Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳо чанбари рулаш бар шикамаш пай мондааст-ку?
— Ботурбой нестанд, пеши кӣ ояд?
— Неее, ҳамсоя... Ҳамсояҳо гап баровардаанд, ки вай барои шумо меояд...
— Забоната ғунда газад, ҳамсоя! Мемонӣ дар ҳамин кулбаи ғарибонаам шинам ё не!?
Ва дигар пиразан ба дари ў наомад, аммо аз чашмаки дарвоза менигарист, ки ба дари ў кӣ меояду кӣ меравад.

20

... Боре пиразан дид, ки Саврӣ табари кунди рўсии сиёҳдарахтбурида дар даст бо тамоми қаҳру ғазаб дод зада, дардмандони давоҷўро чун пода пешандоз мекунад. Ҳама чиз аз ҳамин ҷо сар шуд: пиразан гўширо гирифта ба шўъбаи корҳои дохила занг зад ва гоҳи авҷи ғавғо нозири тартиботи маҳалла омада ба Саврӣ кўмак кард ва баъд ҳар рўз меомадагӣ шуд: «Тақдири шумо дар дасти мо!» Саврӣ нафаҳмид маънии сухани нозирро. Пиндошт сухан аз тақдири шавҳараш меравад. Баъд ў нархи сабзиву пиёзро напурсида «парванда» кушод. Зуд-зуд омада бозпурс мекард.
Саврӣ ҷуз бадбахтиву бенавойӣ чизе дар ин хона надида буд, ҷуз дастархони ба пазироии табиб-сарҳанг кушодаашон, ки онро ҳам мушон хўрданд. Нозир пурсид: «Зиндагонии хубу бадатонро ҳамсояҳо низ медонанд?»
— Не! Ба андешае онҳо аз тарзи зиндагии мо ҳазар мекарданд.
Аммо вақте ки ҳавлии мо подахона шуд, меомаданд. Чанд рўз пеш, ана он бойзан (бинои чорошёнаро нишон дода) омадааст, ки шумоя пулатон бисёр, ҳамин хонаро харед!» Ман ҳеҷ чиз нагуфтам.
Таҳпурсӣ ҳам накардам, ки аз куҷо бисёрии пули моро медонӣ?
Гапи дурўға бинед. Ман гапчину гапдон нестам. Дигар зан мешуд, дар ҷояш шинонда мемонд; зани ҳаштуми кадом пулдор будааст.
Шўяшро зиндон кардаанд, акнун саросема хонаро фурўхта, дум хода карданӣ будагист. Лекин ба ман гуфт, ки ба шумо гуфтан мумкин: ҳавлиро фурўхта, шўяшро аз зиндон озод мекардааст...
Фақат аз шумо хоҳиш ҳамин ки дар бораи зиндагии мо аз ҳама пурсед ҳам, аз ҳо он кампири аз чашмаки дарвоза пойида истодагӣ чизе напурсед.
— Чаро?
— Гуфтам-ку, напурсед. Вай шохи говро ба думи гов ҷанг меандохтагӣ кампир.
— Ман ҳарфи шуморо ду намекунам. Шумо барои ман...
шумо барои ман... медонед, вай! Ин аз ҳама чиз болову баланд, гуфтанӣ гап. Шумо... шумо мисли доруйи дарди сар ҳастед, ки кас беоб фурў барам, мегўяд...

пешина
аз 378
навбатӣ