Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

аст, ки талабҳои муайянеро ба нишондиҳандаҳои ҷисмонии мактаббачаҳои синни калони мактабӣ пешкаш менамоянд. Фаҳмидани қувваи ҷисмонӣ ва дилрабоии худ, тандурустӣ ва мукаммалӣ дар ташаккули чунин сифатҳои навҷавон, ба монанди боварии комил ба худ доштан, ҷасурӣ, бардамӣ, зиндадилӣ ва некхоҳӣ таъсири муайян мебахшад. Ва баръакс, фаҳмидани сустии ҷисмонӣ, номукаммалӣ ва ба камол нарасидани организми худ, аксар вақт дар навҷавонон ҳиссиётҳои ғамангезро ба вуҷуд меоварад, психикаи ӯро хароб мекунад, ба пайдоиши чунин сифатҳо, ба монанди рӯҳафтодагӣ, беҷуръатӣ, ба қувваи худ боварӣ надоштан, дамдуздӣ ва индивидуализм мусоидат мекунад.
Писарон ва духтарони ин давраи синнусолӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ба камол мерасанд ва тараққиёти ҷисмонии онҳо аз тараққиёти ҷисмонии одами калонсол кам фарқ мекунад. Давраи инкишофи пурҷӯшу хурӯш ва номунтазами организм интиҳо меёбад ва ҳолати нисбатан ороми тараққиёти ҷисмонӣ фаро мерасад. Сифатҳои ҷисмонӣ (қад, вазн) дар синну соли навҷавонӣ нисбатан бардавому устувор аст. Суръати инкишоф ба дарозӣ хеле суст мешавад. Инчунин қувваи мушакҳо ва қобилияти кории онҳо баланд шуда, ҳаҷми қафаси сина васеъ мегардад, сахтшавии скелет ва устухонҳои дарунхолӣ, ташаккул ва тараққиёти функсионалии бофтаҳо ва узвҳо ба охир мерасад. Маъмулан, дар ин синну сол номувофиқатии ба наврасон хоси афзоиши дилу раг барҳам мехӯрад, фишори хун ба мувозинат меояд ва мунтазамии кори дил барқарор мегардад.
Дар ин давраи синнусолӣ дигаргуниҳои дар тараққиёти системаи асаб ва хусусан майнаи сар ба вуҷуд омада муайян карда мешаванд. Аммо дигаргуниҳо на аз ҳисоби зиёдшавии массаи майнаи сар (ин зиёдшавӣ дар синну соли навҷавонӣ чандон баланд нест), балки аз ҳисоби мураккабгардии сохти дохилии ҳуҷайраҳои майнаи сар ва тараққиёти функсионалии он ба вуҷуд меояд. Оҳиста-оҳиста сохти ҳуҷайраҳои

пешина
аз 223
навбатӣ