Зеҳн
АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁВИДДИНЗОДА ЗУЛОЛИДДИН ЗИЁВИДДИН. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои низоми таҳсилоти муттасил буда, ҳуқуқи инсонро ба таҳсил ва гирифтани ахбор дар давоми тамоми ҳаёт татбиқ менамояд. Мубрамияти махсусро ноил будани таҳсилоти фосилавӣ бо як қатор омилҳо ошкор месозад: аввалан парокандагии ҳудуд, мушкилоти рафту омад, инкишофи иқтисоди бозоргонӣ ва гарон гардидани роҳкиро, шароити кӯчидани аҳолӣ, муттамарказ гардонидани марказҳои илмӣ-техникӣ дар шаҳрҳои калон, ташаккул ёфтани талаботи нави аҳолии Тоҷикистон ба таҳсилот ва маълумоти олӣ.

зеҳни сунъӣ · 11 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, самти стратегии рушди низоми таълимӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон – ин рушди зеҳнӣ ва ахлоқии шахс дар асоси ҷалби ӯ ба фаъолияти гуногуни мустақилона ва мақсаднок дар соҳаҳои гуногуни дониш мебошад. Аз ин рӯ, дар айни замон, ин талабот на танҳо ба таҳсили рӯзона, балки ба таҳсили фосилавӣ, ки дар заминаи технологияҳои муосири иттилоотӣ асос ёфтааст, низ ба назар мерасад. Технологияҳои нави иттилоотӣ ба ҳамагон дастрасӣ дошта, ба ганҷинаҳои илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ - бузургтарин осорхонаҳо ва китобхонаҳои ҷаҳон, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва нашриётҳо, ба ҳама гуна китобҳо, рӯзномаҳо, маълумотномаҳо шиносоӣ пайдо намуданро имконпазир мегардонад.

Таҳсил дар шакли фосилавӣ бо истифодаи иртиботи электронӣ ҷаҳонбинии донишҷӯён ва доираи алоқаҳои онҳоро ба таври назаррас васеъ намуда, хусусиятҳои инфиродии онҳоро ба назар мегирад, барои азхуд кардани дониш ва малакаҳои муосир имкониятро фароҳам меоварад.

Дар кишварҳои пешрафта таҳсилоти фосилавӣ на танҳо дар доираи низомҳои миллии таҳсилот, балки дар дохили ширкатҳои алоҳидаи тиҷоратӣ низ, ки диққати асосиро ба омӯзиш дар соҳаи тиҷорат равона месозанд, рушд мекунад, ки ба он мисол шуда метавонанд, бузургтарин ҳолдингҳои ҷаҳон ба монанди General Motors, Ford, IBM ва ғайра.

Вазъи иҷтимоию иқтисодии низоми таҳсилоти Тоҷикистон тавре ба роҳ монда шудааст, ки таълими анъанавӣ талаботи донишҷӯёнро ба хизматрасониҳои таълимӣ қонеъ карда наметавонад, зеро одатан муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои калон мутамарказ шудаанд. Бисёр категорияҳои одамон воқеан ба сатҳи хуби таҳсилот ниёз доранд, аммо онҳо имкони таҳсил дар шӯъбаҳои рӯзонаи донишгоҳҳоро надоранд. Инҳо одамоне мебошанд, ки дар минтақаҳои дурдаст ва камаҳолӣ зиндагӣ мекунанд, шахсони дорои баъзе маҳдудиятҳои ҷисмонӣ, шахсони низомӣ, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати ҳарбиро адо менамоянд.

Аз тарафи дигар, комилан возеҳ аст, ки дар ҷаҳони муосир барои шаҳрвандон шароитеро муҳайё намудан зарур аст, ки ҳар чи бештар тавонанд маълумоти олӣ гиранд ё ихтиссосу тахассуси хешро иваз намоянд. Ягона роҳи раҳоӣ аз ин мушкилот ҷорӣ намудани усулҳои алтернативии таълим мебошад.

Таҳсилоти фосилавӣ яке аз чунин усулҳо ба шумор меравад.

Умуман, таҳсилоти муосири фосилавӣ бештар ба омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ равона карда мешавад. Дар раванди таҳсилоти фосилавӣ диққати асосӣ ба кори мустақилонаи донишҷӯён аз рӯи маводи таълимӣ дода мешавад, дар ҳоле ки дарсҳои аудиторӣ дар ин раванд танҳо нақши ёрирасон доранд.

Таълими фосилавӣ – ин як шакли универсалии таълим мебошад, ки имкон медиҳад, то на танҳо доираи васеи технологияҳои анъанавӣ, балки технологияҳои нави иттилоотӣ ва телекоммуникатсиониро истифода барем.

Технологияҳои нав барои фаъолияти муштараки эҷодии донишҷӯён ва омӯзгорон имконияти васеъ фароҳам меоранд, аммо дар раҳёфти анъанавии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба таълим тақрибан бефоидаанд.

Таҳсилоти фосилавии муосир ба донишҷӯён имкониятро фароҳам меорад, ки субъектҳои маърифатии мустақил бошанд ва муносибати анъанавии миёни омӯзгор ва донишҷӯёнро ба таври назаррас тағйир диҳанд. Таълими фосилавӣ бо технологияҳои инноватсионии омӯзиш бо истифодаи компютерҳо ва технологияҳои рақамӣ сахт алоқаманд аст. Воситаи муҳими таҳсилоти фосилавӣ барномаҳои таълими компютерӣ ва шабакаҳои телекоммуникатсионии компютерӣ мебошанд.

Амсиласозӣ имкон медиҳад, ки ҷаҳони воқеиро тамсил намоем, озмоишҳое гузаронем, ки аксаран дар шароити воқеии иқтисодӣ ғайриимконанд. Амсилаҳо ҳамчун воситаи муошират метавонанд дар марҳилаи пешниҳоди маводи таълимӣ истифода шаванд, барои омӯхтани маводи таълимӣ мустаҳкамкунии амалии он имкон фароҳам оранд.

Дар доираи татбиқи ин усули автоматикунонии идоракунии раванди таълим, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чунин дастовардҳои технологияҳои нави иттилоотӣ дар соҳаи маориф, ба монанди тахтаҳои электронӣ, почтаи электронӣ, телеконференсияҳои компютерӣ, низоми телекоммуникатсионӣ ва алоқаи моҳвораӣ истифода бурда мешавад.

Ин воситаҳо метавонанд дар татбиқи идоракунии раванди таълим бевосита дар маврди исифодаи барномаҳои таълими фосилавӣ ширкат варзанд.

Технологияҳои компютериро дар таҳсилоти фосилавӣ дар якҷоягӣ бо дигар васоити техникии таълим ва дар якҷоягӣ бо ҳама гуна усулҳои дигари таълим истифода бурдан мумкин аст.

Самти дуюми истифодаи технологияҳои компютерӣ барои идоракунии раванди таълим – ин идоракунии маъмурии ташкили таълим мебошад, ки дар автоматикунонии дафтари корӣ, баҳисобгирии молиявӣ, ташкил намудани махзани иттилоот дар бораи хатмкунандагон, истеъмолкунандагон ва ғайра бошад. Яъне, ташкили асоси ягонаи иттилоотии қабули қарор ва таъмини фаъолияти дафтари кории (офиси) худкор (автоматӣ) мебошад. Ин ҷо аллакай сухан дар бораи таъминоти телекоммуникатсионии кори ташкилоти таълимӣ меравад.

Почтаи электронӣ барои фиристодани паёмҳои матнӣ ё файлҳои дорои барномаи компютерӣ, тасвирҳои графикӣ, ҳуҷҷатҳои тавассути муҳаррири матнӣ коркардшуда, ҷадвал ё ҳатто маълумоти аудио ва видео ба як ё якчанд қабулкунандаҳо истифода мешавад.

Тавсия ва пешниҳодҳо оид ба татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқот:

Барои боз ҳам самарабахш намудани ҷараёни таълим дар омодагии касбии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳсилоти фосилавӣ чунин тавсияҳоро ироа мекунем:

  1. Моҳияти таҳсилоти фосилавӣ дар ташаккули малакаву маҳорати кори мустақилонаи донишҷӯ ифода меёбад. Аз ин рӯ, ба донишҷӯ ҷиҳати азхуд намудани малакаву маҳоратҳои кори мустақилона кӯмак намудан шарти асосии татбиқи самараноки таҳсилоти фосилавӣ дар раванди таълим маҳсуб меёбад.

  2. Донишҷӯро ба муҳтавои ибораҳои “таҳсилоти муттасил”, “таҳсил тули тамоми ҳаёт” ба хубӣ ошно намудан зарур аст, зеро дар шароити кунунии тағйироти босуръати иттилоот маҳз таҳсилоти фосилавӣ ва дарки муттасилии таҳсилот тули тамоми ҳаёт имкон медиҳад мутахассис дар бозори муосири меҳнат рақобатпазир бошад.

  3. Донишҷӯёнро ба дарёфти услуби инфиродии фаъолияти таълимӣ роҳнамоӣ намудан.

  4. Аз лиҳози психологӣ омода намудани донишҷӯён ба таҳсил дар шароити тағйирёбанда шарти асосии татбиқи босамари раванди таҳсилоти фосилавӣ мебошад.

  5. Зарур аст, ки роҳҳои дуруст истифода бурда тавонистан аз технологияи муосири таълим дар таҳсилоти фосилавӣ ба омӯзгорон ва донишҷӯён пухта омӯзонида шавад.

  6. Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар асоси талаботи Стандарти давлатии таҳсилот ба донишҷӯён дастрас гардонида шавад.

  7. Захираҳои электронии таълим мутобиқи талаботи стандартҳои давлатии таълимии ихтисос тартиб дода шуда, дастраси истифодабарандагон гардонида шавад.

  8. Нақшаҳои таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ барои азхуд намудани маҷмӯи барномаҳои таълимӣ буда, дар муҳити таълимию иттилоотии электронӣ ҷойгир карда шаванд.

  9. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳсилоти фосилавӣ бояд диққати бештар ба маҷмӯи таълимию методии электронӣ зоҳир карда шавад, ки барои азхуд намудани барномаи фанҳои таълимӣ пешбинӣ мешаванд.

  10. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд муҳити таълимию иттилоотии электроние ташкил дода шавад, ки новобаста аз макони ҷойгиршавиашон дониҷӯён барномаҳои таълимиро азхуд карда тавонанд.

  11. Ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотию иртиботи бояд сурат гирад.

  12. Технологияи таҳсилоти фосилавӣ дар Доникадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент асосан тавассути шабакаҳои иттилоотию иртиботӣ, ҳамкории бевоситаи донишҷӯёну омӯзгорон ва ҳайати таълимию ёрирасон роҳандозӣ карда шудааст, ки минбаъд бояд навсозӣ ва ба талаботи таҳсилоти фосилавӣ мутобиқ карда шавад.

пешина
аз 15