Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Беҳтар буд, агар ҳамон оҳанпо пеш аз дидани чунин тўҳматнома бомро ба сарамон гардонида маҷақу пачақ мекард, рўдаву рўбчакамонро мебаровард, то мушони дупоро дидана; то ҳарфҳои шикамбадорони дурўғгўйро шунидана...
Ягон кас ҳаст?! Фармон медиҳам: даҳон ба даҳон телефон карда Ҷосуро пайдо кунед! Ҳамаатон дандонҳоро сўҳон занед! Чарх доред! Ба ҷанги Қасос омода гардед! Гирду атрофи Телегоҳро мушхона кунед! Онҳо гуноҳи худро ба гардани мо бор мекунанд.
Ҳол он ки мо дар умрамон оҳан нахўрдаем. Аз гушнагӣ мурем ҳам намехўрем!...»
«Ман омадам, Олампаноҳ!»
Ҷосу аз як роғи мушдаро, ки барои даробарои Росу омода карда буданд, фўк дарун карда фармуд. Бо он андеша гуфт, ки набудани барқу чароғро, Росу албатта, кори ў медонад.
«Чӣ овардӣ?»
Низ фўк ба сўрохии он тараф монда пурсид ў ва як ришта нуре, ки ба зерхона даромада чангу ғуборро чун оҳанг дар он тор бозӣ медоронд, барҳам хўрд.
«Чизе, ки шумо дар назар доред, Олампаноҳ, дар рўйи олам нест! Лекин он ки шуморо дар торикӣ нигоҳ медорем, ин кори мост».
«Нагўйӣ ҳам донистам, ки ин кори туст!»
«Нахостам, ки шумо он тўҳматномаро дида, пурғам шавед!»
«Ҳардуямон як хел фикр мекунем... Даро!»
Ва даромад Ҷосу. Мушон дар торикиҳо ҳам якдигарро дида, шиносанд.
«Ба назарам, сафедтар шудайӣ, Ҷосу»
«Сафед не, Олампаноҳ. Шояд ранги рўям парида бошад. Чунки дар арра кардани кабели зеризаминӣ сахт азоб кашидем; чанд нафарро талаф ҳам додем. Барқ зада кушт. Зеро ҷараён пуршиддат будааст. Инро ба мо як мутахассиси таҳҷойӣ, ки низ намоишро дида, алам кашидааст, гуфт. Маслиҳат дод, ки аввал аз саргаҳ дастгоҳро хомўш кунанд, сонӣ ба ин корҳо даст зананд. Ба гуфтан гуфту... метарсам, ки ба даст афтад, истинтоқ кунанд, моро фурўшад...»
«Натарс! Ман ҳастам. Илоҷ меёбем. Қасри зеризаминӣ қариб тайёр шуд. Ба он ҷо мекўчем.»
«Ба сарам як андеша омад, ки бояд шабохун занем. Мо дар торикӣ хуб мебинем. Ба тамоми хонаҳо даромада, то рўз симфония менавозем. Беамон ғорат мекунем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор