Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ё касбаш тақозо кунад, ки асрори кўҳҳоро ҳувайдо кардан манъ аст. Писар бештар аз дигарон дар ин бора фикр мекунад ва бо мардони деҳа муқоиса менамояд, ки чаро дигарон чун падари ў нестанд. Миёни мардон баландсадо, пургўй, бефаровездаҳон, лаққӣ, фач, гоҷ, шаттоҳ, лофакӣ, бемулоҳиза, хушгўй, дурўғгўй, даҳонкалонҳо ҳастанд...
Аммо падар ҳар чӣ дорад дар дилаш; дар бораи он мардон фикр ҳам намекунад, кордор ҳам намешавад. Зиндагӣ дигар аст; одам будан дигаргуна аст, одамгарӣ баландтар аз одам будан аст; некӣ кардан осонтар аз бадӣ кардан аст. Аммо касе некӣ кардан намехоҳад. Дасташ, пояш, нигоҳаш, дилаш сўйи бадӣ меравад. Ҳол он ки некӣ дар таги дасташ.
«Ў дигар хел, падари ман тамоман дигар хел; гўё дар ин обрав зода нашудааст, балки аз кадом сайёра омадааст, ки гапро ҳеҷ медонанд; ҳама корро хомўшона, ором ва аз рўйи ақлу фаросат сомон мекунанд. Дар китобҳо мешаванд чунин касон, дар баъзе филмҳо. Балки дар китобу филмҳо падари ман барин касонро дида, нақш меофаранд. Воқеан ҳам ман геолог мешавам. Ва ҳоло чизе намегўям, ки барои чӣ? Намегўям, ки бо таъсири падарам ва ё барои сарвати зери кўҳҳоямонро кор карда баромадан. Падарам ҳоло чунин корро иҷро мекунад. Субҳ надамида баромада меравад ба кўҳи Чашма, ба Мушистон. Ва баъди як ҳафта бармегардад.
Он рўз ид аст дар хонадони мо. Касе аз фарзандон боодобтар, хубтар, коргар ва худкор бошад, рўйи зонуи падар мешинад. Ин мукофот аст. Пас фарзандон кўшиш мекунанд, аз ин мукофоти олӣ бенасиб нагарданд. Баъд падар бонавбат фарзандони хубро рўйи зону гирифта ба банди дил пахш мекунад; аз паси гарданаш бўй мекашад, аммо чизе намегўяд. Гўё садояш барояд, ҳама расму русум ва оҳанги тарбия вайрон мешуда бошад. Чунки дигарон бо доду вой, сахт гуфтан ва дашному дўғу пўписа фарзанд калон мекунанд. Падари ман дигар хел одам. «Баччаи хушзеҳн ҳамаашро мефаҳмад» мегўяд. Ва гоҳи аз хона баромада кўҳи баландро рост шуда конкобӣ рафтан ба модарам ягон ҷумла мегўяду меравад.
Ҳамон ҳам ниҳоят паст, ки мо фарзандон чизе намешунавем...
Баъд аз муомилаву гуфтору рафтори модар пай мебарем, ки падар дар як ҷумла чӣ гуфта будааст. Ҳар чӣ падар мехоҳаду гуфта наметавонад, модар мегўяд: дар бораи гуфтору рафтору кирдор.
То омадани падар чӣ корҳоро бояд иҷро кард. Ҳафтаи дигар, сар мешавад кори дигар. Корҳое ҳастанд, ки бе иштироки падар сомон намешаванд, зеро мо ҳоло кўдакем. Наим аз Ҳалиму ман бузургтар – дар сол ҳам, дар тану тўш ҳам. Кишту кори ҳавлиро бояд падар фармояду мо иҷро кунем: хурдиро бағал мегираду сари марза менишинад ва ба мо мефармояд, ки заминро побел кунем.
Аввал як раҳ. Баъд мефармояд, ки порўи порсоларо бо замбару замбарғалтак кашонда, ба замин резем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё