Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Аммо (дар мавриди) канизи чангсарои некӯ дар шабистон (он канизаки чангсарой беҳ), ки садояш баланд ва хушовоз (ва) низ барои он кор бисёр шоиста аст ва бо вансарой дар меҳмонии бузург ҳеҷ хунёгар(е) баробар нест.
- Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 65. Даҳум фармоид пурсидан, ки андар майи (якум ва) дувум, севум ва чаҳорум, панҷуму шашум ва ҳафтум чӣ гӯӣ?
- Редаг гӯяд, ки анӯша бошед, (эй) бартарини мардон! Андар майи нахуст буи хуб, дувум дорина ва севум ҳалилаи парварда, чаҳорум хомиз ва панҷум базмовард, шашум шомбеҳ ва ҳафтум равғани андуда бихуфта.
- Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 68. Ёздаҳум фармоид пурсидан, ки кадом гуле хушбӯйтар аст.
- Редаг гӯяд, ки анӯша бошед, (эй) бартарини мардон! Гули ёсуман хушбӯтар аст, чи бӯяш чун буи худоён3 мемонад.
- Гули хусравро бӯй чун бӯи шаҳриёрон. 71. Гетиро бӯй чун бӯи (инсони) нажода.
- Гули сурхро бӯй чун бӯи (дӯстон). 73. Наргисро бӯй чун бӯи ҷавонӣ. 74. Хайрии сурхро бӯй чун бӯи дӯстон. 75. Хайрии зардро бӯй чун бӯи зани озода, ки руспӣ нест. 76. Кофурро бӯй чун бӯи дастурӣ. 77. Вусмани сапедро бӯй чун бӯи фарзандон. 78. Вусмани зардро бӯй чун бӯи зани озода, ки руспӣ нест. 79. Савсани сапедро бӯй чун бӯи дӯстӣ. 80. Ва марвориди шеронро бӯй чун бӯи модар. 81. Марви сапедро бӯй чун бӯи падарон. 82. Бунафшаро бӯй чун бӯи канизакон. 83. Шоспарамро бӯй чун бӯи азизон. 84. Муваррадро бӯй чун бӯи деҳбадон. 85. Нилуфарро бӯй чун бӯи тавонгарӣ. 86. Марзингӯшро бӯй чун бӯи пизишкӣ. 87. Сапедаро бӯй чун бӯи беморон. 88. Палангмушкро бӯй чун (бӯи) некӣ. 89. Кӯпалро бӯй чун (бӯи) хусравӣ. 90. Настаранро бӯй чун (бӯи) пирзан. 91. Манҷи нашкуфтаро бӯй чун (бӯи) зани комагӣ ва замонӣ, ки шукуфта шавад (онро) бӯй чун бӯи азизон.
- Сисамбрро бӯй чун (бӯи) озодагӣ. 93. Бӯи ин ҳама гулҳо дар баробари ёсуман чизе хор аст, чи (онро) бӯй ба бӯи худоён монанд.
- Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 95. Дувоздаҳум фармоид пурсидан, ки кадом зане беҳтар аст?
- Редаг гӯяд, ки анӯша бошед. Зан он беҳтар, ки бо андеша (ва) марддӯст (бошад). Ӯро афзунии (вазн) набошад. (Ӯро) боло мутавассит, сина паҳн, сар, кун, гардан мавзун, пояш кӯтоҳ ва миён борик, зери пой гудидор, ангуштон баланд, андомаш нарму тупр ва ба пистон ва нохунаш барфин, гунааш аноргун, чашмаш бодомин ва лаб басдин ва абрӯ тоқдис, дандон сапед, латифу хушоб ва гесӯ сиёҳу барроқ (ва) дароз (бошад) ва ба бистари мардон сухани бешармона нагӯяд.
- Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 98. Шоҳаншоҳ гуфт, ки бисёр занкома ҳастӣ? 99. Редаг гуфт: ки анӯша бошед, (эй) бартарини мардон! Ки он даҳ ҳазор канизакро (ки) андар кӯшки салтанатии ту ҳастанд, эшонро ин (бояд) кома (ва) эшонро ин чиз (бояд) камоли бартарӣ (бошад), ки ромиши шуморо гуфтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор