Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Хаёл
Хаёл яке аз протсессҳои муҳими психикии маърифатӣ ба шумор меравад. Азхудкунии ҳар гуна материали таълимӣ бе фаъолияти фаъоли хаёл, бе маҳорати тасаввуру тахайюл карда тавонистани он чизе, ки дар китобҳои дарсӣ навишта мешавад ва ё худ муаллим мегӯяд, номумкин аст. Тараққиёти хаёл дар ин давраи синнусолӣ дар ду шакл ба вуҷуд меояд. Аввалан, такмили хаёли азнавсозӣ тамоюли асосии тараққиёти хаёли мактаббачаи хурдсол аст. Он бо тасаввур намудани чизи пештар идрок кардашуда ё мувофиқи шарҳ, баён, схема, расм ва дигар чизҳои маълум ба вуҷуд овардани образҳо алоқаманд аст. Хаёли азнавсозӣ аз ҳисоби нисбатан пурра ва дуруст инъикос намудани ҳақиқат такмил меёбад. Хаёли эҷодӣ ҳамчун ба вуҷуд овардани образҳои нав, ки ба дигаргункунӣ, аз нав кор карда баромадани таассуроти таҷрибаи гузашта ва дар асоси онҳо ҳосил намудани пайвастаҳои нав алоқаманд аст, низ тараққӣ мекунад. Мактаббачаи хурдсол чунин образҳои хаёлро меофарад, ки ҳақиқӣ ё хилофи ҳақиқат будани онҳоро аз мавқеи мантиқ ва қонунҳои олами объективӣ баҳо додан мумкин аст.
Тафаккур
Тафаккури мактаббачаи хурдсол дар ҷараёни таълим ба тағйиротҳои ҷиддие дучор мешавад. Агар идрок ва хотира дар ибтидои таҳсил дар мактаб роҳи нисбатан калонеро тай карда бошанд, он гоҳ ба гуфти психологи машҳур Л.С. Виготский тараққиёти бошиддати ақл дар синни хурди мактабӣ ба вуҷуд меояд. Тараққиёти тафаккур ба тағйири сифатии идрок ва хотира мебарад, ба протсессҳои ихтиёрию идорашаванда табдил ёфтани онҳо сабаб мешавад.
Кӯдаки 7–8-сола одатан ба хусусият ва сифатҳои аёнии предмету ҳодисаҳои конкретӣ такя намуда, бо категорияҳои муайяни конкретӣ фикр мекунад.
Фаъолияти таҳлилию таркибии талаба дар ибтидои синни хурди мактабӣ ҳоло хеле оддӣ буда, асосан дар зинаи таҳлили аёнӣ-амалие

пешина
аз 223
навбатӣ