Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ба асос мегиранд. Масалан, ҷавон имтиҳонҳоро бо муваффақият супорида, аз конкурс мегузарад, дар донишгоҳи тиббӣ мехонад, вале дар бораи ихтисоси духтурӣ тасаввуротҳои беҳад дурро дорад. Ӯ дар бораи фарқияти кори ҷарроҳ аз духтури дандон, педиатр аз психиатр маълумоти кофӣ надорад. Аз ин рӯ, баъди омӯзиши фанҳои асосӣ мефаҳмад, ки ин ҷо ҷои ӯ нест. Нобарориҳо дар интихоби касб ба давлат гарон меафтад ва онҳо ба тараққиёти бошиддати психикии навҷавонон мусоидат намекунанд. Бинобар ин, интихоби бошууронаи касбро дар навҷавонон ба роҳ мондан зарур аст.
Ташаккули шахсияти навҷавон
Давраи навҷавонӣ бо талаботҳои нисбатан баланд ба одам ва бо ҳисси масъулиятшиносӣ тавсиф дода мешавад, ки он на танҳо ба шароитҳои ҳаёт, фаъолияти таълимӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, балки ба ҳосил намудани ҷаҳонбинӣ ва худмуайянкунии мақсадҳои ҳаётӣ зич алоқаманд аст.
Равияи ҷамъиятии ҷавонони мо дар коллектив фаъолият бурдан, барои коллектив кор кардан ифода меёбад. Кӯшиши зоҳир намудани шахсияти худ аз тараққиёти худшиносӣ, талаботи худро хубтар фаҳмидан ва ба худ баҳо додан шаҳодат медиҳад. Худбаҳодиҳии навҷавонон аз наврасон сифатан фарқ мекунад. Онҳо дар худбаҳодиҳӣ далелёрӣ зоҳир намуда, худро ҳаматарафа таҳлил мекунанд ва олами ботинии худро бо зиддиятҳояш ниҳоят нозук дарк менамоянд. Бинобар ин, бештар вақт мулоҳизаю муҳокимаҳои мактаббачаҳои синни калони мактабӣ дар бораи худ ва инчунин дар бораи дигарон камтар қатъӣ мебошанд.
Навҷавонӣ давраи хаёлу орзуҳо аст. Тахайюлоти баланд, хаёлпарастии ҷавонон барои шоирона тасвир кардан, пурмазмун намудани ҳаёташон имконият медиҳад, нақшаҳои ояндаи ҳаётии онҳоро васеъ менамояд, ҳиссиёт ва хаёлро инкишоф медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор