Зеҳн
ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.

Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ЗАПОРОЖ

Кормандони бехатарии давлатии автомобилӣ чашми тезбини уқобӣ доранду нигоҳи мисли микроскоп заррабин.

Агар сарҳадбонон чунин хислатро медоштанд, шояд ягон нохалафе марзро убур карда наметавонист. Вале сад афсӯс, ки ҳама монанди онҳо зираку ҳушёр нестанд. Ҳатто гоҳҳо мешавад, ки аз таги бинии гумрукчиён мошини пурборе шамол барин фиррӣ гузашта мераваду назоратчиёни ин сохтор бехабар мемонанд. Лекин кормандони ГАИ дар ин кор устухон надоранд. Аз наздашон пашша дар ҳаво гузарад, болу параш месӯзад, ҳайфини ронандаҳои нақлиёт. Қудрати ишорачӯби рангини ин роҳбонон мӯъҷизаҳои асои сеҳрноки Мӯсои Калимро бо як нӯл мезанад. Бордону дохили ҳар як мошинро он қадар бодиққат тафтиш кардаю аз назар гузаронида, хокбез мекунанд, ки кас ба заҳмату меҳнати миёншикани ин шербачаҳо қоил мешавад.

Сержант Сафолбек аз қабили ҳамин хел зотҳои ба қавле ҷонфидои касби худ аст, ки номаш дар кордонию сахтгирӣ ҳамеша вирди забонҳост. Вай амалҳои пинҳонию чапдастии ронандагонро бе асбоби минакобӣ ҳам ошкор карда метавонад. Боре ӯ мошини куҳнаи аз доқёнусмондаи

“Запорож” - и замони Шӯравиро манъ намуда, кашфиёти аҷибе кард. Моторро ҳангоми тафтиш дар бордони қафои чорчарха дида, гӯё хуми тилло ёфта бошад, дар дил ба тоқипартоӣ даромад.

- Ҳоло ту бо собуни ман ҷомашӯӣ накардаӣ,

- ба сари ронанда теғи нигоҳ партофт Сафолбек. Росташро гӯй, ки ин муҳаррикро аз куҷо дуздидӣ? - Мотори мошинҳои тамғаи “Запорож” одатан, - хост бигӯяд ронанда, вале Сафолбек сухани вайро қалам кард.

Бо нақлиёташ ӯро ба майдончаи ҷаримавии мошинҳо оварда, худ назди сардори ГАИ чорхез зад.

- Рафиқ сардор, - гуфт даст ба чакка бурда, мотордуздеро дастгир карда овардам.

- Мотордузд? - пурсид сардор.

- Бале, мотордузд. Дунёро бедарвоза гумон мекард нохалаф, вале бо пои худ ба даст афтод. Бовар накунед, марҳамат, рафта бинед.

Сардору Сафолбек пешодунбол ба берун баромаданд.

- Мошини ин ронандаи сабилмонда ба воситаи акомулятор ё ҷараёни барк ҳаракат мекунад, ки исқотӣ дар пеш мотор ҳам надорад, - гуфт Сафолбек дар роҳ гапро туқуз монда.

- Канӣ, бордони мошинатро кушо, то бинем, ки моторро аз куҷо дуздидаӣ,

- ба ронанда омирона фармон дод сардор.

Ронанда, ки бо калони маъмурҳо почак ба почак шуданро бефоида медонист, бедимоғона хост бордони пеши мошинро кушояд, вале сержант ҷонҳавлак давида, дасти вайро анбурвор боздошт.

- Рафиқ сардор, - гуфт ӯ,

- бордони пеши мошини ин нохалафи дузд холист. Шумо беҳтараш бордони қафои мошини вайро кобед.

Сардор баъди дидани бордони қафои мошин ба асли воқеаю бефаросатии ҳамкорашон сарфаҳм рафта, ба сержант фармуд, ки ронандаро бо ду дасти адаб гусел намояд, то шарманда нашаванд.

- Чӣ хел шарманда? - дар тааҷҷуб монд Сафолбек.8

- Дар гӯшакат ҳалқа кун, ки мотори мошинҳои

“Запорож” - ро асосан дар қисмати қафои нақлиёт насб мекунанд, дуздёби аблаҳ! - бо заҳрханда ҷавоб дод сардор.

Ҳамкасбону ронандаҳо баъди ҳамин сержанти

“саҳтгир”- ро дар ғайбаш акнун бо лақаби Сафолбеки

“Запорож” ном мебаранд.

ЧИТАЙ - АМАК

Дар зиндагӣ одамони ҷаҳонгаштаю донишманд кам нестанд. Амаки Бурҳон аз қабили ҳамин хел шахсоне буд, ки дар заводҳои пахтатозакунии шаҳрҳои Андиҷону

Намангон ва роҳи оҳани Когон кор карда, ҳатто забони русиро мебехт. Бо хатҳои лотинию арабӣ ҳам ошноӣ дошту бо онҳо хондаю навишта метавонист, чи расад ба алифбои кирилӣ, ки ба қавле онро об карда хӯрда буд.

Рафту ҳамон солҳо ҳамдеҳагонаш аз ягон хешу табори раҳдурашон мактуб бигиранд, ҳатман барои хондани он ба назди амаки Бурҳон мешитобиданд. Боре аз қисми ҳарбии аскарбачаи тоҷике, ки дар артиши ҳамонвақтаи Шӯравӣ хизмат мекард, ба номи волидайнаш сипоснома омад.

Азбаски мактуб бо забони русӣ навишта шуда буд, касе онро хонда натавонисту ҳама ҳайрону гаранг шуда монданд. Ҳамин лаҳза ба ёдашон амаки Бурҳон расиду сӯи хонаи вай чорхез заданд.

- Амакҷон, ҳамин мактубро читай кунед, яъне хонед, ки дар он чӣ навишта шудааст? - илтимос кард падари аскарбача аз Бурҳон, ки баъзе калимаҳои забони русиро андаке медонист.

Номаро амаки Бурҳон хонду ба волидайни аскарбача фаҳмонд, ки онро командири қисми ҳарбӣ барои хизматҳои содиқонаю ҷасурии писарашон ҳангоми адои машқҳои ҷангӣ равон намудааст.

Ҳамин шуду ба номи амаки Бурҳон лақаби Читай беширеш думча гардид. Бо мурури замон кор то ба дараҷае расид, ки номи аслии амаки Бурҳонро мардум фаромӯш намуда, ӯро одиякак Читай - амак мегуфтанд. Азбаски амаки Бурҳон ба ин лақаб рафта - рафта сахт одат карда буд, касеро дар ин хусус сарзаниш намекард. Медонист, ки агар ягон одамро коҳиш намояд, дар маъракаҳо аз ин лақаб қимоб аст, - гӯён вайро бештар масхара мекунанд. Болои сӯхта намакоб. Гоҳҳо чунин мешуд, ки якто - нимто ҳамдеҳагони шӯхаш вайро дар роҳ дида, бо мақсади алов монданаш амакҷон, биёед, ба масҷид рафта, дар он ҷо намозро якҷоя читай кунем, - мегуфтанд, вале ӯ қасдан дандон сафед намекард, то хандасор нагардад.

Дар оилаи амаки Бурҳон духтарчае ба дунё омаду азбаски вай ким ба кадом як кори муҳиме машғул буд, барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба сари ӯ ситезакунон завҷааш ба идораи ҷамоат рафт. Ҳангоми пур кардани варақаи шаҳодатнома котиб пурсид, ки номи падари духтарча чист?

- Читай, - ҷавоб дод зан, ки шавҳарашро баъзан сари ҷаҳл дар хона бо ҳамин лақаб ҷеғ мезад.

Котиб дигар нархи сабзию пиёзро напурсида, насаби

Хуршедаи навзодро дар шаҳодатнома Читаева гулкорӣ кард. Бо гузашти солҳо Хуршеда фарзанддор шуду ҳамаашон насаби Читаевҳоро гирифтанд. Лекин қиссаи саромади ин силсила бо ҳамин анҷом намёбад. Он чун афсонаҳои аҷоибу ғароиби “Ҳазору як шаб” ҳатто то ба дуриҳои дур рафт.

Амаки Бурҳон ба як рафиқи намангонияш, ки ҳамон солҳои дар он ҷо будан ба хонаи онҳо борҳо рафтаю нонунамакхӯр буд, мактуб навишта, ӯро ба тӯи наберааш даъват намуд. Пурсон - пурсон то Ҳиндустон гуфтагӣ барин дӯсташ кофта - кофта ба деҳаи Гулбутта омад, вале кораш барор нагирифт. Дар наомади кор атола дандон11 шиканад. Ҳарчанд номи Бурҳонро суроғупай кард, муроде ҳосил нашуд. Маълум гардид, ки Бурҳони мегуфтагиашро дар ин ҷо касе намешинохтааст.

- Дар деҳаи мо ин хел одам нест, - бо тааҷҷуб кифт дарҳам мекашиданд роҳгузарон.

- Сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр, - ноумед шуда гуфт дар дил дӯсти Бурҳон ва ҷониби мағозаи деҳа равон шуд, то шишаи обе гирифта, баъди сарсониҳои зиёд ҷигараки сӯхтаашро тар кунад.

Ба мағоза расам - нарасам, тасодуфан аз он Бурҳон, ки дар дасташ тӯрхалтаи пурборе дошт, берун шуд.

Дӯстон, ки солҳо ташнаи дидори ҳам буданд, оғӯш кушода, якдигарро гарм дар канор гирифтанд.

- О, мардак, шуморо дар ин деҳа касе намешинохтааст ку, - пурсид рафиқаш ё номатонро иваз кардед магар?

- Читай - амак, ҳой Читай амак, шуморо як дақиқа мумкин, - гӯён ба назди онҳо марде омад. Малол наояд, ҳамин хати набераи маро, ки дар марказ мехонаду нома навиштааст, як читай карда медодед. Гӯр бесаводӣ, ки ман онро хонда наметавонам.

- Читай? - ҳайрон шуд меҳмон.

- Баъди нақли амаки Бурҳон дар бораи чи тавр ба номи ӯ часпидани лақаби Читай мӯйсафедон шикамсерӣ хандиданд.

- Рафтем, давомашро дар тӯйхона читай мекунем, - гуфт ҳазломез амаки Бурҳон лақабашро бори аввал ба забон гирифта...

пешина
аз 15
навбатӣ