Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

ки дар тағйирёбии фаъолияти нафаскашӣ, шиддатёбии фишори хун дар рӯй, вайроншавии назми кори дил ва ғ. ифода меёбанд.
Эмотсияҳо бо ҳиссиётҳо алоқаи зич доранд ва аксар вақт байни онҳо фарқ намегузоранд. Бояд қайд кард, ки эмотсияҳо ба ҳайвонҳо низ хос мебошанд. Худи ҳамин ба зарурати фарқ кардани эмотсияҳои инсон ва ҳайвон далолат мекунад. Эмотсияҳои инсон вобаста ба сохти мураккаби физиологӣ, мавҷуд будани системаи дуюми сигналӣ ва шуур сифатан аз эмотсияҳои ҳайвонот фарқ мекунанд.
Вобаста ба табиати иҷтимоӣ доштани шуури инсон, дар соҳаи эмотсионалии одам шакли махсуси муносибат ба олами иҳотакарда ба вуҷуд омад, ки он ҳиссиёт мебошад.
Ҳиссиёт чунин ҳолати психикиест, ки муносибати иҷтимоии одамро ба олами моддӣ, ба худ, ба фаъолияти худ ва одамони дигар ифода мекунад. Минбаъд мафҳумҳои «эмотсия» ва «ҳиссиёт» ҳамчун мафҳумҳои бо ҳам наздик ва инчунин аз якдигар фарқкунанда истифода мешаванд.
Ҳиссиёт ва эмотсияҳо дар фаъолияти ҳаётии одам таъсири амиқ мебахшанд. Ҳиссиёт ва эмотсияҳои стеникӣ (рӯҳбахш) ба одам қувват бахшида, ҳаёту фаъолияти ӯро баланд мебардорад, аммо ҳиссиёт ва эмотсияҳои астеникӣ (афтодаруҳӣ) бошад бар хилофи он таъсири ниҳоят бадро расонида, дар пастшавии фаъолияти шахс зоҳир мешавад.
Қаноатманд шудан ё нашудани талаботҳои одам ба пайдоиши ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ сабаб мешаванд. Тағйирёбии ҳолати организм ба дараҷаи қонеъгардии талаботҳои одам вобаста буда, ба эмотсияҳо ва ҳиссиётҳо алоқаманд аст.
С.С. Корсаков моҳияти эмотсияҳоро бисёр амиқ дарк намуда, онҳоро сигналҳое номид, ки ҳолати ботинии организм ва шахсро инъикос менамоянд. Маълум аст, ки ба ҳолати рӯҳӣ эҳсосоти ҷисмонии одам, яъне импульс ва сигналҳое, ки аз узвҳои дохилии

пешина
аз 223
навбатӣ