣ мемонад. Дар адабиёти ватанию хориҷӣ маъмултарин ақида он аст, ки таълими фосилавӣ бо хусусиятҳои худ аз таълими анъанавӣ ба андозае фарқ мекунад, ки сохтан ва истифодаи бомуваффақияти курсҳои таълими фосилавӣ бояд аз таҳлили амиқи ҳадафҳои таълим, имкониятҳои дидактикии технологияҳои нав барои интиқоли иттилооти таълимӣ, талабот ба технологияҳои фосилавӣ иҷро гардад.
Яке аз хусусиятҳои асосии таълими фосилавӣ хусусияти бисёрмуҳитии он мебошад. Тарзи идоракунии донишкадаву донишгоҳро бо манбаъҳои худро тағир медиҳад. Қаблан муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ асосан ба ҷиҳати таъминоти техникии таҳсилот диққат медоданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо омӯзгорон дар бораи истифодаи маводҳои чопӣ ва сабтҳои видеоӣ курсҳо мегузаронданд. Имрӯзҳо дар раҳёфти мазкур норасогиҳои зиёде ошкор мегарданд. Ҳоло таҳсилоти фосилавӣ ба қаноатмандии гуногуни донишомӯзон дар ҷараёни гузаронидани курсҳои омӯзишӣ равона шудааст.
Технологияҳои нави иттилоотӣ барои фаъолияти муштараки эҷодии донишҷӯён ва омӯзгорон имкониятҳои номаҳдуд фароҳам меоранд. Дар шакли анъанавии таълим танҳо омӯзгор воқеан фаъол аст, вай бисёр сӯҳбат мекунад, мефаҳмонад, намоиш медиҳад. Донишҷӯ гӯш мекунад, қайд карда мегирад, яъне нақши ӯ асосан ғайрифаъол аст. Чунин таълиме, ки дар раванди он донишҷӯ тамоми донишҳоро дар шакли тайёр мегирад, имконияти ташаккули мустақилияти тафаккур ва амали донишҷӯро ба таври назаррас маҳдуд мекунад, зеро дар ин лаҳза дараҷаи фаъолияти ботинии фикрии донишҷӯ инкишоф намеёбад.
Дар ин раванд унсурҳои эҷодкорӣ, ҷустуҷӯӣ, таҳқиқотӣ бошад, қариб ба сифр баробаранд. Таълими фосилавӣ имкон медиҳад, ки ба донишҷӯ на танҳо дараҷаи муайяни дониш дода шавад, балки инчунин дар худ методҳои ҷамъбастшудаи ҳалли масъалаҳои воқеро инкишоф диҳад, тафаккури эҷодияшро рушд диҳад, ба таҳқиқоти мустақилона мусоидат намояд, истифодаи адабиёти муосири илмиро омӯзад [95, с. 38-40].
Дар айни замон, шароити рушди фаъолияти эҷодӣ дар раванди таҳсилоти фосилавӣ пурра муайян карда нашудааст; махсусияти зоҳиргардии фаъолии эҷодӣ низ таҳқиқотро талаб мекунад; аз бисёр ҷиҳатҳо ихтилоф байни зарурати объективии рушди фаъолии эҷодии шахс ва сатҳи воқеии рушди он таҳқиқ карда нашудааст.
Айни замон, ба назар чунин мерасад, ки дастовардҳои омӯзгори олмонӣ Адольф Дистервег (1790-1866) барои рушди маориф рӯз то рӯз бештар муҳим мегарданд. Маҳз талаботҳои классикии дидактика, ки ӯ дар "Дастур оид ба таълими омӯзгорони олмонӣ" таҳия кардааст, асоси дидактикаи низоми муосири инноватсионии таълимро, аз ҷумла дар таҳсилоти фосилавӣ ташкил медиҳад. И.П. Подласий талаботҳои зерини ташаккули мундариҷаи таҳсилотро чунин ҷудо мекунад:
1. Гуманистӣ (башардӯстона), таъмини афзалияти арзишҳои умумиинсонӣ ва саломатии инсон, рушди озоди шахсият.
2. Илмият, дар мутобиқати донишҳои барои омӯзиш пешниҳодшаванда ба дастовардҳои охирини илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зоҳир мегардад.
3. Пайдарпаӣ, ки иборат аз банақшагирии мундариҷаи рушдёбанда буда, дар он ҳар як дониши нав ба дониши қаблӣ такя мекунад ва аз он сарчашма мегирад.
4. Таърихият, ки маънои таҷдиди таҷрибаи инсонӣ, дар робита бо проблемаҳои омӯхташудаи фаъолияти олимони намоён равшанӣ андохтанро дорад.
5. Низомнокӣ, ки баррасии дониш ва малакаҳои омӯхташавандаро дар низом пешбинӣ намуда, таҳияи тамоми курсҳои омӯзишӣ ва тамоми мундариҷаи таҳсилот ҳамчун низом, ки ба якдигар шомил буда, ба системаи умумии фарҳанги инсонӣ вориданд, дониста мешавад.
6. Робитаҳо бо ҳаёт ҳамчун усули санҷиши самаранокии дониш ва малакаҳои омӯхташаванда ва ҳамчун воситаи универсалии дастгирии таҳсилот бо амалияи воқеӣ мебошад.
7. Мутобиқати имкониятҳои синну солӣ ва сатҳи омодагии таълимгирандагон, ки ин ё он низоми дониш ва малакаҳо барои азхудкунӣ ба онҳо пешниҳод карда мешавад; агар маводе, ки донишҷӯён азхуд мекунанд, хеле осон бошад, пас ҳам дониш ва ҳам қудратҳои маърифатӣ, мутаносибан ба имкониятҳои онҳо, суст меафзояд ва ба имкониятҳои онҳо мувофиқ намеояд.
8. Дастрасӣ, ки бо сохтори нақшаҳо ва барномаҳо, тарзи пешниҳоди донишҳои илмӣ дар китобҳои таълимӣ, инчунин тартиби ҷорӣ ва миқдори оптималии мафҳум ва истилоҳоти илмии омӯхташаванда муайян карда мешавад.
9. Мустақилият дар омӯзиш С.И. Зиновев дар робита ба ин мегӯяд: “Мактаби олӣ аз мактаби миёна на танҳо аз рӯи омодагии тахассусӣ, дараҷаи мураккабӣ ва ҳаҷми зиёди маводи таълимӣ фарқ мекунад, балки, асосан аз рӯи усули кори таълимӣ, ки хусусияти эҷодӣ дошта, мустақилияти донишҷӯёнро тақозо мекунад”.
Муҳиммии меҳнати мустақилонаи донишҷӯро этироф намоянд ҳам, омӯзгорони донишкадаю донишгоҳҳо дар доираи технологияи анъанавии таълим дар раванди машғулиятҳо вақти кофиро ҷиҳати иҷрои корҳое, ки барои зоҳиргардии мустақилият мусоидат мекунанд, ҷудо карда наметавонанд. Барои рафъи мушкилоти мазкур омӯзгор метавонад аз бисёр ҷиҳат бо компютер кӯмак кунад, ки имкониятҳои амалии он дорои нерӯи бузурги дидактикӣ мебошад.
Новобаста аз он, ки аксари мутахассисон ба саволи дараҷаи таъсири компютерҳо ба сифат ва самаранокии таълим посух дода наметавонанд, бисёре аз омӯзгорон аз компютер умеди калон доранд. Таҳлили адабиёти психологӣ ва педагогӣ оид ба ин масъала ба мо имкон медиҳад, ки ҷанбаҳои мусбат ва манфии истифодаи компютерро дар раванди таълим равшан намоем (В. В.
Годин, 1997; В. В. Захаров, 1997; Г. К. Селевко, 1998; А. В. Соловев, 1995; В. А. Шерба, 2000 ва диг.).
Таҳсилоти фосилавӣ муносибати устод ва донишҷӯро ба куллӣ тағйир медиҳад. Аз ин рӯ, омодасозии методии ҳайати омӯзгорон барои низоми таҳсилоти фосилавӣ як масъалаи муҳим ва албатта, таъхирнопазир маҳсуб меёбад. Ба ақидаи мо, беҳтар аст, ки чунин курсҳо дар доираи таълими мустақим ташкил карда шаванд. Ба чунин курсҳо метавонанд роҳбарон ва муовинони роҳбарони муассисаҳои таълимӣ оид ба корҳои таълимӣ ва техникӣ, омӯзгорон даъват шаванд.
Машғулиятҳо барои баланд бардоштани маҳоратҳи маърифатии кормандони дахлдори донишкадаву донишгоҳ, салоҳияти методии онҳо, таъминоти методии фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти фосилавӣ пешбинӣ шудаанд. Мазмун ва хусусиятҳои таълим дар асоси санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва иловагии касбӣ ва тамоюлҳои рушди илми педагогика, амалия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, талаботи тахассусӣ барои ҳайати омӯзгорон ва хусусиятҳои фаъолияти методӣ дар донишкадаву донишгоҳҳои мушаххас муайян карда шавад.
Компютер дар таҳсилоти фосилавӣ вақтро сарфа намуда, ёфтани маълумоти лозимаро осон ва ба зиммаи худ мегирад. Агар барои ёфтани маълумоти зарурӣ аз китоби дарсӣ ба шумо лозим ояд, ки муддати муайян онро варақгардон намуда ҷустуҷӯ кунед, дар мавриди истифодаи компютер он тамоми маълумотро худаш пешниҳод мекунад ва ҳатто ба чӣ диққати махсус доданро таъкид мекунад.
Ҷиҳати муҳимми дигараш он аст, ки компютер фавран ҳам ба қарорҳои дуруст ва ҳам ба хатогиҳо эътино мекунад. Он бо донишҷӯён ба таври инфиродӣ кор мебарад, маводро мувофиқи камбудиҳои онҳо дар дониш интихоб мекунад. Китоби дарсӣ бошад, ба “донишҷӯи миёна” нигаронида шудааст.
Компютерро дар ҳама марҳилаҳои раванди таълим дар низоми фосилавӣ бо мақсади фаҳмонидани маводи нав, мустаҳкам намудани мавод, такрори он ва назорат намудани дараҷаи азхудкунии он истифода бурдан мумкин аст.
Ҳамзамон, он барои донишҷӯ вазифаҳои омӯзгор, асбоби корӣ, объекти омӯзиш, коллективи ҳамкорон, истироҳат (муҳити бозӣ)-ро иҷро менамояд.
Компютер асбобест, ки тамоми имкониятҳои васоити муосири техникии таълимро (видеорегистраторҳо, диапроекторҳо, магнитофонҳо)-ро дар худ муттаҳид мекунад.
Кори омӯзгор дар таҳсилоти фосилавӣ тавассути технологияи компютерӣ аз вазифаҳои зерин иборат мебошад:
- ташкили раванди таълим дар доираи фанни таълимӣ бо гурӯҳи донишҷӯён;
- ташкили фаъолсозӣ ва ҳамоҳангсозии дохили гурӯҳ, ҷойгиркунии ҷойҳои корӣ, мушаххас намудани вазифаҳо ва боздоштан аз тамошои чизҳои беманфиат;
- назорати инфиродии донишҷӯён, расонидани кӯмаки инфиродӣ бо ёрии компютер, омӯзиши инфиродии донишҷӯён баҳри истифодаи самаранок аз тасвирҳои визуалӣ ва шунавоӣ;
- омодасозии ҷузъҳои муҳити иттилоотӣ, робитаи онҳо бо мундариҷаи фанни муайяни таълимӣ.
Барои баланд бардоштани сифати раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, видео-лексияҳои интерактивӣ, курсҳои лексионӣ дар CD-ROM, истифодаи мултимедия дар раванди таълими лексияҳо ва низоми таълими гипермедиа метавонанд истифода шаванд. Аз ҳама ҷолибтарин ва ояндадораш, ба гуфтаи коршиносон ва мутобиқи андешаи мо, низоми омӯзиш дар асоси гипермедия мебошанд.
Ба ин монанд, низоми таълими гипермедиа бояд ҳангоми омӯзиши мавод дар режими интерактивӣ, робитаро бо ҳама гуна манбаъҳои иттилоотии мавҷуда, масалан, дар Интернет фароҳам орад. Боз як бартарии муҳими истифодаи системаҳои омӯзиши гипермедиа қобилияти тағйир додани мундариҷаи курсҳо бевосита дар раванди таълим мебошад. Ин имкон медиҳад, ки лектор, ки дар таълими курси худ аз чунин система истифода мебарад, онро аввал дар шакли матн ё гиперматн, дар шакли онлайн пешниҳод кунад ва сипас қисмҳои алоҳидаи онро дар ҷараёни таҳсил ва бо назардошти маълумоти нав пурра ё тағйир диҳад.
Китоби дарсии компютерӣ дар ин тасниф маҷмӯи барномавӣ-методӣ мебошад, ки имконияти мустақилона омӯзиши курсро фароҳам меорад ва унсурҳои таҷрибаи лабораторӣ ва китоби маълумотномаро дар бар мегирад.
Тахмин меравад, ки донишҷӯ дар раванди кор бо ин китоби дарсӣ мустақилона, қадам ба қадам тамоми ҳаҷми дониш, маҳорат ва малакаро аз худ мекунад.
Хусусияти фарқкунандаи китоби дарсии компютери – ин татбиқи алоқаи интерактивии баргарданда дар раванди таълим мебошад. Ин хусусияти китоби дарсии компютерӣ ҷиҳати истифодаи он дар системаи таҳсилоти кушод ва алалхусус дар таълими фосилавӣ дурнамои васеъ касб мекунад. Дар асоси истифодаи чунин технологияҳо, масалан, дар Маркази таҳсилоти фосилавии
ДОТ дар шаҳри Панҷакент бахшҳои "Алгебраҳои хаттӣ" -и курси
"Математикаи олӣ" ва "Наздикшавӣ ба функсия" -и курси "Усулҳои ададӣ" ба роҳ монда шуданд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии муосир ба эҷод ва рушди технологияҳои компютерӣ-телекоммуникатсионӣ барои таълим ва назорат ҳамчун воситаи дидактикии дастгирии зеҳнии компютерии тафаккури донишҷӯ афзалият дода мешавад. Сабабҳои объективии афзоиши таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти фосилавӣ аз як тараф, талаботи аҳолии аксар кишварҳо ба таҳсилоти олӣ, рушди Интернет ва телекоммуникатсия барои бо нархи арзон дар таҳсилоти фосилавӣ ноил гардидан ба маълумоти олӣ мебошад.
Низоми самараноки таҳсилоти фосилавӣ бояд ба талабҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
-мавҷудияти низоми рушдёфтаи маъмурият дар муассиса;
-мавҷудияти воситаҳо барои ташкил ва таҳрири курсҳо;
-мавҷудияти меъёрҳо барои ҳар як ҳуҷҷати мавҷуда, ки хусусиятҳои педагогии онро тавсиф намояд ва дар махзани маълумотҳо нигоҳ дошта шавад;
-таъмини баҳисобгирии натиҷаҳои таълимии донишҷӯёни алоҳида ва гурӯҳҳо;
-истифодаи намуд (вариант)-ҳои гуногуни намудҳои экспертӣ, ки ҳам аз ҷониби омӯзгор барои назорати кори донишҷӯён ва ҳам аз ҷониби донишҷӯ барои худбаҳодиҳӣ истифода бурда мешаванд;
-истифодаи васеи барномаҳои санҷишӣ ва омӯзишӣ ва амсилаҳои интерактивии таълим, ҳамчун ҷузъҳое, ки фаъолии донишҷӯро ҳангоми омӯзиши курс таъмин мекунанд.
Пайдоиши таҳсилоти фосилавӣ боиси тағир ёфтани нақш ва мақоми омӯзгор гардид. Ӯ номи «мураббӣ» - ро гирифт ва зарурати омодагии технологӣ ва бозомӯзии ӯ ба миён омад. Ин аст ки мураббиён дар системаи таҳсилоти фосилавӣ аз лиҳози вазифаҳои худ миёни омӯзгори анъанавӣ, мушовири роҳбар, менеҷери раванди таълим ва методист қарор доранд, салоҳиятмандии онҳо ҳамчун тарроҳони раванди таълим ба сифати таълим дар маҷмӯъ таъсири ҳалкунанда мерасонанд.
Ҳангоми ташкили раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мураббӣ бояд на ҳамчун интиқолдиҳандаи иттилооти таълимӣ, балки ҳамчун омӯзгор-менеҷер ва коргардони тренинг баромад кунад ва донишҷӯён чун мураббӣ бояд субъекти фаъолият бошанд.
Дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, чун дар таълими анъанавӣ, семинарро ҳамчун шакли ташкили таълим истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми таълим додани донишҷӯён тавассути телекоммуникатсия, омӯзгор бояд тавсияҳои зеринро барои банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим ба назар гирад:
1. Пеш аз пешниҳоди маводи нав, ӯ бояд бо мундариҷа ва ғояҳои асосии он шинос гардад, инчунин ҷанбаҳои мусбат ва манфии онро таҳлил намояд,
(аудио, видео, компютер, факс). барои таълим гурӯҳи хурди донишҷӯёнро интихоб кунад. Дар ҷаласа аввал бояд сӯҳбати кӯтоҳе гузаронида, гурӯҳро бо қоидаҳо ва дастурҳои кори оянда шинос намояд.
2. Дар баробари ин беҳтар мебуд, агар дар бораи дараҷаи дониши донишҷӯён маълумот пайдо намоем, то минбаъд дар раванди таълим онҳоро ба инобат гирем. Ғайр аз ин, хеле муҳим аст, ки дар марҳилаи ибтидоии таълим донишҷӯён ҳангоми дарсҳо қайдҳо намоянд ва онҳоро ҳар замон барои назорат ба омӯзгор пешниҳод кунанд.
3. Барои ноил шудан ба муваффақияти дар омӯзиш, имкониятҳои навро дар истифодаи шабакаи телефонӣ ва почтаи электронӣ барои таҳияи усулҳои таҳким, баррасӣ ва такрори маводи таълимӣ хеле оқилона истифода бурдан зарур аст.
Хулосаи боби якум
Таҳлили адабиёти илмии психологӣ ва педагогӣ оид ба проблемаи таҳқиқшаванда ба мо имкон медиҳад, ки чунин хулоса барорем:
1. Муносибатҳои нави бозори меҳнат дар иқтисодиёти замони муосир, афзоиши босуръати ҳаҷми иттилоот ба мутахассиси соҳа талаботи махсусро пешниҳод менамояд: шахсе, ки мавқеи баландро дар ҷомеа ишғол кардан мехоҳад, бояд дар фаъолияти меҳнатии худ ба навоварӣ диққати ҷиддӣ диҳад, ҳамеша дар ҷустуҷӯи эҷодӣ бошад ва ин рушди чандирии тафаккур, дарки интиқоди воқеияти атроф, қобилияти муошират, абстраксия ва худомӯзиро талаб мекунад.
2. Динамизми дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар замони муосир боиси пайдо гардидани зарурат ба татбиқи васеъи технологияҳои инноватсионӣ ва роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ дар соҳаи маориф гардид. Аксарияти муҳаққиқон технологияҳои инноватсиониро ҳамчун як навъ системае муайян мекунанд, ки ба мушкилоти воқеияти иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона эътино мекунад ва бидуни рад кардани анъанаҳои мавҷуда дар таълим, ва рушди шахсӣ тағироти куллӣ ворид менамояд.Технологияҳои инноватсионӣ на танҳо ба худи фаъолияти педагогӣ, воситаҳо ва механизмҳои ба он хос дигаргунӣ ворид месозад, балки ҳадафҳо ва арзишҳои онро тагйир медиҳад.
3. Дасттоварди бузурги технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар педагогика роҳандозӣ намудани таълими фосилавӣ маҳсуб меёбад, ки омӯзиши чандирии фаъолияти мустақилонаро бо манбаъҳои гуногуни иттилоот, маводҳои таълимӣ ва ҳамкории мунтазамро бо омӯзгор ва мушовирон таъмин менамояд.
Ғайр аз он, дар доираи таълими фосилавии донишкадаву донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили кори гурӯҳӣ бо иштирокчиёни курси муайян нақши хеле муҳим дорад. Таълими фосилавӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар ҷараёни таълим беҳтарин усулҳо, воситаҳо ва шаклҳои таълимро истифода намуда, хулосаҳои зарурӣ барорем.
4. Технологияҳои зерини таҳсилоти фосилавиро, ки дар кишвари мо истифода мешаванд, фарқ кардан мумкин аст: почтаи электронӣ, телеконференсияҳо тавассути почтаи электронӣ, тахтаҳои электронии эълонҳо, китобҳои дарсии электронӣ ва барномаҳои таълимӣ, пахши маърӯзаҳо дар телевизион бо алоқаи баръакс тавассути телефон, телекоммуникатсия ва видеоконференсияҳо ва амсоли ин.
5. Хусусият фаъолияти таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ дар ягонагии се ҷузъи таркибӣ ифода меёбад: иттилоот, психология ва кибернетика. Муддати тӯлонӣ афзалият ба фаъолияти аввалин дода мешуд – ҳадаф ташаккули заминаи илмӣ буд, яъне диққати асосӣ ба хотира дода мешуд. Ҳоло дар мадди аввал мактаби дигар – мактаби эҷодкорӣ, ҳамкорӣ, рушд ва фаъолият меистад.
Навгонии таҳсилоти муосир дар он мебошад, ки рушди таълимро дар якҷоягӣ бо рушди шахс мешиносад.
Ба таври хулоса гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда, чунин хулоса баровардан мумкин аст: технологияҳои инноватсионӣ, алалхусус таълими фосилавӣ метавонад самараи дилхоҳ диҳанд, агар тамоми шароитҳои созгор дар Тоҷикистон баҳри роҳандозии он муҳайё гардонида шавад. Тамоми мушкилотҳои баёнгардида дар раванди роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ҳалшаванда мебошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё