Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Саврӣ бедор шуда садои задани дилро аз бистар шунид ва даст-даст карда, тани шўро палмосид...
Ботурбой ба баландтарин ҷое, ки ба расиданаш одат карда буд, буромад; ба ҳамон кране, ки аз нокорӣ қантар карда монда буданд ҳамчун ёдгории асри гузашта. Вале дар ҷойи одаткардааш қарор нагирифта панҷарапомонакҳои гирдгардонро давр гашта болотар рафт; дастагиракҳои оҳаниро дошта баландтар баромад, ки шояд аз он ҷо ҳама чиз тобад ва дар куҷо қарор доштани фарзандашро бинад; зеро аз баландӣ пастиро дидан осонтар аст аз он ки аз пастӣ баландиро бинӣ. Ҷойи ғамбарорӣ ва дамгириаш ҳамин ҷо буд. Дар тангдастиҳо, дар гирифториҳо, дар ноомаду нодориҳо ин ҷо меомаду худро ба девонагӣ мезад ё аз алами буду набуди зиндагӣ, аз алами бечорагӣ мастӣ мекард сохтакорона; зеро медонист, ки ҳама айб, эрод, норасоиву камбудӣ ва гуноҳро ба сари нашъа бор мекунанд ва Ботурбойи Савриро дўст дошта
– гирифта гурехта бадном мегардад; бадномии аввалашро, ки аз муҳаббат буд, то нагўяд, касе аз ҳамшаҳриҳо намедонист. Вале аз бадномии зану фарзандро ўҳдаву саришта карда натавонистан нангаш меояд; барои он нангаш меояд, ки дар замоне, ки кўдак мошини дороён ё олуфтаҳоро бо обҳои ифлоси сари роҳҳо шуста, пули хуб кор мекунад, ин одами дупа-дуруст буду шуд ду нафарро хўрондаву пўшонда натавониста ғайб зад, зану фарзанд низ бори гарони ориятро бардошта натавониста аз ҳам ҷудо шуданд. Инак Ботурбойи бори вазнини рўзгор ва овозаву дарвозаи «бузургӣ»-ро бардошта натавониставу ғайбзада дар фақирхонаи моҳии тилло ба шакри аввала баргардонида сабру тоқати нишаст шикаста, аз баландии баландиҳо ҳама ҷойи чашмраси шаҳрро аз назар мегузаронад; дидори писар меҷўяд ва лаҳза ба лаҳза дида ба дарвозаи боз ва дари кушодаи кулбааш медавонад, ки аз кадом сў пайдо мешуда бошад. Писар аз кадом кўча меояд? Ҳама роҳҳоро зери чашм дорад. Дараке нест. Саврӣ қасдан ҳарфе намегўяд аз писар.
Як сухани маслиҳатомез дорад: «Ташвиш надиҳем. Ҷояш хуб.
Шояд одам шавад». Шў ин маъниро ба худ кашид; сар ҷунбонд.
Чун одат сўйи тахти баланд рафт... Либосе дошт дар тан, ки пеш аз «биҳишт» рафтан мепўшид.
Абр сўзад андар домани гардун ва Ботурбой аз тори дарахтони чанор ва сафедорҳои найосо саркашида сўйи само офтоби хунинро мебинад; оташгирифтааст он. Ташти гирдаи гудохтаи нав аз об кашидаро монад, ки тоза чун тифли бегуноҳ. Вуҷуди кас ва ҳама ҳастиву дилу дидаро кашад ба худ. Ботурбой хаёл дорад, ки дар ин дунё коре накард, ки бойиси дилкашолӣ бошад; ҷуз муҳаббати Савриву дидори писар чизи дигаре дар ин дунёву дар он дунё пайдо карда натавонад. Аз дўст буд ё аз душман; хоб буд дар бедорӣ як ҳангомаву валвала шуд ва чун оби ҷўшидаи аз рехтани худ оташро фурў нишонда зуд хомўш гашт ва ҳанўз ҳам сабабашро нафаҳмидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор