Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар синни хурди мактабӣ ташаккул меёбад ва он бо ноустуворӣ ва пуршиддат гузаштанаш фарқ мекунад.
Дар рафтори мактаббачаи хурдсол ба таври равшан хусусиятҳои типологии фаъолияти олии асаб зоҳир мешаванд, ки онҳо минбаъд бо шаклҳои муқаррарии дар ҳаёт ба вуҷуд омадаи рафтор «пардапӯш» мешаванд. Бохаёӣ, дамдуздӣ зуҳуротҳои бевоситаи сустии системаи асаб; амалҳои беихтиёрона, худдорӣ карда натавонистан – зуҳуроти сустии протсесси боздорӣ; ҳаракати ҷавобии суст ва гузариши суст аз як намуди фаъолият ба дигараш – зуҳуроти серҳаракатии ками протсессҳои асабӣ шуда метавонанд.
Характери мактаббачаи хурдсол бо баъзе хусусиятҳои худ низ фарқ мекунад. Ин бачаҳо асосан пуршиддат мебошанд, онҳо дар зери таъсири бевоситаи ҳиссиёту хоҳишҳои худ фикр накарда ва ҳамаи вазъиятро ба инобат нагирифта, аз рӯи сабабҳои тасодуфӣ зуд ба амал кардан майл доранд.
Нокифоягии умумии ирода ҳам хусусияти синнусолӣ мебошад: мактаббачаи хурдсол (махсусан дар 7–8-солагӣ) ҳоло баҳри ба даст даровардани мақсади гузошташуда таҷрибаи муборизаи дурудароз бурдан ва бартараф намудани душворию монеаҳоро надорад.
Дар синни хурди мактабӣ бисёр вақт инҷиқӣ ва якравӣ мушоҳида карда мешавад. Камбудиҳои тарбия дар оила сабаби инҷиқию якравӣ мегардад. Кӯдак ба он одат кардааст, ки ҳамаи хоҳишу талабҳояш қонеъ гардонида шаванд. Ӯ ягон маротиба ба рад кардани хоҳиши худ дучор нашудааст. Инҷиқӣ ва якравӣ шакли ба худ хоси эътирози кӯдак ба он талабҳои қатъие мебошад, ки онҳоро мактаб дар наздаш мегузорад.
Ба хусусиятҳои синнусолии характери мактаббачаи хурдсол чунин хислатҳои мусбат, ба монанди меҳрубонӣ, донишдӯстӣ, табиӣ будани рафтор, зудбоварӣ низ дохил мешаванд. Хусусияти муҳими ин давраи

пешина
аз 223
навбатӣ