Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

Дар психология чунин таснифоти ҳиссиёт қабул шудааст: 1) ҳиссиёти ақлӣ (маърифатӣ); 2) ҳиссиёти ахлоқӣ; 3) ҳиссиёти эстетикӣ.
Ҳиссиёти ақлӣ ҳамчун ҳиссиёти олӣ дар ҷараёни фаъолияти фикрии одам (ҳайрат, боварӣ, шубҳа ва ғ.) ва ҳангоми баҳо додани ҳодисаҳои иҳотакарда, одамон, предметҳо (ҳисси ҳаҷв, истеҳзо ва ғ.) ба вуҷуд меояд.
Ҳиссиёти ахлоқӣ дар протсесси фаъолияти якҷояи одамон ҳамчун муносибати одам ба рафиқон, кор, меъёрҳои рафтор зоҳир мешавад ва тараққӣ меёбад. Ба инҳо таалуқ доранд: ҳиссиёти рафоқат ва дӯстӣ, коллективизм ва ватандӯстӣ, ҳиссиёти вазифашиносӣ ва виҷдон.
Ҳиссиёти ахлоқӣ бештар шахсияти одам, ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди ӯро тавсиф медиҳад. Ҳиссиёти ахлоқӣ монанди дигар намудҳои ҳиссиёт водоркунандаи дохилӣ, мароми рафтору фаъолияти одам мебошад. Аз ин рӯ дар назди мактаб вазифаи тарбияи ҳиссиётҳои баланди ахлоқӣ меистад. Ҳиссиёти эстетикӣ ҳангоми идрок ва офаридани асарҳои санъат ва ҳодисаҳои ҳаёт ба вуҷуд меояд.
Эмотсия ва ҳиссиёти одам қувваи гуногунро дошта метавонад ва он ба хусусиятҳои индивидуалии шахс, хосиятҳои характерноки объект, ки ба он муносибати ҳиссӣ равона мешавад, вобаста аст. Вобаста ба қувваи майли зоҳиршуда ба ин ё он объект ҳиссиёти рағбат ва мароқро фарқ мекунанд. Рағбат ҳиссиёти пурқувват, устувор ва дарозмуддат буда, ба фаъолияти одам таъсири амалӣ мебахшад, саъю кӯшишҳои иродавии ӯро, ки бо нияти расидан ба мақсад ва ё ба объекти рағбат равона шудаанд, пурзӯр мекунад.
Мароқ ба фаъолияти шахс таъсири нисбатан кам бахшида, чандон устувор нест. Рағбатҳоро аз рӯи сифатҳои шахсии одам фарқ мекунанд. Рағбатҳои мусбат гуфта рағбати равияи иҷтимоӣ доштаи шахсро меноманд, ки манфиати ҷамъиятро ифода менамояд. Рағбатҳои манфӣ бо мақсадҳои худпарастонаи шахс тавсиф дода мешаванд. Чунин

пешина
аз 223
навбатӣ