Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

аллакай системаи муайяни донишҳоро доранд, алоқаҳои байни фанҳоро ошкор карда метавонанд ва соҳиби малакаи ҳалли масъалаҳои фикрӣ мебошанд. Аз ин рӯ талаботҳо низ мувофиқи дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагони синну солашон гуногун (хурд, миёна ва калони мактабӣ) бояд гуногун бошанд. Сохти фаъолияти психикии одам дар худ ҳамеша се ҷиҳати бо ҳам алоқамандро дар бар мегирад: маърифатӣ, эмотсионалӣ ва иродавӣ. Дар асоси фаъолияти маърифатӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, хаёл) дар бораи ҳақиқати иҳотакарда дониш ҳосил карда мешавад. Зуҳуроти эмотсионалӣ муносибатро ба он чизе, ки маърифат ва иҷро карда мешавад, ифода менамояд. Ирода таъсири фаъол бахшиданро ба олами берунӣ таъмин менамояд ва ҳамчун идоракунандаи рафтори одам баромад мекунад. Дар натиҷаи таъсири байниҳамдигарии ҷиҳатҳои маърифатӣ, эмотсионалӣ ва иродавии фаъолияти психикӣ чунин хусусиятҳои мураккаб ба монанди миҷоз, характер ва шахсият ташаккул меёбанд.
Шуур зинаи баландтарини тараққиёти психикии инсон ба шумор рафта, пайдоиш ва инкишофи он на танҳо ба омилҳои биологӣ, балки иҷтимоию таърихӣ низ вобаста аст. Шуур маҳсули тараққиёти таърихии одам ҳамчун мавҷудияти ҷамъиятӣ аст ва аз ин рӯ протсесси тараққиёти шуур бо рафти умумии тараққиёти ҷамъияти инсонӣ муайян мешавад.
Чунин нуқтаи назар маълуму маъмул аст, ки заминаҳои биологии шуури одам хусусиятҳои муайяни анатомию физиологии сохти организми аҷдодони дури мо ва тарзи ҳаётгузаронии қабилагии онҳо ҳастанд.
Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки агар заминаҳои биологӣ ба зоҳиршавии шуури одам имконият дода бошанд, он гоҳ шарти ҳалкунандаи пайдошавии шуури одам меҳнат буд.
Фаъолияти меҳнатӣ, сохтани олоти меҳнат ва воридшавии иштироккунандагони онро ба муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ дар

пешина
аз 223
навбатӣ