Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

в) эҳтиёткории бе тарсу ҳарос; г) таҳаммул ҳангоми зуҳуроти ҳаяҷон; д) аз рӯи андеша будани рафтору кирдор; е) мавҷудияти хоби чуқури шабона.
Дар баробари ин аз бемувозинатӣ ва бартарии протсессҳои ҳаяҷон чунин сифатҳо ба монанди бадқаҳрӣ, зуҳуроти пурҳаяҷон, нигоҳ дошта натавонистани ҳаяҷонҳо (ваҷд, шодии пурҷӯшу хурӯш), набудани эҳтиёткорӣ, рафтору кирдори беандеша ва хоби бероҳат шаҳодат медиҳанд.
Аломатҳои зерин серҳаракатии протсессҳои асабиро тавсиф медиҳанд:
а) бо осонӣ мутобиқ шудан ба муҳиту шароитҳои нав; б) ба таъсироти гуногун тез ҷавоб гардонидан; в) майл доштан ба дигар кардани таассуротҳо, иваз намудани шавқу мароқҳо ва дилбастагиҳо, муҳаббат ба саёҳату экскурсияҳо; г) тез ивазшавии ҳаяҷонҳо; д) ҳозирҷавобӣ ҳангоми суҳбат ва зуҳуроти чаққонӣ дар вазъиятҳои нав; е) тез аз худ намудани дониш ва малакаҳои нав; ж) интихоби тези амалу кирдорҳо; з) суръати тези нутқ ва ҳаракат.
Сифатҳои зерин аз сустии протсессҳои асабӣ дарак медиҳанд:
а) суст мутобиқшавӣ ба шароитҳои нав; б) ба таъсиротҳои гуногун бо сустӣ ҷавоб гардонидан; в) набудани ҳозирҷавобию чаққонӣ; г) суст одат намудан ба шароити нав, устуворӣ зоҳир намудан дар шавқу ҳавасҳо ва дилбастагиҳо, майл ба консерватизм (кӯҳнапарастӣ); д) бо андешаи дуру дароз гузаронидани амалу рафтори иҷрошаванда;

пешина
аз 223
навбатӣ