Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

13-14. Ба умеди кори некӣ бузург гуноҳ макунед. Ба ҷавонӣ густох мабошед, (эй) мардумони маргманд, чи бисёр касон ба барноӣ аз чаҳон даргузаштанд ва несту нопайдо шуданд. Буданд (касоне ки) то дер замон зистанд, аммо ба фарҷом низ бояд дар гузаштан ва несту нопайдо шудан.
15. Аммо акнун ин кунам, ки чизи он дунявӣ дер замон бояд бипояд ва вайрон нашавад.
16. [Аз] тан биандеш, ки кори гетӣ бигзарад, он колбади гиромиву нозук ба ҷойгоҳи фаромӯшон баранд, он ҷо ниҳанд ва ёд накунанд (ва) рӯз ба рӯз фаромӯштару аз ёд рафта бувад. Бувад, ки пайкор кунанд ва номи муқаддас наситоянд. Ман, ки равон ҳастам ва ситоишро сазовор, аз ту, [эй] тан, мустаманду гиламанд бошам.
17. Дорам андарзе аз доноён, Аз гуфти пешиниён. Ба шумо бигузорам, Ба ростӣ андар ҷаҳон, Агар ин аз ман пазиред, Бувад суди ду ҷаҳон. 18. Ба гетӣ густох мабед,6 Бас орзу андар ҷаҳон. Чӣ гетӣ ба кас наҳиштанд,7 На кӯшку (на) хону мон. Шодӣ ба дил чӣ хандед, Ва чӣ нозед гетиён. 19. Мардумоне чанд дидам, Бас [орзу?] андар ҷаҳон. Худоёне чанд дидам, Меҳ сардорӣ бар мардумон. Эшон ба беш пиндорҳо, Бирафтанд андар ҷаҳон. Эшон бероҳ шуданд, Бо дард рафтанд, бе сомон. 20. Ҳар ки чунин дид, чаро Дил бандад андар ҷаҳон? Надоред гетӣ ба сипанҷ, Ва [на] тан ба осон8 Ва кирдори нек ба кор доред, чунки фардо он ҷой бояд шудан, ба (пеши) довари рост. Шоду дарозумр ва фарруху росткирдор ва пирӯзгару комгор (бошед).
Анҷомид ба дуруду шодӣ ва ромиш.
АНДАРЗИ ХУСРАВИ КАВОДОН1
Ба номи Яздон, ба фоли нек.

  1. Эдун гӯянд, ки Анӯшаравон Хусрави Каводон ба ҳангоми марг, пеш аз он ки ҷон аз тан ҷудо шуд, ба андарз ба ҷаҳониён гуфт, ки чун ин ҷон аз тани ман ҷудо шуд, ин тахти ман бардоред ва ба дахма бареду ба дахма ниҳед ва ба сари ҷаҳониён бонг кунед, ки мардумон аз гуноҳ кардан парҳезед ва ба накӯкорӣ кӯшед ва моли гетӣ хор доред, ки ин он аст, ки дирӯз ин тан буд, ки ин мардум ба се гом наздиктар бад-он буданд ва (он) ба ҳар гоҳу замон росткирдорӣ ва моли гетӣ биафзуд, ки имрӯз баҳри нопокии хеш ҳар ки даст ба рон ниҳад, ба баршнум2 бояд шустан, вагарна ба парастиши Яздону гуфтугӯи некон нагузоранд. Дирӯз шукӯҳи шоҳиро даст ба касе надод, ки имрӯз баҳри нопокияш ба рон наниҳад.
  2. (Эй) мардумони ҷаҳон, некбахт бошед! Биравед амал кунед ба пиндори росту кори барзгарӣ. Ба кори ҷаҳониён кӯшо ва ҳушёр бошед.
  3. Оину паймон ба кор доред ва дар кору додситонӣ бузургманишу росту бо ростон ҳамсухан бошед.
  4. Андарзгӯёни (барои) равонро андарзшунав (бошед). Ба андоза кору паймон кунед.
  5. Ба баҳраи хеш қонеъ бошед ва баҳраи дигар касон марабоед.
пешина
аз 314
навбатӣ