Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Шуморо таъриф мекунам, ки саргузаштатон ба саргузашти ман монанд; Худо хоҳад, оқибаташ нек мешавад... Гуфта будам-а, ба шумо?
— Дар ёдам нест...
—... ки шумо ман барин мардакатонро нағз дида, гурехта омадагӣ. Ман саргузашти худамро гўям, саргузашти шуморо гуфтагӣ ҳисоб: ман духтарча будам. Ба як чўпон доданӣ шуданд. Нахостам.
Зеро худораҳматии амакатон дар баччагиашон ҳам чашмони тез доштанд ва нисбати дигарон хеле ҳушёр буданд... Ман ба он кас «маро гиред!» нагуфтаам. Балки гуфтам, ки ёрӣ диҳед, ба мактаби рақс равам. Он вақт ҳамин хел мефаҳмидам. Он кас табассум карданду гуфтанд: «Ҷиддӣ?» Сар ҷунбонидам. Оварданду намонданд, ки раққоса шавам. Худашон ба мактаби олӣ даромаданд. Хонда котиби комсомоли Республика шуданд; котиби райком; горком; вазир шуданд... Он тарафашро медонед, Шамсулло...
— Шўйи ман борин ғайб назадаанд, охир?
— Ээээ... Он кас ҳам як командировка раванд, аз раҳпойӣ чашмам хона мекард. Парво накунед. Мурғи донахора боз меояд.
Ин ҳарф ба Шамс нафорид, ки сурфид.
— Саврихон занаки бамаънӣ; ба хонаи ягон кас намедароянд; ягон кас ба хонаашон намедарояд. Лекин вақтҳои охир чунон сермеҳмон шуданд, ки... Худо нишон надиҳад.
— Ин хел меҳмонҳо меҳмони нағз; ризқу рўзӣ ҳамроҳашон меояд. Лекин тақсир бедарак.
— Ба шунидам, тақсиратон зани дакаданги доранда гирифтагӣ.
— Уҳу...
Сурфаи Шамс милиса чӣ маънӣ дошт? Худаш донад. Шояд ишора ба Саврӣ буд: «нигарон мабош тақсирро!» Саврии ростдил ягон бор дар ҳаққи шавҳари безебаш ва ҳолиё гўё хубтарин ва боэътибортарин, хаёлан ҳам хиёнат накардааст. Беҳуда бувад ўро дар ҳар маврид миёна андохтан. Саврӣ чунон зани бомулоҳиза, ки лом нагуфт ва дар хона будани Ботурбойро ошкор насохт.
Бори дигар шаҳрро муш зер кард; чунон муше пайдо шуд, ки
шоҳи то ин вақт чандон аҳамият надода дар ҳайрат монд; зеро
қасри шоҳӣ ва ҳама мағозаву анборҳоро мушон таку рў гардонида,
чизи нахоидаву набурда намонда, касиф гардонида буданд оламро
ва танҳо пулҳои дар бонкҳои хориҷӣ гузошта ба суди соҳибон
буд, вале ҳама пулҳои мисиву тиллойӣ ва коғазиро мушҳо кашонда ва ё коғазпора карда буданд. Шоҳи мулк фармони «қатли
ом»-и мушонро баровард, ки таърих ёд надорад чунинашро. Зеро
онҳо на танҳо ҳама чизро бурданд, балки ҳамон «марги муш»-и дар
чоҳ гўркардаро канда, дар бастабандии клёнкагии аз дўконҳои
фурўшгорон дуздида ҷой карда, бароварда дар ҳама кунҷу канор ва хонаву қасру кўшкҳо пошида буданд; гўё мушон шаҳрро тоза карданӣ шуданд аз ифлосиҳо ва одамон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор