Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ғадудҳои секретсияи дарунӣ (аз ҷумла ғадуди сипаршакл) одатан боиси вайроншавии зудгузарандаи фаъолияти системаи асаби наврас мешаванд. Дар онҳо ҳаяҷонпазирӣ, тундмизоҷӣ, тезхашмии ғайримуқаррариро мушоҳида кардан мумкин аст.
Бабалоғатрасӣ ҳодисаи аз ҳама муҳимтарини тараққиёти ҷисмонӣ мебошад, ки одатан дар духтарон пештар (аз 12–13 то 13–14-солагӣ) ва дар писарон баъдтар (аз 13–14 то 15–16-солагӣ) ба вуҷуд меояд. Организми наврас дар ҳамин давра аз нуқтаи назари ҷинсӣ ба камол мерасад, вале ошкор аст, ки дар ин синну сол дар бораи камолоти пурраи ҷисмонӣ ва илова бар ин дар бораи камолоти маънавӣ, идеявӣ, иҷтимоӣ, гражданӣ сухан рондан мумкин нест. Дар байни балоғат, зуҳуроти инстинкти ҷинсӣ, ҳиссиёти тобиши шаҳвонӣ дошта ва дараҷаи тараққиёти психикию иҷтимоӣ як навъ номутаносибӣ ба вуҷуд меояд. Душвор ва ташвишовар будани ин синну сол дар ҳамин зоҳир мешавад.
Тараққиёти шахс дар синну соли наврасӣ
Таъсири бошиддати маънавӣ, шуури ахлоқӣ, аз худ намудани меъёрҳои одобу ахлоқии рафтор тавсифдиҳандаи муҳимтарини синну соли наврасӣ аст. Ин давраи ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, эътиқодҳои ахлоқӣ, принсипҳо ва идеяҳост, ки наврас онҳоро дар рафтори худ ба роҳбарӣ мегирад.
Бояд дар хотира нигоҳ дошт, ки баъзан дар шуури наврас чунин мафҳум ва эътиқодҳои ахлоқие ташаккул ёфта метавонанд, ки онҳо ба мақсадҳои дар пеши худ гузоштаи калонсол муқобил меистанд.
Ҳангоми омӯзиши ташаккули шахс дар синни наврасӣ донистани инкишофи биологӣ ва аз он ҷумла ҷинсии наврас аз ду ҷиҳат муҳим аст. Пеш аз ҳама, инкишофи наврас дар баъзе оилаҳое, ки дар онҳо муҳити мураккаби маишӣ, аз ҷумла ахлоқӣ мавҷуд аст, ба таври бояду шояд намегузарад. Зуҳуроти номатлуб дар тараққиёти ҷинсӣ чунин хислатҳоро дар наврасон метавонанд ба вуҷуд оваранд: дағалӣ, худбинӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор