Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
[99] Пас Видрафши ҷоду пеши пойи ӯ уфтод ва гуфташ: «Бар ман асп зин кунед то ман биравам».
[100] Ва аспи оҳанин (симин)-суми Зарир барои ӯ зин карданду Видрафши ҷоду бар ӯ барнишаст ва ӯ жупине, ки дар дӯзах ба дасти девон сохта шуда буду бо заҳру гуноҳои андуда шуда буд, ба даст гирифт ва суйи овардгоҳ (размгоҳ) шитофт ва чун дид ки Бисатвар чи гуна корзор кунад пеш омадан найёристу ниҳон аз пасаш наздик бишуд…
[101] Баствар [ба ӯ] нигоҳ кард ва гуфт(аш), ки «Ай друванди ҷоду, фуруд ба пеши ман биё, ки ман бар зин хуб нишастаам ва борак (асп) ҳам хуб меронам ва тир дар картир (тирдон) дорам, агар ҳам дур андохта наметавонам, биё то ҷони ширинатро-чунонки ту ҷони ширини падари ман сипоҳбади таҳм Зарирро дар биовардӣ аз ту дур бикунам»
[102] Ва чун Видрафши ҷоду густохона (ҷасурона) ҷой (назди) Баствар бирафт, он бораки (асп) сиёҳи симинсуми Зарир чун бонги Баствар бишнуфт попархам (чаҳорпой) бар замин истоду 999 бонг дар дод (кард).
[103] Ва Видрафш жупине андохт ва Баствар ба даст онро пазируфт (гирифт).
[104] Ва равони Зарир бонг кард, ки «Байафкан аз даст он жипинрову аз кантири (тирдон) хеш тире биситон (бигир) ва посухи он друвандро бидеҳ».
[105] Ва Баствар фароз (жупин) аз даст бийандохт ва тире аз кантири (тирдон) хеш баркашид ва ба дили Видрафш заду ӯро ба замин афканд.
[106] Ва…(?) ва ӯ (?) саки (сипар) пурмарвориду заринкӯби Зарири Браҳман биситонд ва бар бораки Зарир нишаст ва аспи хеш фароз ба даст (гирифт) пазируфт ва бас душман кушта-кушта ба ҷое расид ки Гиромиккарт писари Ҷомосп дирафши пирӯзӣ ба дандон дошти ва ба ду даст корзор кардӣ.
[107] Гиромиккард ва он сипоҳи бузург чун Бастварро диданд ҳам сарбасар [ба ҳам] барои Зарир гиристанду (гирйиданду) гуфтанд, ки «Чаро ту омадӣ, ай ридак, [ҳануз] ангушт ба тири тир хаста натавонӣ, парҳез (эҳтиёт) аз размон надонӣ?»
[108] «Накунод худо, ки хийунон биёянду туро бикушанд ва ном бибаранд (номдор шаванд), ки Зарири сипоҳбади Иронро куштаанд ва Баствари писари ӯро»
[109] Пас Баствар гуфт, ки «То ба пирузӣ ту бибар, ай Гиромиккарди пури Ҷомосп, ин дарафши пирӯзиро, чи агар ман зинда ба пеши Виштоспшоҳ мерасам (бирасам), ба ӯ ман мегӯям ки чӣ гуна ту таквор (диловарони) корзор кардӣ».
[110] Пас Баствар асп фароз ҳилид ва душман (он) бикушт ва то ба ҷое расид, ки он йали тахт Спиндадод (Исфандиёр) корзор кардӣ
[111] Спиндадод чун Бастварро дид, он сипоҳи бузурги Ирон ба Баствар биҳишту (бигузошт) ба сари куҳе бирафт ва 12
бевар сипоҳӣ аз сари куҳ биронду ба даст афканд то ба ихтиёри Гиромиккард бисупорад.
Ва Гиромик кард ҳар чи тавонист бикушт ва ба сӯйи Баствар сипухт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор