Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ даҳ шабу рӯз бад-он оин борон овард. Он заҳри храфастрон, ки дар замин буд, ҳама дар он об биёмехт, он обро меҳтар12 шӯр бикард. Он чӣ дар замин бимонад, аз он тухма храфастрон падид ҳамеомаданд.
Пас бод он обро ба ҳамон оин то ба сар расидани се рӯз, ба сӯй-сӯи замин бознишонид. Се дарёи бузургу сӣ дарёи кӯчак аз он падид омад. Ду чашма-дарё низ аз ӯ ба пайдоӣ омад: яке Чайчаст, яке Сувар, ки эшонро (=дарёҳои бузургу кӯчакро) сарчашма ба чашма-дарё пайвастааст.
Ӯ аз сӯи Шимол ду рӯд битозонид, яке ба Хуросон, яке ба Ховарон шуданд, ки Арвандрӯду Веҳрӯд аст. Чунин гӯяд, ки бад-он болои ангушти (худ). Ҳурмазд буни ду обравро13 фароз кашиду он ҳарду рӯд ба ҳарду сари замин бигарданд ва ба дарёи Фарохкард боз ба ҳам омезанд. Ҳангоме ки он ду рӯд битохта буданд, пас аз ҳамон сарчашмаи эшон ҳаждаҳ рӯди новарӯ битохт; сипас, дигар рӯдҳо аз он (рӯдҳои) новарӯ фароз тохтанд. Эшон низ ҳамагӣ боз ба Арванду Веҳ резанд, ки аз эшон бувад судбахшии геҳону беш зистани14 офаридагон.
Ин нахустин набардро Об бо Аҳриман кард. Седигар набардро Замин кард. Ҳангоме ки Аҳриман дартохт, замин биларзид. (Аз) он гавҳари кӯҳ, ки дар замин офарида шуда буд, бар асари ларзиши замин, дар замон, кӯҳ ба рӯяш истод: нахуст Албурзи эзидибахт (бар канораш замин)15, сипас дигар кӯҳҳои миёнаи замин; зеро чун Албурз фаро руст, ҳамаи кӯҳҳо ба рӯиш истоданд, зеро ҳама аз решаи Албурз фароз рустанду бад-он замон аз замин бар омаданд, чун он дарахтон, ки ток ба (боло) ва реша ба зер тозонанд. Эшонро реша яке ба дигаре он гуна гузаранда шуду ба ҳам пайваста бигашт (ки), пас аз он заминро ба шигифтӣ ларзондан натавон.
Чунин гӯяд ба «Дин», ки кӯҳ бузургтар банди заминҳост. Гузари чашмаи обҳо дар кӯҳ аст. Решаи кӯҳҳоро зеру забар бинҳод, ки (обҳо) бад-он дартозанд; ҳамон гуна, ки решаи дарахтон дар замин гузарад ва ба монанди хун, ки дар рагҳост, ки ҳамаи танро зӯр диҳад.
Дар омор, ҷуз Албурз, ҳамаи кӯҳҳо ба ҳаждаҳ сол аз замин баромаданд, ки ёриву16 суди мардумон аз эшон аст. Чунин гӯяд, ки (кӯҳҳо) барои сури Осурнон, ва артишторону вастрйушон фароз офарида шудаанд.
Ин нахустин набардро Замин бо Аҳриман кард.
Чаҳорум набардро Гиёҳ кард. Он гоҳ ки хушк бишуд, Амрдод Амшоспанд, ки гиёҳ аз они ӯст, он гиёҳро хурд нарм кард бо обе, ки Тиштр бистад, биёмехт. Тиштр он обро ба ҳамаи замин биборонид. Бар ҳамаи (замин) гиёҳ чунон бируст, ки мӯй бар сари мардумон. Аз он як навъ моявар, барои боздоштани даҳ ҳазор беморӣ, ки Аҳриман бар зидди офаридагон сохт, даҳ ҳазор (навъ гиёҳ) фароз руст. Аз он даҳ ҳазор, яксад ҳазор навъ дар навъ гиёҳ фароз руст. Аз он ҳама тухми гиёҳон, дарахти бастухма фароз офарида шуд. Дар дарёи Фарохкард фароз руст, ки ҳама навъ гиёҳро тухм бад-он дарахт аст ва аз ӯ ҳамерӯянд. Наздик бад-он дарахт дарахти Гаукарана офарида шуд, барои боздоштани пирии баддам17. Ёварии бисёр ҷаҳон аз ӯ буд.

пешина
аз 314
навбатӣ