Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Фикру хаёл мекардам, ки мисли ў боз падаре бошад?
Гирди сандалӣ ҷойи ў маълум аст: модарам кўрпачаро чанд қабат мегустурад. Бехи девори тарафи бурчаки сандалӣ болиштҳо мемонад. Кўрпаи болойи сандалиро иваз мекунад. Нигарон мешавад, ки вақти омадани падар фаро расад, лахча меандозад; як хокандоз лахчаи сурхи лух гирифтаи ҳезуми бурсро ё элбурсро дар оташдони сандалигоҳ мерезад. Падар рўзҳои сармо ва барфу борон дар ҷойи тахт кардаи модар нишаста каҷпаҳлў мезанад ва шодмон мегардад, ки чунин ҳамсари бофаҳму бофаросат дорад.
Аввал ҳама либосҳои тарро бадар карда, либоси хушк ба бар мегирад ва ҷомаи модар бо дасти хеш дўхтаву лағанда кардаро сари китф гирифта шоҳона менишинад. Моро ба паҳлўяш хонда, як-як ҳамаро аз назар мегузаронад, вале чизе намегўяд.
Ман зиёд фикр мекунам: эҳтиром ва меҳру муҳаббатро ба падар аз рафтору муомилаи модар омўхта бошем ё худамон сахт дўст медорем ўро? Бисёр мушоҳида мекунам, ҳам ину ҳам онро дармеёбам. Модар, ки ин қадар қадраш кард, чизи ниҳоние дар вуҷуди чунин падар ҳаст; мо низ бояд зиёдтар аз модар эҳтиромаш кунем.
Ў ҷангу бонг надорад ва садояшро ягон ҳамсоя намешунавад ва дар гирдсанги лаби рўди Кўҳак мардони ғайбатчӣ ва ҳангомахоҳ намегўянд, ки Абдуҳамиди Холиқ чунин кардаасту чунон гуфтааст.
Рўсурхии мо... Пинҳонӣ нест, ки як сабаби кўча набаромадан, ё чойхонаву сари пул нарафтанаш аз ғайбат гурехтан аст. Мардони бекор зиёд, ҳар гапро мегўянд занона...
Падар каҷпаҳлў мезанад ба китфи чап ва чойи сўзон менўшад, то рутубат аз танаш бадар шавад. Агар сахт сармо кашида бошад ва ягон узваш дардманд гардида бошад, модар дар тағора оби гарми пудинаҷўш меорад ва падар пойҳояшро бар он гузошта, кам-кам оби сўзон илова карда, хастагӣ ва сардиро аз вуҷудаш рафъ месозад, пасон ба сандалии гарм менишинад. Ба назарам, нисфи бузургии падар аз хидмати модар аст. Ў шарму ҳаёи зиёд дорад. Тобистонҳо қарси сафедро зери манаҳ мебандад ва зимистон қарси шол. Чашму биниаш метобаду бас. Ба назар аз ҳама чиз мегурезад ва намехоҳад, ки рўяшро пурра бинанд. Назди фарзандон ҳар гапро намегўяд ба падар ва ё чизе намепурсад.
Гўйӣ зиндагиномаашон пешакӣ гуфтугў шудааст ва ҳар кас хидматашро медонад.
Ва падар баъзан пеш аз рафтан ба ҷойҳои таъйингашта «ҳалаҳала» мефармояд: парў мехобад ва мо мефаҳмем, ки пой, миён, тахтапушт ва шонаҳои ўро пахш кардан лозим. Ҳар кас мувофиқи вазнаш бор мешавад ба пушти падар ва хурдтаринамон рўйи панҷаҳои ба ду тараф ёзидааш савор мешавад. Як муддати кўтоҳ давом мекунад ин кор. Ман намефаҳмам, ки ў барои чӣ чунин корро мекунад. Ҳамин қадар равшан, ки мо шодон мегардем аз чунин хидмат ва ў низ хуррам ба кор меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё