Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ЭҲСОС ВА ИДРОК
Эҳсос протсесси соддатарини психикӣ мебошад ва он дар пӯстлоқи майнаи сар инъикос ёфтани хосиятҳои алоҳидаи предмет ва ҳодисаҳои олами иҳотакардаро, ки дар айни ҳол ба узвҳои ҳиссии мо таъсир мекунанд, дар бар мегирад. Роли эҳсос дар фаъолияти маърифатии одам беҳад бузург аст.
Агар ба узвҳои ҳиссии мо предмети реалие таъсир расонад, он гоҳ ба туфайли эҳсосҳо дар шуури одам образи хосиятҳои алоҳидаи ин предмет (ранг, шакл, андоза, суфтагӣ, садои баровардаи он ва ғ.) ё образи яклухту томи он ташаккул меёбад. Бо ибораи дигар, эҳсос аз шаклҳои нисбатан олии инъикоси олами берунӣ (идрок, тасаввурот, тафаккур) ҷудо намебошад. Аммо ин шаклҳои олии инъикосро пайвасти оддии протсессҳои соддатарини психикии маърифат – эҳсос ҳисобидан хатост.
Ҳар як шакли инъикос хусусиятҳои сифатии худро дорад.
Дар баъзе ҳолатҳо, масалан ҳангоми азназаргузаронии расм метавонем танҳо ба ранг ва шакли предметҳои тасвиршуда диққат диҳем. Дар чунин намуди фаъолият ба туфайли кӯшиши иродавӣ ва ҷалб кардани диққат роли эҳсосоти биноӣ зиёд мешавад. Аммо дар ин ҳолат ҳам алоқаи эҳсосро бо тафаккур мушоҳида мекунем, чунки мақсад аз ҷудо намудани ҷиҳату хосиятҳои алоҳидаи расм, ба таври тому пурра фаҳмидани он мебошад.
Протсесси эҳсос ва ҷоришавии он ба фаъолияти шартӣ-рефлектории системаи асаб ва пӯстлоқи нимкураҳои калони майнаи сар вобаста аст. Агар фаъолияти мӯътадили ягон қисми анализатор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор