Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Ин гиряю нола, баҳсу мунозира, зорию тавалло ва маслиҳату мадоро чор соат давом кард. Дили ғамдидаи Содиқ ба ҳоли зори Лоиқу падараш сӯхт, лекин аз бахту саодат, Сафаргул ва ному насаб – давомдиҳандаи умру авлодаш – Орзуҷон чӣ хел ва чӣ тавр ҷудо шавад? Ӯ дар миёни чор дарёи бало ва обу оташ тахтабанд буд. Ӯ дар гирдоби фикру хаёл ғарқ шуд. Кист маслиҳатгараш, ӯ чӣ кор кунад? Фақат аз лутфи Худованд умеди раҳоӣ меҷӯст, то ки аз ин балои қазову қадар раҳоӣ ёбад. Рӯҳи поки мавлояш, ҳазрати Мавлавиро ёд карда, ба даргоҳи Холиқи бениёз муноҷот мекард, то ки аз мурғи бахташ ҷудо нашавад. Дар охир ӯро Худованд рӯҳу илҳом бахшид ва қуввату маҷоли сухан гуфтан пайдо кард. Ба ҷониби Сафаргул нигарист ва бо ду даст ишора карда, гуфт:
Ҷону дилам аз ғамат харобанд, бубин! Мижгон ҳама ғарқи хуни нобанд, бубин! Дар ашки ман ин ду мардуми дидаи ман, Гӯӣ, ки саворагони обанд, бубин!
Сафаргул ба ҷавоби Содиқи дар гирдоби бало афтода гирён-гирён гуфт:
Дил бе рухи ту ба умри ширин накунам, Ҷуз хоки сари кӯйи ту болин накунам. Гуфтӣ, ки зи баҳри ман фидо кун ҷонро, Эй ҷон, ба фидоят чӣ кунам, к-ин накунам?!
Лоиқи маҷрӯҳи бепой Умедҷонро ба канор кашида, гирён шуда, гуфт:
- Эй Худоё, дастам бигир, ки дар кӯйи бечорагию дарбандӣ дармондаам, ғайр аз раҳмати поки ту дигар касею даргоҳе надорам! Даргоҳи бениёзи ту бандагони осию бадбахт, гумроҳу пургуноҳро аз ҳазорон балову дарду заҳмат, ранҷу банду кулфат маконест наҷотбахш, замонест ҳаётбахш! Имрӯз аз сари дармондагию бечорагӣ, заифию оҷизӣ, аз сари сидқ, аз қалби бишкастаи нолоиқ дар роҳи аҳду вафо, баҳри хайру сахо ба даргоҳи ту, эй Холиқи мушкилкушо, рӯй овардам ва муноҷот мекунам, ки гиреҳи ин муаммои сарбастаи маро бикшо! Охир, мани маслуқ бо ин ду пойи бурида, бахти баргашта, қалби шӯрида аз дари хонаи ту, эй ҷавонмарди нексиришт, Содиқҷон, куҷо равам?! Ҷавонмардӣ, боварӣ дорам, ки қалби ту ба ҳоли зори мани бадбахт месӯзад!
Кӯйи ту, ки ҷуз хок набезад ин ҷо, Биншинаму то зи ҷон нахезам ин ҷо. Ҷое, ки нишастаам, бихезам, бимирам, Гар хуни худ аз ҷигар нарезам ин ҷо!
Содиқҷон, ба ҳурмати Худое, ки замину осмон ва ҳаётро офарид, ба ҳурмати хотами пайғамбарон, ки ба шарофати ин Расули охирзамон мову шумо мусулмон шудем, ба ҳурмати Домуллои Сурхиён, ки ба шарофати ӯ Худованд ба мо Умедҷону Орзуҷонро дод, раҳме бикун ба ҷони нимҷони ман!
Ин суханони дилтасхиркунандаи Лоиқ қалби боимону поки Содиқро сӯзонд, ки гуфт: - Ман ҳам дар давоми ин се-чор рӯз хоб накардам, ба ҷойи нон ғам, ба ҷойи об хун хӯрдам. Назди домуллоҳои бузург рафта саволу ривоят пурсидам. Онҳо низ ба ман ривоят доданд, ки дар давоми се сол касе аз зинда шудани ту хабар наовард ва ту низ дар давоми ин се сол аз зинда буданат касеро хабардор накардӣ, никоҳи ман никоҳи шариатист. Эй марди маҷрӯҳ, дилам ба ҳоли зори ту сӯхт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор