Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Умуман, дар шахсияти наврас ихтилофҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳо дар тарбия душвориҳоро ба вуҷуд меоранд.
Ҳамон як наврас худашро метавонад ҳамчун шахси меҳрубону мушфиқ нишон диҳад ва дар айни ҳол бе ҳеҷ асос ба касе, ки ба ӯ ҳусни таваҷҷуҳ надорад, метавонад осебе расонад. Дар бораи ҳамон як наврас муаллимон мегӯянд: «Ростқавл аст, ҳамеша ҳақиқатро мегӯяд», аммо рафиқонаш чунин тавсиф медиҳанд: «Ҳиллагар, риёкор аст».
Бисёр вақт наврас дар мактаб як хислати характер ва дар хона метавонад хислати баръаксро зоҳир намояд, яъне ӯ дар мактаб гапдаро, иҷрокор, ботамкин асту дар хона якрав, густоҳ ва беэҳтиром.
Ихтилофнокии наврас бо шароитҳои тарбия, вақте ки нисбат ба ӯ талабҳои гуногуни ба ҳам номувофиқ пешниҳод мешаванд, алоқаманд аст. Дар ин ҳолат мутаассиршавандагӣ ва ангезишпазирии наврас роли муҳим мебозад, ки асоси физиологии онҳоро протсессҳои дар мувозинат набудаи ҳаяҷон ва боздорӣ ташкил медиҳад. Мутаассиршавандагии наврас инчунин ба пурзӯршавии фаъолияти ғадуди сипаршакл вобаста аст, ки он мутаассиршавандагии системаи асабро баланд намуда, аксуламалҳои аффективиро ба вуҷуд меоварад.
Тавсифдиҳандаи муҳими синну соли наврасӣ саъю кӯшиши муошират намудан бо рафиқон мебошад. Маҳз ба туфайли муошират намудан хусусиятҳои шахсии наврасон, фардияти онҳо ташаккул меёбад.
Ҳиссиёти дӯстии шахсӣ, талаботҳои ҳақиқӣ ба муоширати дӯстона пайдо мешаванд. Дӯстии наврасон дар асоси ягонагии талаботҳо ва шавқу ҳавасҳо, мақсадҳо ва саъю кӯшишҳо, умумияти нуқтаи назар ба масъалаҳои муҳими ҳаёт, муносибатҳои инсонӣ ба вуҷуд меояд.
Маромҳои дӯстӣ боз ҳам амиқтар мегарданд, чунки умумияти шавқу ҳавасҳо, майлҳо, фаъолияти якҷоя, эҳтироми тарафайн ва ҳусни таваҷҷуҳ ба якдигар, боварӣ ва фаҳмиши байниҳамдигарӣ, завқ ва ақидаҳои ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор