Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

ИСЁНИ МАРО БИНГАР…

Масрурам аз ин соқӣ, фоъил шуда бо нозе,
Ман нози варо нозам, моил шуда бо нозе.

Махмурам аз ин соқӣ, ҳушёр куҷо бинӣ?!
Ҳушёр аз оғозам, зоил шуда бо нозе.

Манзурам аз ин соқӣ в-аз ҷуръаи ин бода,
Сад ҷӯйи ба ҷӯ тозам, нозил шуда бо нозе.

Машкурам аз ин соқӣ в-аз зеру бами созаш,
Ман сози варо бозам, қоил шуда бо нозе.

Мансурам аз ин соқӣ, исёни маро бингар,
Чун боли бапарвозам, ноил шуда бо нозе.

Маъзурам аз ин соқӣ, ҷуз ӯ набувад ёре,
Ёре, ки ба ӯ розам, қобил шуда бо нозе.

Мағрурам аз ин соқӣ, чун ғарра набошам ман,
Бо шоҳ ҳамовозам, соил шуда бо нозе.

Маҳҷурам аз ин соқӣ, маҳҷур наям, на-на,
Чун фазли Аҷамродам, шомил шуда бо нозе.

ш.Бағдод, Ҷумҳурии Ироқ,
07.04. 1981.

ДАР ИШҚОБОДИ ДИЛАМ…

Дар ишқободи дилам меҳри ту аз ҷонам фузун,
Аз ҷуръае сармаст ман, нӯшоби паймонам фузун.

Ё раб, ту субҳони манӣ, з-они туям, з-они манӣ,
Аз қаъри кони раҳматат ганҷи фаровонам фузун.

Дар кишвари рӯҳам зи ту фаввораҳо тирукамон
В-аз зарраи фаввораҳо хуршеди тобонам фузун.

Ман бандаи саргашта не, дарҳо ба рӯям баста не,
Дар гирудори зиндагӣ фотеҳи давронам фузун.

Ҳар ҷо равам бахт оварам, зеро ки ман бахтоварам,
Дар кӯчаҳои бандагӣ ҷумҳури хандонам фузун.

Дасте барам домони ту, бошад сазо сомони ту,
Ҳар бандаат пирӯз бод чун Оли Сомонам фузун!

Дидам Муфаззал розгӯ дар хилвати дунёи дун,
Дунё зи дунҳо пок бод, аз аҳли фарзонам фузун!

ДӮШ АЗ САВДОЙИ ИШҚАТ…

Дӯш аз савдойи ишқат анҷуман нотоб шуд,
Аз қиёми гуфтугӯҳо ҷамъи дилҳо об шуд.

Шом гардид аз ҳадиси ҳусни ту мавҷи шафақ,
Субҳидам ноомада, зулматсаро маҳтоб шуд.

Аз гудози пуршарори кӯраи дилҳои зор
Ҳалқа дар ҳалқа сухан печидаву пуртоб шуд.

Фаршу аршу равзану деворҳо ҳайратфизо,
Чор сӯйи манзили мо беибо меҳроб шуд.

Васфи рӯят маҳфилоройи муҳиббон будааст,
Ихтирооте аҷаб дар олами аҳбоб шуд!

Чун Муфаззал зевари даври самоъи ёди туст,
Ғарқи дарёи хаёлат озими гирдоб шуд.

ШЕЪРИ ХАЁЛ

Дар Каҳкашони дил, ки тиҳӣ бошад аз фурӯғ,
Монанди нур, ай сафи зулматшикан, биё!
Меҳроби дил турост чу маскан, азизи ман,
Соҳибватан биёву ба сӯйи Ватан биё!

Дар хонаи умеди хаёлам бубинамат,
Ҳар соате, ки ёди ту ояд ба ёди ман.
Дар хонаи музайяни сидқу вафо бувад
Симои ту ягонаву нодир бисоти ман!

Биншонамат миёнаи ҷону ба сад тараб
Зону занам муқобили шамъи вуҷуди ту.
Дар партави таҷаллии нури таронаҳо
Ово барам зи оятам андар суҷуди ту!

Бар маснади рафеъи таманно ҳамерасам,
Гар ҳамнафас ту будайӣ, ай холиқи нафас!
Армоншикаста меравам аз даҳр баъди васл,
Ҳам зинда мешавам сари нав аз пайи ҳавас!

пешина
аз 32
навбатӣ