Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун аз болойи кран, ки ягона ҷойи ғамбурории Ботурбой буд, даруну буруни ҳавлӣ метобад ва даробарои Саврӣ ба кулба равшан дида мешавад. Барои Ботурбой ҳам хуб шуд, ки рўйи кран баромада пойҳояшро аз сўрохӣ дароз карда, бар суфачаи оҳанӣ мешинад ва дар ҳамон куртаи садбаргӣ Савриро дида ҳавасаш меояд, ки дигар ҳеҷ марди рўйи Замин ин хел ёри мувофиқ надорад; ҳатто Маҷнун.
Чун ҳавлӣ бедарвоза шуд, харидор пайдо кард: ҳамсояҳои баландошёна меомаданд: «Ҳамсоя, чоқам-ба шумо кўчиданӣ. Ҳамин хоначетона ба мо фурўшед. Мо гаражи мошин карданӣ».
— Мебинед-ку, дар ин ҳавлӣ мошин намеғунҷад.
— Мо ҳамаро канда, барои мошин як гаражи дуқабата месозем; ҳама дида ҳайрон мешаванд.
— Гўед, ҳама ҳайрон нашаванд, ин хонаи мо не!
— Аини кӣ?
— Аз они апаи хўҷаин.
— Ба ҳамон апаи хўҷаин гўед, фурўшад, чӣ-қа пул хоҳад, медиҳем. Ё ягон хона харида медиҳем.
— Мо як маслиҳат карда бинем-чӣ...
— Шумо ҳамин хел зани нозанин бехонаву дар гаштед? Як подшоҳа занаш-у?
— Кори Худо...
— Э бед монед; ҳамун болойи кран баромада ашўла мехондагӣ шўйи шумо?
— Не, шўйи шумо?
— Чӣ хел?
— Шўйи ман ашўла намехонад. Ба худ гирифтор...
— Чӣ хел?
— Ҳамин хел ба касе кор надорад. Шумо ягон каси дигарро дидаед.
— Не, шўйи шумо гуфтанд. Ҳамун безебак-а? Боз гуфтанд, ки ба шумо рашк бурда, банг зада болойи кран баромада ашўла мехонад: «Ту зебойӣ, ту яктойӣ, барои он ки зиёд насўзам, худамро аз ҳамин баландӣ партофта мекушам!»
— Ман намефаҳмам нияти шуморо: шумо ҳавлихарӣ омадед ё таъназанӣ?
— Таъна не, дилам ба шумо месўзад.
— Дилатон ба ман насўзад. Дилатон ба худатон сўзад, ки ин биноҳои баланд чаппа мешаванд, вале ин кулбаччаҳо боқӣ мемонанд.
— Чӣ гуфтӣ? Чӣ гуфтӣ?! Аз даҳанакат бод барад. Ун хонаҳо бо пули ҳаққу ҳалол баланд шудаанд, барои чӣ чаппа мешудаанд?!
— Пули ҳалолаш пули ҳамон ордак аст?

пешина
аз 378
навбатӣ