Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
ОЙИНАРӮЯМ…
Ойинарӯям аз фараҳангез рӯйи ту,
Бедоғ бод он маҳи рӯйи накӯйи ту!
Ғайри ту ақли ман нашиносад ягон касе,
З-ин рӯ равад назораи ман ҳам ба сӯйи ту!
Бишнуфтаам зи накҳати боди сабо, ки гул
Моро фиристад атри раёҳин зи бӯйи ту!
Дасти тамаъ ба ҷониби соқӣ набурдаам,
Мастам зи масткории ҷому сабӯйи ту!
Ақдомро таҳарруки ҳар ҷо писанд нест,
Илло шитоб ҷониби меҳроби кӯйи ту!
Оби зулоли чашмаву анҳори беадад
Кай мерасад ба қатраи ширини ҷӯйи ту?!
Шодам зи қисмати худу шукрона мебарам,
Ноил Муфаззалат шуда бар орзӯйи ту!
МАНУ МАН…
Ману ман ҳардуи якто ба ҳам омехтаем,
Ману ман қатраи обему ба ҳам рехтаем.
Ману ман бодапарастем, биё ҳалқаи мо,
Қадаҳи сидқ ба гардан аҷаб овехтаем!
Ману ман кошифи асрори мани дигари ман,
Ҳама ҷо хирмани маънии сухан бехтаем!
Ману манро ту ба сардии нигаҳ бод макун,
Ки мабодо ба сарат боди ғам ангехтаем.
Ману ман бо ту муқобил, ки қабуле набувад,
Зи нифоқи туву асҳоби ту бигрехтаем.
Ба ғазалҳои Муфаззал бирасӣ бо ману ман,
Ба забонат масали пурасал омехтаем.
ҲАЗРАТИ ДӮСТ
Баройи Соҳиби Раҳмонпур
Ҳазрати Дӯст, биё, то дили мо шод шавад,
Маҳфили мо зи қудумат тарабобод шавад!
Ҳазрати Дӯст, биё!
Партави сидқу сафоро ба сари мо бификан,
То дар ин аҳд зи нав силсила бунёд шавад!
Ҳазрати Дӯст, биё!
Сайқали рӯҳ занем аз сари лутфу караме,
Байти нав дар ҳаваси «Маснавӣ» эҷод шавад!
Ҳазрати Дӯст, биё!
Мазраъи дил бикушуда, ҳама ҷо гул корем,
Кишвар ин ваҳдати мо дида гулобод шавад!
Ҳазрати Дӯст, биё!
Дарси маънӣ сабақ овар ба ман, ай Мавлоям,
Шояд ин бандаи хокӣ чу ту устод шавад!
Ҳазрати Дӯст, биё!
Ояти меҳру вафоро ту дигар бор бихон,
То ки дар хотираам азбару азёд шавад!
Ҳазрати Дӯст, биё!
Чун Муфаззал ба ҳадиси ту мушарраф гардад,
Табъи ӯ ойинабандону худодод шавад!
Ҳазрати Дӯст, биё,
Ҳазрати Дӯст, биё!..
ГАВҲАРИ ҶОН
Андар булӯри ҷони ман, ҷоне дигар аз ҷони ту,
Маъмур бошад ҷони ман шому саҳар аз ҷони ту!
Дар мағз – мағзи ҷони ман ҷони ту гар пайдо набуд,
Вайрона будӣ ҷони ман бе ин гуҳар аз ҷони ту!
Нурофарин, зулматшикан дар водии ҷонам туйӣ,
Тасхир мекун ин Ватан, шамсу қамар аз ҷони ту!
Ай ҷонато, ай ҷонфизо, қурбони ҷонат ҷони ман,
Ман бандаи ҷони туям, султони фар аз ҷони ту!
Ойинае андар Хутан – ҷонат миёни ҷони ман,
Дидам, ки хушсурат бувад ин хушназар аз ҷони ту!
Ай холиқи радду бадал, ҷони азал, ҷони ғазал,
Шеъри Аҷам – шеъри ғазал, ин симу зар аз ҷони ту!
Дар коиноти ҷони ман кавну маконат ҷовидон,
Ин ҷовидон, ай ҷовидон, то мухтасар аз ҷони ту!
Ман як Муфаззал будаам дар давлати ҷону хирад,
Сад давлати ҷону хирад бо ин зафар аз ҷони ту!
ш.Бағдод, Ҷумҳурии Ироқ,
02.02.1981.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор