Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Инашро нашинохтам, ҳамсоя.
— Ин кас шўйи ман.
— Вааай!!! Ин хел набуданд-ку? Як бор-ним бор аз тирезаи боло чашмам афтида буд, ин хел набуданд.
— «Одаму либос» гуфтаанд. Ҳамон касу либосашон дигар шудагӣ.
— Ҳааа... Ина бинед-а! Шўйи ман ҳам он қадар хушрў не, лекин бой.
— Шўйи ман хушрў, лекин камбағал.
— Дина миш-миш шуд, ки шўтон ба биҳишт рафта омадаанд, рост?
— Рост...
— Ман бафурсат меоям. Ҳамроҳи мардак. Вай ба ин хел корҳо хуш дорад. Чунки аз ҳамин чиз ёфт. Бо ёрии «куфу суф» ва «кўрхатҳо»-и Табиб...
— Ташаккур, янгаи азиз... Лекин як бор хабар нагирифт. Дар никоҳи зани ҳафтумаш хабар карда буд...
— Кадом ҳафтум?
— Номашро намедонам. Хонааш дар Сунбула. Як қасри баланд; аз ин бинои шумо ҳам баланд.
Ҳамсоязан аз омаданаш шодон нашуд, балки як чиз ба гулўяш панҷа зад ва ў онро молида-молида то хонааш рафт; баъд чӣ шуд?
Худаш донаду Худо...
Аммо Ботурбой тамоман одами дигар шуда буд; агар Фолбин-табиб намебуд, маълум нест, ки Саврӣ бо ў чӣ кор мекард.
Дуздида-дуздида ба ў менигарист, ки наход Ботурбой ҳамин марди салладори сафедпўш, навриш ва дар пой сарипойидошта бошад?
Дигар хел метобад: аз зери куртаи сафеди аз зону поён шиками дамидааш аён, ки ба ҳазор дастмол шикам доштанаш маълум намегашт. Либосҳояш ҳам чунин оҳарии бегарду доғ ва чунин утизада набуд. Дар даст тасбеҳ ҳам надошт. Ягон бор чунин – аз зери абрў нигоҳ карданашро зан надида буд; балки бепарво мегашт ва чунон мепиндошт, ки на олам вуҷуд дораду на одам; ҳамин хел як саҳро, дар он ҳама ҷондорҳо меҷунбанд; аз ҷумла одам ҳам.
Ҳама ҷонварони рўйи Замин мехўранд; аз ҷумла ў ҳам; ҳама ҷонварон муҳаббат доранд, ў низ ҳам. Муҳаббаташ Саврист; барои ў мурданӣ буд ва ба хотири ў зиндагӣ мекард. Аммо эҳтиромашро баҷо оварда наметавонист. Зеро хешро бекас, нодор, фурўтан ва собир дарёфта буд: «Худо дораму Саврӣ» мегуфт. Ва то ҳол касе қиссаи ишқу ошиқии онҳоро намедонад ва эшон ба касе роз нагуфтаанд. Одам ҳам ин қадар пурбардошт мешудааст!
— Инак як сари қадам ба кулбаи ғарибонаи мо медароед!

пешина
аз 378
навбатӣ