Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
эътиқод, нуқтаи назар, ҳиссиёт, таассуроти худашро ифода мекунад ва ташаккул медиҳад. Яъне муносибати худашро худаш ба ин ё он ҳодисаи олами иҳотакарда муайян менамояд. Чунин худмушоҳидакунию худтаҳлилкунӣ беҳад муҳиму зарур аст: агар худи одам баъзе малакаҳои худмушоҳидакуниро дошта бошад, агар нутқи ӯ ба таври кофӣ инкишоф ёфта бошад, то ки барои тавсифи нисбатан аниқтари калимагии ҳодисаҳои психикӣ имконият пайдо намояд, агар ростгӯю софдил бошад, он гоҳ ӯ метавонад фикру таассурот, маромҳои асосии амалу рафторҳои худашро худаш пурраю дақиқ тасвир кунад, ки аз уҳдаи ин кор баръакс, ҳатто мушоҳидакори бегонаи боандеша баромада наметавонад.
Солҳои охир барои омӯхтани коллективҳои кӯдакон методи ба ном сотсиометрӣ истифода мешавад. Ин метод дар муайян кардани равияи коллектив, муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар он, мавқеи гурӯҳҳои хурд дар коллектив ва аъзоёни алоҳидаи он ёрӣ мерасонад.
Яке аз методҳои санҷидашуда дар психология эксперимент ба шумор меравад. Дар психологияи синну сол ду намуди эксперимент мавҷуд аст – табиӣ ва лабораторӣ. Тадқиқотчӣ ҳангоми эксперимент зуҳуроти ин ё он ҳодисаи психикии ба ӯ зарурро пассивона интизор намешавад, балки худаш шароитҳои мувофиқро ба вуҷуд меоварад ва метавонад мувофиқи хоҳиши худ шароити гузаронидани таҷрибаро тағйир диҳад ё доимӣ нигоҳ дорад.
Дар психологияи синну сол солҳои охир, хусусан ҳангоми тадқиқи қобилиятҳо методи тестҳо васеъ истифода мешаванд.
Назарияҳои тараққиёти психикӣ
Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи тараққиёти психикӣ чӣ гунаанд? Ин проблемаҳо аз як тараф ба масъалаи таносуби хусусиятҳои табиӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор