Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Албатта он ҳавлӣ чун ҳавлии Ботурбой танги тирдон набуд, бал ҳама мардуми гузар мегунҷид дар он. Чун бойи навбаромад ёру ошноҳои зиёд дошт ва аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя дўстон бо ҳофизонашон омада буданд, ҳамсояҳоро рост омад, ки чун мизбон назди дарвоза даст пеши бар «хуш омадед!»
гўянд, ё рўйи катҳои ҳавлии хеш пой ёзида овози сарояндагонро шунаванд. Баччаҳои шўх дар тори бомҳо, деворҳо ҷой доштанд.
На аз он ки онҳо базм кам дида бошанд, бал аз он ки овозаи бойӣ ононро ба шавқу завқ оварда буд; то бинанд базму сури ҳамсояи нав чун шавад? Воқеан, меҳмон ба ҳадде буд, ки ҳавлии ба ҳавас харида тангӣ кард; ҳатто барои овози сарояндагон; гарчӣ садоро баландгўяк аз ҳама гуна деворҳои ғафсу баланд гузаронида ба тамоми маҳалла мепарокард. Аммо ба назари бой садо фарогири шаҳри бекарон аст ва аз он ҳам шорида, оламгир мегардад. Завқи марди миёнасоли дамидашикам аз ранги чеҳрааш маълум мегардад ва аз сигарети дар камарчаи чапи даҳонаш часпида. Ў ба раққоса пул дароз мекунад. Арғуштгари чолок чун каркарикуррок малах аз ҳаво мерабояд ва рў ба дўстони ширакайфи соҳибмаърака меорад, ки намоишкорона пули калонтар часпонанд ба ў. Онҳо ҳамкорони дуру наздик низ ҳастанд, ки бо кадом роҳ пул рўёниданро танҳо худашон донанд. Ва бо лаҳни мардуми маҳалларо бегона сухан мегўянд... Ҳавлӣ танг. Вагарна ҳар ҳофизи фармуда ё ёру ҷўраҳо намоишкорона оварда, дар ҳар гўшаву кунҷи ҳавлӣ раққосаҳоро бароварда пулчаспонӣ ва рақсу сурўдро намоиш медоданд, ки одамӣ як бор зода мешавад; як бор мемурад ва чӣ гуна бояд зиндагӣ бикунад. Ин ҳама як сў; дам ба дам либос бадал карда миёни давра гаштан, ҳамранги раққосаҳо куртаи чакан пўшидану арғушт рафтани ҷавонмодари хушандому хушрў як сў. Нозу карашмааш ҳувайдо созад, ки ин зани ҷавони сафедпўсти ғизолчашм ба дунё омада чунин шавҳару чунин рўзгор доштанро орзу мекард ва имшаб миёни мардум орзу мешиканад, вале надонад, ки палонҷҳояш дар чунин маърака ҳузур доранд ё на; зеро нашиносад онҳоро; онҳо низ нашиносанд ўро. Чун ба рақс омад аз сараш пул рехтанд; шавҳараш сар кард: «Маро зинда гардондӣ» гуфта. Ҳамкасбу корон зиёдтар пул афшониданд ба хушомад. Аммо ўро пул писанд набуд. Пул зери пой мемонд. Ҳатто саддоллараи Ҷаҳонгир ба миёни ду ангушти бойзан гузоштаро ў пушти сар афканд. Даҳони баъзе занҳо воз монд: «Мезанад... Песу махов мекунад. Гуноҳи пул чӣ?» Бакавули босиёсат намегузошт кўдакон пулчинӣ кунанд нодидаву ҳарисона, чунон ки дар баъзе базмҳо мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор