Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

маълумотҳои омӯзиши муқоисавии ҷанинҳои яктухма (монозиготӣ) ва гуногунтухма (дизиготӣ) такя мекунанд. Ҷанинҳои яктухма, ки аз як ҳуҷайраи бордоркардашуда ба вуҷуд омадаанд, аз назари биологӣ нусхаи ҳамон як организм – дугоникҳои аслие мебошанд, ки аз табиат «сарвати ген»-ҳои якхела, ирсияти якхеларо гирифтаанд.
Тадқиқотҳои психологҳои буржуазӣ, ки дар ҷанинҳои яктухма гузаронида шудаанд, гӯё роли асосию пешбарандаи ирсиятро дар ташаккули сифатҳои психикӣ нишон медиҳанд. Дар дугоникҳои яктухмаи аз ҳамдигар ҷудокардашуда, ки ҷудогона дар шароити гуногун тарбия гирифтаанд, монандии сифатҳои шахсӣ, қобилиятҳо ва тараққиёти ақлӣ ошкор карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми як хел будани «таъминоти генӣ» шароитҳои гуногуни тарбия ва муҳит фарқиятҳои ночизро дар тараққиёти ақлӣ ва қобилиятҳо медиҳанд.
Психологҳои буржуазӣ аз ин хулоса мебароранд, ки нишонаю аломатҳои биологӣ омили муайянкунандаи тараққиёти психикӣ ба шумор мераванд.
Аммо бештари мунаққидони назарияи пайдоиши ирсияти сифатҳои психикӣ дуруст қайд мекунанд, ки дар аксари ҳолатҳо пурра норавшан аст: 1) оё дар ҳолати додашуда мушоҳида ва экспериментҳо дуруст гузаронида шудаанд? 2) оё дар ҳақиқат таъсири муҳит гуногун ё якхела аст? 3) то чӣ андоза аз рӯи натиҷаҳои омӯзиш бо тестҳо ба монандии сифатҳои шахсӣ ва қобилияти ақлии дугоникҳои яктухма баҳо додан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки солҳои охир масъалаи табиати сифатҳои психикӣ, хусусан қобилиятҳо, заминаҳои табиии тараққиёти психикӣ дар алоқамандӣ бо дастовардҳои илмии генетика ба таври васеъ муҳокима мегардад. Баҳсу мунозираҳо бо иштироки биологҳо, философҳо, психологҳо, духтурон, ҳуқуқшиносон гузаронида мешаванд ва доир ба ин мавзӯъ материалҳои гуногун ба табъ мерасанд. Дар ҷараёни баҳсҳо

пешина
аз 223
навбатӣ