Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

қобилият) пурра инкор намудан ва гуногунии хусусиятҳои индивидуалии одамро танҳо натиҷаи таъсири берунӣ ҳисобидан нодуруст аст.
ШАРОИТҲО, ҚУВВАҲОИ ҲАРАКАТДИҲАНДА ВА ДАВРАБАНДИИ ТАРАҚҚИЁТИ ПСИХИКӢ
Хусусиятҳои психикии шахс бо характери муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян карда мешаванд, одам дар онҳо ҳамчун аъзои ҷамъият, намояндаи синфи муайян ва ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ, инчунин аъзои коллективҳои муайяни конкретии дараҷаи ташаккулашон гуногун баромад мекунад. Моҳияти шахс аз рӯи табиати худ иҷтимоӣ мебошад.
Манбаи тараққиёти ҳамаи сифатҳои психикӣ ва фаъолияти эҷодии шахс дар муҳити иҳотакардаи иҷтимоӣ, дар ҷамъият воқеъ гаштааст.
Шахс бо ҳастии ҷамъиятиаш муайян карда мешавад. Аз ҳамин нуқтаи назар протсесси тараққиёти шахс ин протсесси аз тарафи одам аз худ кардани таҷрибаи иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ мебошад, ки он дар ҷараёни муошират кардан бо одамон сурат мегирад. Хусусиятҳои психикии одам – сифатҳои ахлоқӣ, хислатҳои иродавӣ, шавқу ҳавас, майл, қобилиятҳо ва фардияти ӯ ҳамчун натиҷаи ҳамин протсесс пайдо мешаванд ва ташаккул меёбад. Ин нуқтаи назар шарҳро талаб мекунад.
Якум, одам мавҷудияти фаъол буда, объекти пассиви таъсири муҳит намебошад. Аз ин рӯ, шароитҳои берунии ҳаёт ва таъсироти берунӣ психикаи одамро на бевосита, балки ба воситаи протсесси таъсири байниҳамдигарии одам бо муҳит, ба василаи фаъолияти ӯ дар ин муҳит муайян мекунанд. Бинобар ин, саҳеҳтар аст бигӯем, ки на таъсири муҳит, балки протсесси таъсири байниҳамдигарии фаъоли одам бо муҳити иҳотакарда дар ин ҳолат роли муҳим мебозад.

пешина
аз 223
навбатӣ