Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ягон протсесси психикиро ба вуҷуд оварад ва шароитҳои берунии ба он таъсиркунандаро назорат кунад. Тадқиқотчӣ экспериментро мувофиқи хоҳиши худ тағйир дода метавонад ва ё барои ҳамаҷониба омӯхтани ҳодисаи психикӣ онро борҳо такрор ба такрор гузаронида метавонад. Чунин афзалиятҳои методи экспериментӣ имконият медиҳанд, ки он дар психология ба таври васеъ истифода шавад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки миқдори зиёди маълумотҳои таҷрибавӣ бо воситаи эксперимент ба даст оварда шудааст. Агар омӯзиши протсессҳои психикӣ асосан бо ёрии эксперимент сурат гирад, он гоҳ бо ин метод тадқиқи хусусиятҳои характериологии шахс ғайриимкон аст. Ду намуди асосии методи экспериментро дар психология фарқ мекунанд: лабораторӣ ва табиӣ.
Эксперименти лабораторӣ бо ёрии асбобҳои махсуси психологӣ дар шароитҳои лабораторӣ гузаронида мешавад. Ҳаракату амалиётҳои озмудашавандаро (одаме, ки бо ӯ таҷриба гузаронида мешавад) инструксияи эксперимент муайян мекунад. Эксперименти лабораторӣ протсессҳои гуногуни психикиро (эҳсос, идрок, нутқ, хаёл ва ғ.) тадқиқ мекунад. Ҳангоми гузаронидани эксперименти лабораторӣ баъзе ҷиҳатҳои психологии фаъолияти муқаррарии озмудашаванда моделронӣ карда мешавад (масалан, барои ҳавопаймоҳо ё капитани флоти баҳрӣ вазъияти фалокат ба модел кашида мешавад, ки дар рафти он онҳо бояд роҳи ҳалли оқилонаро ёбанд ва амалҳои мураккабро иҷро намоянд).
Эксперименти табиӣ ҷиҳатҳои мусбати методи мушоҳида ва эксперименти лабораториро дар бар мегирад. Дар эксперименти табиӣ шароитҳои махсус ба вуҷуд оварда мешавад, вале онҳо ба шароитҳои табиӣ наздиканд. Дарсҳо, бозиҳои махсуси дар мактаб ташкил кардашуда, пулти идоракунӣ ва ғ. мисоли ҳамин гуна вазъият ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор