Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Номбурда ягон иморати нав ҳам насохтааст. Дарун-беруни хонаву оғилу каҳдонашро дида баромадем, умуман мехи оҳанӣ вуҷуд надорад. Биноҳои баландошёнаи дар Даврони Гузариш харидааш оҳаниву бетонӣ буда дар он ягон мех истифода нашудааст. Дар хонаҳое, ки занҳои дувуму саввумаш зиндагӣ мекунанд ва худаш гоҳ-гоҳ он ҷо меравад, ягон мех ба чашм нарасид. Мех ҳаст албатта. Лекин мехчаҳои хурдаи барои доштани шишаи тирезаҳо кўфташуда; гулмех, барои либосовезӣ дар девори ҳаммом; дар болорҳо барои ангуровезӣ.
(Падари зани наваш токпарвар будааст.) Фақат, ба тариқи истисно, якто мехи нави андозааш дар парванда нишон додашуда (истеҳсоли хориҷӣ, нав)-ро пайдо кардем, ки дар тори сари мудир, яъне дар девори болойи сари Хуро кўфта шуда. Дар он сурати доҳие овехта шудааст. Ин дуздӣ не, аз рўйи эҳтиром. Ҳар шаҳрванди хоки мо бояд ин корро кунад. Мўҳтрам судя! Поруро кофтан гиред, бўяш зиёдтар мебарояд».
Додвар: «Танаффус!»
Оинаи нилгун гоҳи танаффус рақсу сурўд намоиш дод.
Аммо мушон хоҳиши тамошо надоштанд. Росу ғазаб карда буд, ки бори маломат ба сари онҳо бор карданд: «Худатон дидеду шунидед-а? Кор то ҷое расидааст, ки гуноҳбардор ҳам шудем.
Гунаҳгоронро бегуноҳ мегардонем. Ман то ҳол ба шумо мегуфтам, ки мо дузд нестем; насибаи аз тарафи Худованд расидаро мегирем. Чунон мегирем, ки соҳибхонаҳо ва соҳиби чизҳо малол нагардаднд. Ҳатто пай набаранд, ки мо аз лаби ягон чиз насибаамонро пучидаем. Лек чунон ки тонна-тонна мехро бурда бошем, дар таърих нашудааст. Мо иморатҳои худро бе чўбу мех ва ҳатто бе гаҷу семент месозем; оҳан ҳам лозим нест. Вале онҳо тўҳмат мезананд ба сари мо, ки мех дуздидаем. Бозургон нестем, ки аз шаҳре ба шаҳре мол барем. Дар бозор ҳам шишта наметавонем, ки дона-дона ё бандча-бандча мех фурўшем. Ин рўзи сиёҳи мост, ки дар ҳаққамон мегўянд. Бадном мекунанд. Аз ҳама гуна заҳру дом ё минаву мушхорҳое, ки дар сари роҳу хафолу сўрохҳо мегузоранд ё партобгоҳҳоро заҳролуд мекунанд, ин тўҳмат ҳалоҳилтар аст. Росташро гўям, ба ман сахт расид. Таги панҷоҳ рафта ин хел тўҳмати ноҳақро нашунидаам. Лекин шунида будам, ки ҷанубтар аз мо як зангӣ оҳан хўрда ҳазм мекардааст. Кадом муш мех хўрдаааст? Он мехҳоро мо хўрем, бубахшед, аз даҳонамон даромада, аз таги думамон мебарояд. Онҳое, ки либоси муш пўшида мех кашониданд, дупо буданд; росто мегаштанд. Кадоме аз шумо чунин мехро дидаед ва ҷойи пинҳонкардаи онро медонед? Аз хомўшиатон маълум, ки намедонед!..»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор