Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Шунидам, ки дар хоки Вахш аз меҳон
Яке буд дар кунҷи хилват ниҳон.


Шунидам, ки бигрист донои Вахш,
Ки, ё Раб, мар ин мардро ту бибахш.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар солҳои сиюму чилуми қарни бист бархе адибон номи водӣ ва рӯди Вахшро шакли вайроншудаи «ваҳш»-и арабӣ мепиндоштанд ва маънидод мекарданд. Тибқи ин пиндори ғалат, гӯё ин сарзамин аз замонҳои қадим нообод буд, аз ин рӯ, онро чун макони вуҳуш – «Ваҳш» номиданд ва рафта-рафта ба «Вахш» табдил ёфт.
Устод Садриддин Айнӣ дар тавзеҳи ду байти мазкури Шайх Саъдии Шерозӣ ин ақидаи ғалатро рад намуда, дар рисолаи номбурдааш чунин менависад: «Баъзе шарқшиносон калимаи «вахш»-ро вайроншудаи калимаи «ваҳшӣ»-и арабӣ фаҳмида, бо як эзоҳи хато вайро «ваҳшӣ» маънидод мекунанд. Дар ҳақиқат, «вахш» калимаи тоҷикии қадим – суғдӣ буда, маънояш «ибтидо» ва «оғоз» аст, ҳам номи шаҳрест дар канори оби Вахш, ки аз ҳама ободониҳои ин сарзамин пештар ва аввалтар бино ёфта буд. Ин шеъри Саъдӣ ҳам ҳаминро тасдиқ мекунад, чунки Саъдӣ дар ин шеър аввалан «хоки Вахш» гуфтааст, ки «мамлакати Вахш» гуфтан аст, дуюм, ӯ ин калимаро бо «бахш» ҳамқофия карда, ба «ваҳшхонон» ҳеҷ роҳ нагузоштааст».
Академик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ «Тоҷикон» калимаи «Вахш»-ро чунин шарҳ додааст: «Охшо», «Оахшо», шубҳае нест, ки ин калима аз вожаи эронии «вахшу» бармеояд. Ба авестоӣ «вахш» «гапи гуфта» буда, дар суғдӣ ба маънои «логос» меояд. Дар забонҳои миёнаи эронӣ ин калима «рӯҳе»-ро ифода мекард, ки баъзан ба оби ҷорӣ алоқаманд мебошад. Дар маъхазҳои ҳиндӣ «вахшу»-ро бо номи «Оксус» медонистанд. Дар ибтидои қарни XI Абӯрайҳони Берунӣ хабар медиҳад, ки хоразмиён «Вахшҳангом» ном ҷашне доранд ва илова мекунад «Вахш» номи фариштаест нозири дарё, аз ҷумла рӯди Ҷайҳун». Дар давраи баъдинаи асрҳои миёна ва дар рӯзҳои мо номи қадимаи рӯди Ому фақат дар шохоби Панҷи Амударё, яъне фақат дар номи рӯди Вахш боқӣ монд, вале худи ҳамин далели он аст, ки маҳз дар ҳамин ҷо, дар ҷануби Тоҷикистон эътиқод ба руҳи парастори оби наҳрҳо – Оахшо (Вахш) махсусан пойдор мондааст»
.

  • Садриддин Айнӣ. Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ. Куллиёт, ҷилди 2, китоби якум, Душанбе: Нашдавтоҷ, 1963, саҳ.126.
пешина
аз 176
навбатӣ