Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Боиси хурсандию ифтихор аст, ки тайи даврони Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия сафари расмӣ анҷом доданд ва зимни сафар турбати Мавлоно Румиро дар шаҳри Қуния зиёрат намуданд. Маҳз бо пешниҳод ва ташаббуси фарҳангдӯстона ва наҷиби Сарвари давлатамон моҳи сентябри соли 2007 800-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар кишварҳои Туркия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бо шукӯҳ таҷлил карда шуд. Ин санаи муҳим ва фархунда дар тамоми нуқоти олам бо қарори Юнеско таҷлил гардид.
Ин ҷо мехоҳем, ки бори дигар бо овардани далелу бурҳони илмию таърихӣ зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ будани водии зарнисори Вахши Тоҷикистонро таъйид ва таъкид намоем.
Бояд гуфт, ки Вахшонзамин таърихи хеле ғанӣ ва бостонӣ дорад. Агар иҷмолан ба таърихи ин сарзамин нигарем, возеҳу равшан дида метавонем, ки ин пораи хоки аҷдодии тоҷикон саҳифаҳои рангин, фоҷеаомезу пурифтихореро дорост.
Бояд гуфт, ки дар байни мардум ақидаи нодурусте роиҷ аст, ки гӯё водии имрӯзаи зарнисори Вахш дар гузашта, яъне то Инқилоби Бухоро як мавзеи ноободу касногузар, ақибмондаву камаҳолӣ, найзору ботлоқзор буд ва танҳо дар солҳои сиюми қарни бист, яъне даврони шӯравӣ обёриву обод ва ба макони «тиллои сафед» ва дигар анвои зироату меваҷоти шаҳдбор табдил дода шуд.
Оё чунин пиндор ва андеша ҳақиқати илмиву таърихӣ дорад? Беҳтараш, барои ба ин суолҳо посухи дақиқ пайдо кардан, саҳифаҳои таърихи ин водии зарнисорро лаҳзае варақ занем.
Нахуст бояд дар бораи номи ин сарзамин сухан ронд, ки он кай пайдо шудааст ва чӣ маъно ва мафҳумро ифода мекунад. Ба ақидаи олимони таърихшинос ва забоншинос калимаи «Вахш» вожаи сирф форсии тоҷикӣ буда, дар замонҳои хеле қадим пайдо шудааст. Нахустин муҳаққиқе, ки маънои калимаи мазкурро дар қарни бистум ҷустуҷӯ карда, шарҳ додааст, устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ мебошад. Ӯ дар рисолаи илмии худ «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» қайд кардааст, ки ин шоири маъруфи ҷаҳонгард водии Вахши тоҷиконро низ саёҳат карда будааст. Шайх Саъдии Шерозӣ дар яке аз ҳикояҳои «Бӯстон» аз мулки Вахш ёдовар шудааст:

пешина
аз 176
навбатӣ