Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳазратро ба ҳар сў кашидан имкон дорад, зеро донишу бинишаш комил нест; ғуруру такаббур кунад; оруғ аз даҳонаш ояд. Ҳоло ҳамин қадар. Ришу шикам бузург гаштааст ҳайату салобаташ нишон диҳад. Дониста-надониста ҳамин ду чиз бузургии рўзафзуни ўро намояд ба назараш чун моҳ, ки пурра гардаду коста. Ҳар қадар зўр занад, Офтоб нашавад, бал такрор гардад меҳнату заҳмат...»
Касе нест, то Фолбин-табиби хештан ба ҷараёни нав задаро дастгирӣ кунад, зеро ў имшабро дар дармонгоҳи сохтаву бофтааш гузарониданӣ буд аз ҷабри мушон, то ҳама девори «пирхона»-ро ғилбор нагардонанд. Ҳатто он пири лоғари бефара, ки умрашро дар ин ҷо гузарониданист ва ба кори табиб мададу ёрӣ карданист ва эътибори ўро дар байни беморон афзуданист, ҳозиру нозир нест. Вагарна гоҳи сеанси табиб пой дароз карда дар кунҷи хона мехобид ва қариб ба ҳар мизоҷ аз рўзи ташкил шудани чунин дармонгоҳ то имрўз хештан сабук ҳис карданашро мегуфт ва тарғиб мекард, ки ба ҳар дардманде фаҳмонанд, ки ҷуз дами нафасу оби «суф» кардаи Фолбин-табиб давое нест мизоҷонро. «Очаам хўрдаро гардонад» маслиҳат пурсад ҷавони ба маслиҳат омада, табиб фармояд: «Зудтар модар биовар, то намурад». Гўё мурдани одам мерос набошад ва ў сутуни олам месохта бошад, табиб хандида гўяд: «Дигар касалҳо низ бошанд, биовар ё гўй биёянд; вагарна миранд». Баъд аз олами ҳайвон сухан гўяд: «Ин мушҳо муш не. Ҳамаи ҳаминҳо одам. Қасосу кинаашон сахт. Инҳо рўҳи ҳамонҳое, ки сахт азобу шиканҷа кашида дунёи рўшанро падрўд гуфтаанд; норозӣ аз ин дунё рафтаанд, ки роҳати он дунёро бинанд. Ва ин арвоҳи муқаддас худ наомадаанд, касе фиристода ононро. Имрўз аз кадом мулки барои мо номаълум ташриф овардаанд, то моро ҳамдардӣ кунанд. Вагарна ин уволакҳоро чӣ зарурате буд, ки зери чархи мошинҳо монда замин рангин гардонанд. Ба ҷойи онҳо ману шумо бошем, оби шикам наҷунбонем. «туро газад, маро чӣ ғам?» гўем. Мо ҳамин хел махлуқ. Ҳоо мо дар ҳамин ҷо, гўё дўст; чун аз дар берун шудем, якдигарро нашиносем; аз зиндаву мурдаи якдигар огоҳ набошем. Мо ҳамин хел махлуқ; худи Худо чунин халқ кардааст... Ҳамааш хуб мешавад. Дар кишвари мо дар рўзҳои наздик «Дигаргунии Бузург» мешавад. Шоҳ девони вазиронро нав созад. Аз байни шумо ҳам баъзеҳо бояд дар он ҳайат афтанд; зеро даму нафаси ин пирхона бисёр касонро ба мурод хоҳад расонд... «Худо хоҳад!» фармуд меҳмони нав ва табиб такрор кард: «Иншооллоҳ!» Ботурбой – Ҳазрат оби дами ҳамин ҷоро хўрдагӣ. Дами нафаси ин пирхонаро шунидагӣ. Хабар доред, ки то куҷо расиданд? Намедонед. Чунки Худо шуморо чунин халқ кардааст: мудом дар гиребони хеш ҷо шуда, фақирона умр мегузаронед, то ба кору бори касе ҳамроҳ набошед. Худо чунин касонро нағз бинад ё бад? гуфта натавонад; чунки ҳамааш кори худаш.

пешина
аз 378
навбатӣ