Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
онҳо зуҳуроти бегонагӣ, дурӣ, ҳасадбарӣ, худситоии соддалавҳонаро дидан мумкин аст. Коллектив ҳамон вақт ташкил меёбад, ки агар бачаҳо дар зери таъсири кори махсуси муаллим якумин маротиба ба муваффақияту бемуваффақиятӣ, комёбӣ ва хатоҳои ҳамсинфонашон шавқу ҳаваси хайрхоҳона зоҳир кунанд.
Бозиҳои коллективонаи бача ҳам барои муттаҳид шудани коллектив ёрӣ мерасонад. Бозӣ на танҳо ирода, муташаккилӣ, уҳдабароӣ ва ташаббускориро тарбия менамояд, балки коллективро ба вуҷуд меорад, ҳиссиёти рафоқатро тарбия мекунад.
Ҳамин тариқ, дар синни хурди мактабӣ зери таъсири омӯзиш дигаргуниҳои ҷиддие дар тараққиёти психикии кӯдакон ба вуҷуд меоянд, ки онҳоро ба давраи аз ҳама масъулиятноки ҳаёташон – синни наврасӣ тайёр менамоянд.
ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАС
Тавсифи умумии хусусиятҳои синну соли наврасӣ
Синну соли наврасӣ дар психология бо номҳои гуногун тавсиф дода мешавад: синну соли буҳронӣ, синни гузариш, душвор ва ҳатто синну соли фоҷианок. Дар ҳақиқат гузариш аз ҳолати бачагӣ ба калонсолӣ, ки бо дигаргуншавии протсессҳои психикӣ, фардият, фаъолият, муносибат ба табиат, ба одами дигар, ба худ алоқаманд мебошад, душвор аст. Синни наврасӣ ҳудудҳои 11–15-солагиро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки нишондиҳандаҳои алоҳидаи ин давраи синнусолӣ хусусиятҳои мактаббачаи хурдсолро ба ёд меоваранд, дигарашон – хусусиятҳои давраи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор