Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТОҶНОМА
Силсилаи Тоҷикон дар масири тамаддун
МЕРОСИ ХАТТИИ БОСТОН
СИЛСИЛАИ МАЗКУР БО ҲИДОЯТ
ВА ДАСТГИРИИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
БА ЧОП РАСИД
СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ИН ҶИЛД
Қадру қиммати осори бостонии хаттӣ, археологӣ, кишоварзӣ, меъморӣ ва тамоми гунаҳои дигари тамаддуни ориёӣ, ки моли пешгузаштагони номовари мо мебошанд, дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ мусаллам ва мӯътабар аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин матлаб Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маъхазҳои дасти аввали таърихиву адабиро, ки аз аҳди бостон ба забонҳои гуногун ба ёдгор мондааст, ҷамъовариву тадвин намояд ва ба ихтиёри хонандагони гиромӣ гузорад. Дар ин замина тарҷумаи китоби муқаддаси Авасто ба нашр расонида шуд. Осори арзишманде, ки муҳтавои ин ҷилд ва ҷилди ояндаро фароҳам овардаанд, маҷмуаи нисбатан мукаммали ёдгориҳои хаттии ниёгони мо дар аҳди бостон маҳсуб мешаванд. Сарчашмаҳои таърихие, ки ба забонҳои юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ, арабӣ ва ғайра таълиф шуда, роҷеъ ба ин тамаддуни ҷаҳонафрӯзи бостонӣ матолиб ва мадорики муҳимро дар бар гирифтаанд, ҳамчунин осоре, ки аслан аз байн рафта, тарҷумаашон ба ин забонҳо маҳфуз мондааст, асоси ҷилдҳои оянда хоҳад буд.
Маълум аст, ки ба тамомӣ тадқиқу таҳқиқ кардани осори бостонии аҷдоди мо қаблан мушкилиҳое дошт, ки аз ҳама асосиаш надоштани истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон буд. Аз файзу шарофати истиқлоли сиёсӣ акнун шароит муҳайё шуд, ки мо ҷиддан ба тадқиқи осори тоисломӣ машғул шавем. Дар ин самт ҳам пешоҳанги ҷунбиши барозандаи худшиносӣ Президенти арҷманди мо Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ошноӣ бо осори ин ҷилд як қадами мустаҳками дигар моро ба хештаншиносӣ мебарад. Ҳадди ақал хонандаи тоҷик дар асоси мутолиаи осори бостони аҷдоди худ сареҳан эътимод мекунад, ки дар ин даврони бисёр қадим ва пуршараф гузаштагонаш тасаввуроти комил дар бораи бурҷҳои кайҳонӣ, шинохти ситораҳо, дарёнавардӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, биҳишту дузах, пули Сирот, муборизаи бетанаффуси некиву бадӣ, таззоди ҷовидона, Худои Якто, фариштаву малоик, гиёҳдармонӣ, корддармонӣ, сухандармонӣ, арзишҳои инсонӣ, ки бештари онҳо то ҳануз аҳамияти умумибашарии худро нигоҳ доштаанд, аз таълимоти ба истилоҳи имрӯза экологӣ ва ғайраву ғайра бархурдор будаанд, яъне гузаштаи саршор аз маданияти арзишманд, саргузашти шоистаи ифтихор ва сарбаландӣ.
Дар ин ҷилд қисме аз осори қадима ба тозагӣ аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик тарҷума ва таҳия гардидааст. Қисмате дигар маҳсули заҳматҳои олимони мӯътабари Эрон ва ҷаҳон аст, ки бо камоли сипосгузорӣ истифода карда шуд.
Ин ҷилдро мо як пойгоҳи муносиб ва заминаи устувор барои кӯшишҳову ковишҳои оянда медонем. Дар айни замон умед дорем, ки ин иқдом аз ҷониби донишварони салоҳиятманди Ватани азиз ва дӯстони хориҷии мо идома хоҳад ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор