Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Гиппократ фарқҳои индивидуалии одамонро дар чор намуди мизоҷ дида баромадааст:
а) сангвиникҳо – дар мувозинат, серҳаракат, улфатпазир ва мутаассиршавандаанд; б) флегматикҳо – ботамкин, сусткор, боандешаанд; в) холерикҳо – чусту чолок, аз ҳад зиёд серҳаракат, сабук ва ҳаяҷонпазиранд, баъзан фаъолии онҳо ба ҳолати беғайратӣ ва рӯҳафтодагӣ табдил меёбад; г) меланхоликҳо – дамдузд, тарсончак, беҷуръат, дилтанг, ба қувваи худ эътимод надоранд.
Дар ин таснифи мизоҷ асосҳои муносибати индивидуалӣ намудан ба беморон низ ифода ёфтаанд. Мизоҷ хусусиятҳои модарзодии индивидуалии устувори шахс мебошад, ки кам тағйирёбанда буда, дар тӯли тамоми ҳаёти ӯ зоҳир мешаванд. Дар заминаи мизоҷ дигар хусусиятҳои муҳими фардии одамон ташаккул меёбанд.
Аз нуқтаи назари И.П. Павлов мизоҷ тавсифдиҳандаи асосии системаи асаб буда, ба тамоми фаъолияти ҳар як фард тарҳи муайяне мебахшад. Функсияи боискунандаи мизоҷ дар мутаассиршавандагии эмотсионалии протсессҳои асабии одам равшан зоҳир мешавад.
И.П. Павлов асосҳои нейрофизиологии мизоҷи одамонро кор карда баромад. Ӯ вобаста ба хосиятҳои протсессҳои асаб 4 типи фаъолияти олии асабро муайян намуд, ки ба таснифоти Гиппократ мувофиқ меоянд:
а) типи зӯр, мувозинатнок ва серҳаракат сангвиник мебошад; б) типи зӯр, мувозинатнок ва камҳаракат флегматик ба ҳисоб меравад; в) типи зӯр, бемувозинат ва ҳаяҷонпазир ба мизоҷи холерикӣ мувофиқ меояд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор