Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
инъикос ёфта, шиддати иродавиро ба вуҷуд меоваранд ва барои паст кардани он маҳз амалҳои иродавӣ зарур мешаванд.
СИФАТҲОИ ИРОДАВИИ ШАХС
Мақсаднокӣ, қатъият, суботкорӣ, худдорӣ, мустақилӣ – чунинанд сифатҳои иродавии одам дар фаъолият.
Мақсаднокӣ – ин маҳорати рафтори худро ба мақсади аҳамияти муҳими ҷамъиятӣ дошта тобеъ кардан мебошад. Ин сифати шахс дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсии одам зоҳир шуда метавонад.
Қатъият – ин қобилияти сари вақт қабул кардани қарори аниқу устувор ва бе таъхири зиёдатӣ ба иҷрои он шурӯъ кардан мебошад.
Қатъият ҳамчун сифати шахс аз дараҷаи баланди инкишофи ирода дарак медиҳад. Сифати муқобили он бечуръатӣ мебошад, ки дар духелагии фикр ва ҳиссиёт зоҳир мешавад. Одам дар ин ҳолат мақсад ва роҳҳои номувофиқи ба мақсад расиданро интихоб мекунад, бе ҳеҷ ҷидду ҷаҳди иродавӣ бо саросемагӣ қарор қабул мекунад.
Суботкорӣ дар қобилияти муддати дароз равона ва назорат кардани рафтор мувофиқи мақсади гузошташуда зоҳир мешавад. Одами суботкор на танҳо ҳолатҳои ба вуҷуд омадаро, ки дар онҳо фаъолияти ӯ мегузарад, истифода мебарад, балки мустақилона шароитҳои боз ҳам мусоидаттарро низ фароҳам меоварад.
Агар суботкорӣ аз вуҷудияти сифатҳои иродавии шахс дарак диҳад, он гоҳ якравӣ, баръакс, аз набудани ирода гувоҳӣ медиҳад.
Худдорӣ – ин қобилияти худ ва рафтори худро назорат кардан, худ ва хоҳишу ҳиссиёти худро идора карда тавонистан мебошад. Ин сифати иродавӣ барои бартараф намудани монеаҳои ботинии ба рафти фаъолият халалрасонанда мадад мекунад. Чунин одам тобовар ва пурсаб аст.
Мустақилӣ ҳамчун сифати иродавӣ дар маҳорати бо ташаббуси худ мақсад гузоштан ва пайдо кардани роҳҳои ноилшавӣ ба он ифода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор