Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Систематизатсия – ин дар асоси аломатҳои хурд ва ҷузъӣ, ки онҳоро на ҳамаи намояндагони ин ё он синф соҳибанд, ба гурӯҳҳо ва синфҳо ҷудо намудани предметҳо ё ҳодисаҳо мебошад.
Ҷамъбаст ва абстраксия амалҳои махсуси фикрӣ ба шумор мераванд. Ҷамъбаст якчанд дараҷаро дорад. Дар дараҷаи нисбатан пасти ҷамъбасткунӣ амали генерализатсия ҷой дорад, ки бо воситаи он предметҳо дар асоси аломатҳои тасодуфӣ, камаҳамият, асосан зоҳирӣ муттаҳид карда мешаванд. Генерализатсия дар асоси таҳлили нокифояи предмет ё ҳодиса ба амал меояд.
Одам ҳангоми ба дараҷаи баланди ҷамъбасткунӣ гузаштан, предметҳои омӯхташавандаро боз ҳам амиқтар таҳлил мекунад. Ин таҳлил ба амали абстраксия алоқаманд аст. Абстраксия – ин протсесси аз аломатҳои камаҳамият ва дуюмдараҷа дур шудан ва ҷудо намудани аломатҳои барои гурӯҳи муайяни предметҳо муҳим ва умумӣ мебошад.
Ҳар гуна қоидаҳо ва қонуне, ки дар асоси ҳалли дурусти масъалаҳои фикрӣ ҳосил шудааст, мисоли ҷамъбасткунӣ шуда метавонад. Мафҳумҳо низ характери ҷамъбасткуниро доранд, чунки дар онҳо таҷрибаи андӯхтаи инсоният таҷассум ёфтааст. Конкретонидан протсесси муқобили абстраксия мебошад. Конкретонидан чунин амали фикрие мебошад, ки дар протсесси он мо ба ягон фикри абстрактию ҷамъбасткардашуда, мафҳум, қоида, қонун характери предметию аёнӣ медиҳем. Ҳамаи амалҳои фикрӣ байни худ алоқаманданд ва онҳо ҳангоми ҳалли масъалаҳои таркибан мураккаб дар бахампайвасткуниҳои гуногун зоҳир мешаванд.
Шаклҳои тафаккур. Фаъолияти фикрии одам дар ду шакли асосӣ мегузарад: муҳокима ва хулосабарорӣ. Муҳокима шакли мантиқии тафаккур аст, ки дар худ тасдиқ ё инкори ягон ҳодисаро дар бар мегирад. Муҳокима мазмуни мафҳумро ошкор мекунад. Мисоли муҳокимаи тасдиқиро мегирем. «Ин хонанда аълохон аст». Дар ин ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор