Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

эмотсионалию нутқии гӯянда ба он чизе, ки ӯ мегӯяд, ба предмети нутқ ва ҳам ба мусоҳиб зоҳир мешавад ва ин ҳам дар лаҳзаҳои гуногуни талаффузшавандаву ифодакунандаи нутқ (мимика, ҳаракат, имо, талаффуз ва ғ.) ифода меёбад.
Асоси физиологии нутқро системаи дуюми сигналӣ ташкил медиҳад, ки танҳо ба одам хос аст. Ҳайвонҳо низ овозҳо ва сигналҳоро ифода мекунанд, лекин ҳеҷ як ҳайвон як калимаро, ки бо ёрии он дар бораи предмету ҳодиса хабар дода мешавад, истифода накардааст.
Намудҳои нутқ. Ду намуди асосии нутқ фарқ карда мешавад: дохилӣ ва берунӣ. Дар нутқи дохилӣ алоқаи фикр бо калима ва ташаккули фикр дар калима ифода меёбад. Вай ҳамчун образи кинестезӣ, биноӣ ё шунавоии калимаҳо вуҷуд дорад ва аз ин рӯ нутқи дохилӣ беовоз аст. Нутқи дохилӣ хусусиятҳои гуногун дорад ва асоситараш характери кӯтоҳкардашударо доштани он мебошад. Нутқи дохилиро аксар вақт нутқи предикативӣ меноманд, чунки объекти нутқ барои субъекти фикркунанда маълум аст ва гӯё он зимнан дар назар дошта мешавад.
Нутқи дохилӣ хусусияти ба нақша гирифтан ва муқаррар кардани фикри ояндаро дорад. Ин ҳамон вақт ба вуҷуд меояд, ки мазмуни нутқи оянда ба гӯянда хуб маълум бошад. Он гоҳ вай ҳангоми нутқи берунӣ шакли калимагиро ба осонӣ гирифта метавонад. Яъне нутқи дохилӣ як лаҳзаи хеле зарурии гузаштан ба нутқи берунӣ буда, дар рафти он мазмуни нутқ фаҳмида гирифта мешавад. Нутқи дохилӣ на танҳо ба протсесси гапзанӣ, балки ба ҷараёни идроки нутқ имконият медиҳад. Яъне шунаванда ба таври ноаён калимаҳои шунидашударо такрор мекунад, ба ҷои калимаҳои ношинос калимаҳои одатшударо мегузорад, ки ин ба фаҳмонидани нутқи ҳамсуҳбат мусоидат менамояд. Нутқи берунӣ дар ду намуди асосӣ зоҳир мешавад: нутқи даҳонӣ (монологӣ ва диалогӣ) ва хаттӣ.

пешина
аз 223
навбатӣ